Мнение:

Дар Россия тоҷикон таҳқир мешаванд, тавҳин мешаванд ва ҳуқуқашон поймол мешавад, вале режими Раҳмон ба ин ҳеч аҳаммияте намедиҳад. -- В России таджиков унижают, оскорбляют и ущемляют их права, но режим Рахмона не обращает на это никакого внимания.

Шарофиддин Гадоев: Клянусь продолжать дело героически погибшего Умарали Кувватова! (на русс��ом и таджикском языках)

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Ассалому алайкум ҳамватанон ва ҳамдиёрони азиз!

Дар оғози ин суханронии кӯтоҳам, лозим аст ишора бикунам, ки мутаассифона муддате пеш “Гурӯҳи 24” муассис ва раҳбари худ Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватовро аз даст дод. Қотилони ин шаҳиди роҳи озодии Тоҷикистон ва касоне ки дар пушти пардаи ин қатл истодаанд, бе ягон шакку шубҳа душманони қасамхӯрдаи миллати ғаюр ва сарбаланди тоҷик ба шумор мераванд. Зеро танҳо хостаи шаҳид Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов ин ободӣ ва пешрафти кишварамон буд ва инро ҳамаи касоне ки суханрониҳои он шаҳидро гӯш додаанд, медонанд.

Таҳқиқоти ҷории полиси Туркия дар ин масъала нишон медиҳад, ки дар пушти террори ноҷавонмардонаи шаҳид Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов режими Эмомалӣ Раҳмон меистад. Вақте таҳқиқот дар ин масъала такмил шуд ва ҷузъиёти он бароямон маълум гардид, ҳатман ба самъу назари ҳамминонамон онро мерасонем.

Бо истифода аз ин фурсат, иҷозат диҳед ба чанд нуктаи муҳим ишора кунам:

Якум: Бо вуҷуди ин ки шаҳодати Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов бароямон бисёр сахт аст ва ҷои ӯро касе наметавонад бароямон пур кунад, вале “Гурӯҳи 24” як лаҳза ҳам аз талош ва муборизаи худ барои расидан ба ҳадафҳояш дастбардор нахоҳад буд.

Мо, аъзо ва ҳаводорони “Гурӯҳи 24”, роҳи он шаҳидро, ки озодии Тоҷикистон аз асорати як шахси худкома ва диктатор ва хонаводаи ӯ ба шумор меравад, бо тамоми ҷиддият идома хоҳем дод.

Банда, ба ҳайси раҳбари ҷадиди ин гурӯҳ, дар баробари шумо ҳаммиҳанони азизам савганд ёд мекунам, ки тамоми саъю талоши худро ба харҷ хоҳам дод, то ҳадафҳои “Гурӯҳи 24”, ки озодӣ, ободӣ, пешрафт ва сарбаландии Тоҷикистон ва миллати ғаюри он аст, ҷомаи амал бипӯшанд.

Дуюм: Ҳамон тавре ки ҳаммиҳанони азизамон медонанд, режими Раҳмон, дар як тасмими иштибоҳ ва нодуруст, “Гурӯҳи 24”-ро ҳамчун як гурӯҳи “экстримистӣ” эълон кардааст. Дар ҳоле ки ин режим ягон мадрак ва далел барои ин тӯҳматаш нисбати ҷунбиши мо дар даст надорад ва ҳар чизе ки эълон мекунад, сохта ва бофтаҳои худаш мебошад. “Гурӯҳи 24” дар муддати фаъолияти худаш то ба ҳол ба ягон амале даст назадааст, ки битавон ба он унвони “экстримистӣ” гузошт.

Бале, мо рафтани ин режимро мехоҳем ва инро пинҳон ҳам намекунем. Вале дар куҷои дунё онҳо дидаанд, ки мухолифи сиёсатҳои як режим будан, ин маънои “эктримист” буданро доштааст?

Экстримист ва террористи воқеӣ худи ин режим ба саркардагии Раҳмон аст, на дигарон. Ин режими Раҳмон аст, ки мухолифони сиёсии худро мекушад, ба қатл мерасонад, бо заҳр аз байн мебардорад, бе ягон иттиҳом онҳоро ба зиндон меандозад.

Дар воқеъ, террорист ва экстримист буданро амали як шахс ва як гурӯҳ мушаххас мекунад, на тӯҳматҳои нораво. Аз ин рӯ, он чӣ дар амал дида мешавад ин аст, ки террорист ва экстримисти ҳақиқӣ ин режими Раҳмон ва муздурони ваҳшии ӯ будаанд, ки мухолифони сиёсиро ба қатл мерасонанд, онҳоро таҳдид мекунанд, дар дили хонаводаҳо ва наздикони мухолифон руъбу ваҳшат меафкананд.   

Мо қаблан ва дар замони шаҳид Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов инро борҳо эълон карда будем ва ҳоло низ бори дигар онро таъкид мекунем, ки “Гурӯҳи 24” бо ҳар гуна иқдомҳои ифротгароёна ва террористӣ мухолиф аст ва чунин иқдомҳоро шадидан маҳкум мекунад. “Гурӯҳи 24” фақат мухолифати мусолиматомез бо режими диктатории Раҳмонро равиши худ медонад.

Сеюм: Мо мардумро аз зулмҳо, ситамҳо, ноҷавонмардиҳо, ришвахориҳо ва фасодҳои ин режим ва дар раъсаш Раҳмон ва хонаводааш огоҳ мекунем. Ва бо роҳҳои мусолиматомез Раҳмонро водор ба тарки мақом хоҳем кард. Зеро Раҳмон шоистаи раиси ҷумҳур будан барои миллати сарбаланди тоҷик намебошад. Тоҷикон дар таърихи худ ҳаргиз ғуломи ҳеч қудрате набуданд, вале дар замони ҳукумати Раҳмон мутаассифона ӯ миллати моро ба як миллати вобаста ва ғулом табдил кардааст. Дар Россия тоҷикон таҳқир мешаванд, тавҳин мешаванд ва ҳуқуқашон поймол мешавад, вале режими Раҳмон ба ин ҳеч аҳаммияте намедиҳад.


На русском языке:

Бисмиллохир Рахмонир Рахим.

Здравствуйте, уважаемые соотечественники и земляки!

В начале моего короткого обращения, хочу отметить, что, к сожалению, «Группа-24» некоторое время назад потеряла своего основателя и руководителя Умарали Кувватова. Убийцы этого героически погибшего борца за свободу Таджикистана и те, кто за ними стоят, без всякого сомнения, являются отъявленными врагами  гордого таджикского народа. Как бы то ни было, единственным стремлением Умарали Кувватова было процветание и развитие нашей страны, и об этом знают все, кто слушал и внимал его речам и обращениям. Текущее расследование турецкой полиции по факту убийства Умарали Кувватова показывает, что за этим низким и бесчеловечным актом террора и насилия, стоит режим Эмомали Рахмона. В процессе продвижения расследования по этому делу, нам становятся известны новые детали, и мы обязательно будем выносить их суд общественности. Пользуясь случаем, я хочу подчеркнуть несколько важных моментов:

Первое: Несмотря на то, что гибель Умарали Кувватова является тяжелым ударом для всех нас, и вряд ли кто-то способен заменить его в полной мере, «Группа-24» не отказывается от продолжения борьбы для достижения целей и задач, поставленных Умарали Кувватовым. Мы, члены и последователи «Группы-24», всеми силами и средствами будем продолжать следовать курсу борьбы за освобождение Таджикистана от режима диктатора и его семьи, на который направил нас Умарали Кувватов. Как лидер этой группы, я торжественно клянусь, что приложу все свои силы для того, чтобы цели «Группы-24»: свобода, благополучие, развитие и процветание Таджикистана и его отважного народа, были непременно достигнуты. 

Второе: Как нам всем известно, режим Рахмона, на основании противозаконного и бездоказательного решения, объявил «Группу-24» как «экстремистскую» организацию. По той причине, режим не имеет в своем распоряжении никаких оснований и доказательств в обвинении нашего движения, все решения, о которых он объявляет, являются сфальсифицированными, не имеют никаких под собой оснований и являются чистой воды клеветой. «Группа-24» на протяжении всей своей деятельности никогда не давала никакого повода для того, чтобы можно было назвать её «экстремистской». Естественно, мы хотим отставки этого режима и не скрываем этого. Но где в мире это видано, чтобы быть политическим противником какого-то режима было равнозначно тому, чтобы быть «экстремистом»? 

Настоящие экстремисты и террористы – это представители этого режима под предводительством Рахмона, а не кто-то еще. Это режим Рахмона устраняет своих политических оппонентов путем отравления, заказных убийств или лишения свободы без всяких на то оснований. Ведь на самом деле, кто есть экстремист и террорист, доказывает не безосновательная клевета, а поведение и поступки человека или группы лиц. Таким образом, исходя из того, что происходит на самом деле, можно сделать вывод, что настоящий терроризм и экстремизм практикует режим Рахмона, нанимая наёмных убийц для ликвидации политических оппонентов, угрожая им, вселяя страх в сердца их родных и близких. 

«Группа-24» заявляла когда Умарали Кувватов был жив, и продолжает заявлять и сейчас, что является противником всех видов экстремизма и терроризма, и категорически осуждает подобные организации и их деятельность. «Группа-24» преследует цель борьбы с диктаторским режимом Рахмона исключительно мирными способами. 

Третье: Мы предупреждаем народ о преследованиях, притеснениях, коррупции и взяточничестве творимых режимом, возглавляемым Рахмоном и его родственниками, и являемся сторонниками смены власти мирным и демократическим путем, потому что Рахмон доказав свою несостоятельность, не заслуживает чести быть руководителем гордого таджикского народа. Таджики на протяжении своей истории никогда не были рабами, но в период правления Рахмона, нас превратили в рабов и зависимую нацию. В России таджиков унижают, оскорбляют и ущемляют их права, но режим Рахмона не обращает на это никакого внимания. 


Шарофиддин Гадоев
_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты