Мнение:

Фазои Тоҷикистони азизи мо ғуборолуд гардидааст. Бекорӣ, ноумедӣ, муҳоҷирати оммавӣ, мавҷуд набудани шонс ба ҷавонон барои таъмини як зиндагии арзишманд ва озодона, мушкилоти ҳар хонадон гардидааст. Камбағалӣ, эҳтиёҷ, гуруснагӣ дар мекӯбад. Ватани моро на ин ки хатаре таҳдид мекунад, балки дар дами марг қарор дорад. Оё мутаваҷҷеҳи он ҳастем?

МУРОҶИАТНОМА ба мардуми Тоҷикистон


Бародарон ва хоҳарони арҷманд!

Ҳаммиҳанони гиромӣ!

Фазои Тоҷикистони азизи мо ғуборолуд гардидааст. Бекорӣ, ноумедӣ, муҳоҷирати оммавӣ, мавҷуд набудани шонс ба ҷавонон барои таъмини як зиндагии арзишманд ва озодона, мушкилоти ҳар хонадон гардидааст. Камбағалӣ, эҳтиёҷ, гуруснагӣ дар мекӯбад. Ватани моро на ин ки хатаре таҳдид мекунад, балки дар дами марг қарор дорад. Оё мутаваҷҷеҳи он ҳастем?

Ҳеч кас ҷуръати ҳарф задан аз мушкилотро надорад. Касе сар боло кунад, сарашро бар бод медиҳад. Касе сухани ростинро гӯяд, душман эълон мешавад. Худованд ва худатон шоҳидед, ки зиндагии мо ба чӣ табдил шуда, ба як калима, ба дӯзахи рӯи дунё! 

Ояндаи даҳшатбор фарзандони моро дар интизор аст; ояндае, ки ислоҳи он бисёр сахт ва душвор аст. 

Ҳукумати кунунӣ на ирода дорад, ки вазъро тағйир бидиҳад ва на тавонашро дорад. Гузашта аз ин, рӯз то рӯз бештар кишварро ба варта тела медиҳад, тамоми сарвати кишвар ба ҷайби як хонадон меравад. 

Система ва сохтори кунуниро агар имрӯз худи мо, бале мову шумо, дигар накунем, фардо дер мешавад. 

Танҳо роҳе, ки метавонад моро аз марг ва ин нобудии тадриҷӣ наҷот бидиҳад, ба ҳам омадани тамоми нирӯҳои ислоҳотхоҳу дилсӯз ва фаъолона садо баланд кардан, аз ҳолати бетарафӣ ва бетафовутӣ берун шудан, фишор овардан бар режим ва водор кардани ҳукумати кунунӣ ба ИСТЕЪФО аст. Дигар роҳе намонда. 

Биёед дар зери парчами Анҷумани нирӯҳои созандаи Точикистон саф бикашем ва ҳама бо ҳам даст ба эътисоб ва коршикании саросарӣ зада, гуруснанишинӣ, пикет ва гирдиҳамоиҳо созмон диҳем. Аввал дар сатҳи рустою ноҳияҳо, сипас митинги умумимиллӣ дар шаҳри Душанбе ба роҳ андозем. 

"Аз дасти як ман чӣ меояд?" - ин суолро бисёр шунидаем ва шумо низ шунидаед. 

Бале, як кас наметавонад харсанги азимеро аз сари роҳ бардорад. 

Аммо агар мо панҷ кас шавем, даҳ кас шавем, сад кас шавем, ҳазор кас шавем, сад ҳазор кас бишавем, кӯҳи азимеро низ метавонем барканем. Дар ҳадиси ҳазрати Паёмбар (с) ҳам омадааст, ки "Дасти Худо бо ҷамоат аст". Аз мо фақат як хостан ва ирода кардан лозим асту бас, ва чӣ гунае ки гуфтаанд, "Хостан тавонистан аст". 

Агар метавонед, мақола нависед, шеър эҷод намоед, суруд иншо кунед ва бо ин кор, яъне бо забони худ, ба мо бипайвандед. 

Агар олим ё руҳониед, бо даъвату насиҳат ба мо бипайвандед. 

Агар дар хориҷ аз кишваред, дар назди сафоратхонаҳо бо шиору лавҳаҳои эътирозӣ бароед. 

Агар тоҷиру сарватмандед, ба зиндониён ва хонаводаҳои маҳбусони сиёсӣ кӯмак намоед, ба матбуоти озоду расонаҳои мустақил ёрӣ расонед. Ва мо низ имрӯз, барои таъсиси як телевизиони мардумӣ, ки дарди дили мардумро бигӯяд, ба кӯмаки шумо ниёз дорем. 

Дунё дунёи бераҳм аст. Ҳеч кас ва ҳеч кишваре парвои мо надорад. Агар мо сарнавишти худамонро ХУДАМОН ба даст нагирем, касе ашки моро пок нахоҳад кард, касе бурдае нон ба мо ҳадя нахоҳад кард, касе фарёди моро, нолаи моро нахоҳад шунид. 

Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон фақат як маромнома ва як барнома дорад: ба сари қудрат овардани як ҳукумати адл ва мардумсолор, дигар хеч! 

Ҳукумате, ки худи шумо интихоб хоҳед кард. 

Ҳукумате, ки вазифааш танҳо хидмат ба мардум асту бас! Хукумате, ки танҳо як сервис ва идораи хидматгузор барои халқ хохад буд, на беш аз ин. Ва шумо ҳар гоҳе хостед, метавонед ба ин ҳукумат хайрбод кунед ва нафарони дигарро барои мудирият баргузинед. Соҳиб ва Ҷаноби Олии ин ҳукумат шумо хохед буд, на як фард! 

Мо бо ҳар як нафаре, ки ба мо мепайвандад, паймоннома имзо хоҳем кард. 

Ба ҷуз аз имзо, мо бо номи худ кафолат медиҳем, бо виҷдон ва ҳаёти худ кафолат медиҳем, ки заррае ба шумо, заррае ба Ватани худ, заррае ба аҳду паймони худ хиёнат нахоҳем кард! Ин савганди мост! 

Азизони ман! Фаромӯшатон нашавад, ки:

Агар имрӯз фарзанди якеро дар аскарӣ куштанд, фардо фарзанди дигареро мекушанд, ки шояд фарзанди шумо бошад.

Агар имрӯз духтари якеро бадном карданд, рӯзи дигар навбати духтари дигарест, ки шояд духтари шумо бошад. 

Агар имрӯз тиҷорати якеро гирифтанд, фардо тичорати дигареро мегиранд, ки шояд мутаъаллиқ ба шумо бошад.

Агар имрӯз ҳамсояатонро бе гуноҳ ба зиндон афканданд, фардо дари дигареро мекӯбанд, ки шояд дари шумо бошад.

Агар имрӯз риши якеро ба зурӣ тарошиданд, фардо сартарошон риши дигареро хоҳанд тарошид, ки шояд азони шумо бошад.

Агар имрӯз мурдаи як ҷавони муҳоҷирро оварданд, фардо тобути шоҳписари киро хоҳанд овард? Оё эҳтимол надорад, он тобут аз писари шумо бошад?!


Додоҷон Атовуллоев, роҳбари Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон

Берлин, Олмон

21.10. 2015

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты