Баёнияи Шӯрои раҳбарии “Гурӯҳи 24”


Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Шӯрои раҳбарии “Гурӯҳи 24” дирӯз (11 марти соли 2015) нахустин ҷаласаи худро пас аз шаҳодати Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов баргузор намуд. Дар оғози ҷаласа, пас аз қироати Фотеҳа ба руҳи поягузори ин ҷунбиш Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов, Шӯро бар идомаи роҳи он шаҳид таъкид карда,стратегияи ояндаи ҷунбишро тарсим намуд ва таъкид гардид, ки “талош барои бедорсозии мардум, ифшои ҷиноятҳо, хиёнатҳои режими хуношоми Раҳмону наздиконаш ва муборизаи мусолиҳатомез барои барқарории адолати сиёсию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон”, аз муҳимтарин самтҳои стратегияи ин ҷунбиш дар оянда ба шумор мераванд. Ҳамчунин дар ин ҷаласа, хитобан ба мардуми шарифи Тоҷикистон, хусусан, шахсиятҳои матраҳи ҷомеаи кишвар ва аҳзоби сиёсӣ таъкид гардид, ки “мо, мардуми мазлуми Тоҷикистон дар роҳи мубориза барои барқарории адолати ҳамаҷониба ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ дар кишвари азизамон, роҳе ҷуз иттиҳод ва иқдоми амалӣ дар чорчӯби қонунҳои байнулмилалӣ надорем.” Дар идомаи ҷаласа, бо раъйи аксарияти Шӯро, Шарофиддин Гадоев ба унвони раҳбари ҷадиди ин гурӯҳ ва сухангӯи он ва Собир Валиев ба ҳайси муовини ӯ интихоб гардиданд.
(Дар пайвасти ин баёния шарҳи ҳоли ин ду шахсият оварда хоҳад шуд.) Пас аз интихоб шудан ва қабули ин масъулият, Шарофиддин Гадоев ва Собир Валиев, ҳар ду дар баробари аъзои Шӯрои раҳбарии ҷунбиш аҳд бастанд ва савганд ёд карданд, ки роҳи шаҳид Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватовро идома дода, дар роҳи амалӣ гардонидани ҳадафҳо ва ғояҳои ин ҷунбиш тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ хоҳанд дод.
Пайвасти рақами 1: Шарҳи ҳоли Шарофиддин Гадоев
Гадоев Шарофиддин Мирзоевич дар санаи 19 майи соли 1985 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва дар як хонаводаи тоҷик чашм ба дунё кушод. Аз соли 1992 то соли 2003 дар мактаби миёнаи Абдураҳмони Ҷомии ин ноҳия таҳсилоти миёнаи худро хатм намуд ва таҳсилоти олии худро аз соли 2004 то 2009 дар Донишгоҳи ДДМҶТ дар риштаи ҳуқуқшиносии байналхалқӣ ба итмом расонида, ҳамчунин дар соли 2014 курси кӯтоҳмуддати мудирияти сиёсиро дар кишвари Испания ба хатм расонд. Аз соли 2003 то 2012 ба тиҷорат машғул шуда ва ба воридоту содироти маҳсулоти тиҷорӣ пардохт ва дар давоми корҳои тиҷории худ дар соли 2010 ширкати тиҷории «ҶДММ Голд Тур Транс”-ро таъсис дода, дар симати сармоягузор ва Директори генералии ин ширкат машғул ба кор буд. Баъд аз фишорҳои зиёд ва ғасби молу амволаш аз тарафи Соҳибов Шамсулло - яке аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмон, кишварро тарк намуда, ба кишвари Россия сафар намуд. Гадоев дорои ҳамсар ва чанд фарзанд буда, ба ғайр аз забони модарӣ, бо забонҳои испониёӣ, олмонӣ ва русӣ сухан мегӯяд. Дар соли 2011 узви “Гурӯҳи 24” (ки он замон ба сурати махфӣ дар дохили кишвар таъсис шуда буд) гардида, аз соли 2013 аз тарафи Шӯрои гуруҳ ба унвони муовини сардори гурӯҳ шаҳид Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов интихоб гардида, то имрӯз фаъолият мекунад. Шарофиддин Гадоев бо иттиҳомоти беасоси режими Тоҷикистон таҳти пайгайрди пулиси байналмилал (Интерпол) қарор гирифт ва дар санаи 3 феврали соли 2014 дар кишвари Испания дастгир шуд. Дар санаи 22 июли 2014 аз сӯи додгоҳи шаҳри Мадриди Испания бегуноҳ ташхис дода шуд.

Пайвасти рақами 2: Шарҳи ҳоли Собир Валиев

Валиев Собир санаи 3 апрели соли 1988 дар шаҳри Душанбе дар як хонаводаи тоҷик таваллуд ёфтааст. Маълумоташ олӣ, мутахассис дар умури муносибатҳои бозаргонӣ ва соҳибкорӣ . Оиладор, соҳиби се фарзанд. Донандаи забонҳои русӣ ва туркӣ. Аз соли 2006 ба корҳои тиҷоратӣ машғул мебошад. 


Узви Шурои сиёсии "Гурӯҳи 24" .

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты