Мнение:

Большое интервью с Шарофиддином Гадоевым, темы: "Конгресс конструктивных сил Таджикистана", "Группа-24", ПИВТ, ОТО, Сарафрози Оламафруз.

Раҳбари “Гурӯҳи 24”: “Дар ҳақиқат мотори ҳаракатдиҳандаи ИНОТ, ҳамин ҲНИТ буд”

Шарофиддин Гадоев, раҳбари “Гурӯҳи 24” дар мусоҳиба бо вебсайти гурӯҳи расонаии “Анҷумани нерӯҳи созандаи Тоҷикистон”, дар бораи он ки гуфта мешавад, ҲНИТ ҳаққи аз номи ИНОТ сухан гуфтанро надорад, гуфт: “Ин сухан хеле сухани носанҷида ва нопухтааст. ҲНИТ дар меҳвари ИНОТ буд, бо раҳбарияти ҲНИТ, ки марҳум Устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ буданд, ин созишнома имзо шуд, яъне раҳбари ҲНИТ дар он замон, раҳбарияти ИНОТ-ро ҳам бар ӯҳда дошт. Дар ҳақиқат мотори ҳаракатдиҳандаи ИНОТ, ҳамин ҲНИТ буд ва имрӯз ҳам ҳамин ҲНИТ боқӣ монд ва дигарон ки қаблан шомили ИНОТ буданд, кам кам аз саҳнаи сиёсӣ ҳазф шуданд.”

Мусоҳиба бо Шарофиддин Гадоев ба шарҳи зерин аст:

— Ассалому алайкум, фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро пас аз шаҳодати Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов чӣ гуна тавсиф мекунед? Пеш меравад?

— Ва алайкум салом, дар бораи ин суолатон, ки “Гурӯҳи 24” имрӯз баъд аз шаҳодати Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов дар чӣ ҳоле қарор дорад, бояд ба ин нукта ишора шавад, ки вақте Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов дар қайди ҳаёт буданд, “Гурӯҳи 24” ба сурати худҷӯш амал мекард. Ҳоҷӣ аз қудрати баёни бисёр болое бархӯрдор буданд ва сӯҳбатҳояшон чун аз дил мебаромад, бар дил менишаст ва ҷавононро бисёр хуб ҷазб мекард. Агар бихоҳем аз нуқта назари ҷомеъашиносӣ инро баён кунем, дар он ҳолат ҳолати зоиши як ҳаракат буд, баъд аз Умаралӣ Қувватов ҳолати шаклгирии ин гурӯҳ аст, мо баъд аз шаҳодати Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов саъй кардем, ба ин гурӯҳ бештар як шакл ва низом тартиб диҳем, бинобар ҳамин он суръате, ки дар замони “зоиш” мушоҳида мешуд, яъне дар замони ҳаёти Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов, камтар шуд, вале Худоро шукр дар ин муддат хеле аз ҷавонони боистеъдод, боирода, дилсӯз ва ватандор ҷазби ин гурӯҳ шуданд ва шиносоӣ шуданд ва дар қадами баъдӣ аз байни ин ҷавонон нерӯҳои таҳсилкарда, нерӯҳои ҷаҳондида, дилсӯз ва фидокор шиносӣ шуданд ва гулчин шуданд ва гурӯҳ ба самти шаклгирӣ рафт. Дар қадамҳои баъдӣ мо чанд гурӯҳ зери як анҷуман ҷамъ шудем, “Гурӯҳи 24”, гурӯҳи “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”, гурӯҳи “Озодӣ ва адолат” ва ҳамчунин ҷунбиши “Ватандор” дар зайли як анҷуман бо номи “Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон” ҷамъ шуданд.

— Гуфтед, “Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон”, ин Анҷуман чаро ташкил шуд? Бо вуҷуди будани гурӯҳҳои мустақил, чӣ ниёзе ба ташкили ин анҷуман буд?

— Ҳадаф аз ташкили ин Анҷуман ин буд, ки тамоми нерӯҳои дилсӯзи Тоҷикистон, нерӯҳое, ки мухолифи ин режими ноӯҳдабаро ҳастанд, зери як парчам гирди як меҳвар ҷамъ шаванд ва бо ҳам ҳаракатҳои ояндаи худро барномарезӣ кунанд, бо ҳам афкори худро радду бадал кунанд ва кайфияти кор ва сифати кор боло равад. Алҳамду лиллоҳ то имрӯз натиҷаҳои хубе дод, мо дар гӯша ва канори дунё митингҳо ва пикетҳое баргузор кардем, дар Олмон, дар Финландия ва ҳамчунин дар оянда дар шаҳрҳои дигари Аврупо қарор аст пикетҳои дигаре иншаоллоҳ баргузор шавад.

Зери як Анҷуман ҷамъ шудани мо, бештар ба ин хотир буд, ки вақте гурӯҳҳо ба сурати пароканда кор мекунанд, таъсирбахшии ин фаъолият камтар буд ва зиёд барномарезӣ шуда набуд. Акнун, ки зери як парчам ҷамъ шудем, тамоми нерӯҳо ва тавони ин гурӯҳҳо дар як мушт ҷамъ шуд ва тасмимоти санҷидатар мегирад, дар натиҷа таъсирбахшии бештаре хоҳад дошт.

— Раҳбари Анҷуман тибқи чӣ меъёрҳое интихоб шуд?

— Бисёр суоли хубе буд, меъёрҳое, ки барои интихоби раҳбари ин Анҷуман мадди назар буд, аввалан таҷрибаи кории бештар, дуввуман машҳур ва маъруф будан дар сатҳи байналмилал, севвуман огоҳ будан аз раванди сиёсии Тоҷикистон пас аз ба истилоҳ “истиқлолият”, бинобар ҳамин тамоми ин гурӯҳҳо ба иттифоқи назар, Устод Додоҷон Атовуллоевро барои раҳбарии ин анҷуман интихоб карданд, чун ки эшон ҳамон тавр ки медонед, аз аввалин рӯзҳои кашмакашҳои дохилии Тоҷикистон дар майдон ҳузури фаъол доштанд ва то имрӯз ҳаргиз мавзеъи сиёсии Устод тағйир накард, ҳаргиз бо Тоғут созиш накарданд ва ҳама медонанд, ки ба унвони як рӯзноманигор ва сиёсатмадори ҳақгӯ ва ҳақҷӯ, дар гӯша ва канори дунё шинохташуда ҳастанд.

— Оё имкони ҷазби гурӯҳҳо ё шахсиятҳои мустақилли дигар дар ин гурӯҳ вуҷуд дорад?

— Суоли бисёр хуберо матраҳ кардед. Бале, дарҳои ин анҷуман бар рӯи тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ва тамоми аҳзоб ва шахсиятҳои мустақил боз аст. Аслан яке аз аҳдофи ташкили ин Анҷуман ҳамин буд, ки битавонад гирди як меҳвар тамоми нерӯҳои созандаи Тоҷикистон ҷамъ шаванд, бинобар ҳамин номе ҳам, ки интихоб шуд, як номи фарогир аст ва қобили татбиқ бо тамоми гурӯҳ ва ҳар ҳизбе аст. Ҳар гурӯҳ ва ё ҳар шахсияте, ки ҳадафи созандагӣ дошта бошад дар Тоҷикстон, худ ба худ дар чаҳорчӯби ин Анҷуман қарор дорад. Албатта агар ҲНИТ ё ҳар ҳизбе ё шахсиятҳо ва гурӯҳҳои дигар майл дошта бошанд, метавонанд шомили ин Анҷуман шаванд, метавонанд дар канори бародарони мубориз бо ҳам муборизаро идома диҳанд.

— Гуфтед, ҲНИТ, назари шумо нисбат ба фишорҳои давлат болои ҲНИТ дар вақтҳои охир чист?

— Хуб, ин ҳам суоли хубе буд. Ҳол ки сӯҳбат аз ҲНИТ пеш омад, чи хеле, ки мебинед, имрӯз режими Раҳмонов бо тамоми бешармӣ, саъй дорад ҲНИТ-ро аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун ронад. То ин муддат хеле коршиканӣ кард, зӯроварӣ кард, фишор овард, шармандагӣ ва шармсориҳо кард, аъзои ҲНИТ-ро бо ҳазору як тӯҳматҳои нораво дар каналҳои расмии Тоҷикистон шарманда мехост кунад, вале алҳамду лиллоҳ масъулони ҲНИТ зиракӣ ба харҷ доданд ва хато накарданд, аз чаҳорчӯби қонун берун нарафтанд. Ҳоло, ки мебинем ҲНИТ аз ҳолати эътидоли худаш берун нарафт, ин режим маҷбур шуд бо як ҳаракатҳои ғайри қонунӣ бо як бешармӣ ва “нагла” ба қавли русҳо мехоҳад ҲНИТ-ро аз саҳна берун кунад.

Имрӯзҳо мебинем, ки дар хеле ҷоҳо мегӯянд, ки ҲНИТ бо сабрпешагияш, аз ҳадафҳои аслии худаш фосила гирифт ва аз ӯҳдаи кор набаромад. Албатта дар нигоҳи аввал, шояд чунин чизе ба назар бирасад, аммо агар бихоҳем таҳлиле амиқтар анҷом диҳем, мебинем, ки иттифоқан ҲНИТ тасмими дурусте гирифт, чун медонист, ки ин режим таҳаммули як рақиби сиёсиро надорад; рақиби сиёсие, ки аз пойгоҳи мардумии хубе бархӯрдор аст, аз эътирофи хуби байналмилалӣ бархӯрдор аст, раҳбарии зиракона ва раҳбари шоистае дорад, бинобар ҳамин хеле ҳарос дошт, барои Раҳмонов як гурӯҳи ифротгаро, як гурӯҳе, ки берун аз чаҳорчӯби қонун фаъолият мекунад, хеле хеле беҳтар аст, то як гурӯҳе, ки сад дар сад дар чаҳорчӯби қонун ва дар ҳолати эътидол фаъолият мекунад. Аз аввал режим мехост, ки як баҳонае ба даст гирад ва ҲНИТ-ро муттаҳам кунад ба як ифротгароӣ ва экстремистӣ ва бо ҳамон тӯҳмат ҲНИТ-ро аз саҳна хориҷ кунад. Аммо имрӯз мебинем, ки ҲНИТ бо сабрпешагии худ тавонист дар ин набард, барги барандаро ба даст бигирад, чун чӣ бихоҳад мӯътадил бошад ва чӣ бихоҳад мӯътадил набошад аз саҳна берун мешуд, ин режими Раҳмонов, ки худаш пойбанд ба қонун нест ҳаргиз таҳаммули як рақиби сиёсии замонавӣ ва модерн ва мутамаддинро надорад.

Бинобар ҳамин, назари банда ин аст, ки ҲНИТ стратегияи дурустро пеш гирифт ва бо сари баланд ва бо забони дароз метавонад бар алайҳи режим иқомаи даъво кунад, чи хеле, ки дидед ба кишварҳои кафили сулҳ ва ба созмонҳои байналмилалӣ, ки ҳозир ва нозир буданд дар ин созишнома, муроҷиат кард ва муроҷиати дурусте ҳам кард. Албатта мебоист, ки зудтар ин корро мекард, иншоаллоҳ умедворем, ки қадамҳои баъдиро ҳам бардорад; чун ҲНИТ воқеан ва қонунан ҳақ дорад ва ин кишварҳое, ки кафил шуда буданд, вазифаи қонунияшон буд, ки бар асоси созишнома ҳар вақт яке аз атроф яке аз маводди созишномаро риъоят накард, ё қонуншиканӣ кард онҳо метавонанд дахолат кунанд.

— Гуфтед, қадамҳои баъдӣ, манзуратон аз қадамҳои баъдии ҲНИТ чист?

— Бале, суоли баҷое кардед. Қадамҳои баъдие, ки интизор меравад ҲНИТ баъд аз ин муроҷиаташ бардорад, яке онҳо ин аст, ки дар яке аз кишварҳои демократӣ, кишварҳои ғарбӣ, як мизи гирде баргузор кунад бо ширкат ва ҳузури кишварҳое, ки кафили ин сулҳ буданд ва дар онҷо тамоми шубаҳотеро, ки то ба имрӯз вуҷуд дорад, метавонад бартараф кунад, метавонад тамоми мадорик ва аснодеро, ки тарафи муқобил яъне режими Раҳмонов, пойбанд набуд ва аҳдшиканӣ кард бо ҳуҷҷату далелу бурҳон баён кунад. Албатта дар онҷо ҳатман аз расонаҳои байналмилалӣ даъват бояд кард ва ин масъала расонӣ бояд шавад. Агар ҲНИТ битавонад дар ҳамин шароити ҳассос як мизи гирде як пресс-конферентсияе бар��узор кунад бо расонаҳо, бо хабарнигорон, бо ширкати кишварҳои кафил, бовар кунед метавонад як зарбае бар ин режим ворид кунад, ки дар тӯли ин муддат ҳарчӣ фаъолият карда буд бо он баробарӣ намекунад. Бо ин кор, дар ҳақиқат “Як задани оҳангар, сад задани сӯзангар” хоҳад буд, ин яке аз иқдомоти зарурие аст, ки интизор меравад аз ҲНИТ пас аз ин муроҷиаташ баргузор кунад ва ин қадамро бардорад. Агар чунин иқдоме накунад, ин муроҷиаташ бе таъсир хоҳад буд.

— Оё Додоҷон Атовуллоев бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаҳое, ки дорад ва дар боло зикр кардед, метавонад ба ҲНИТ барои ин муроҷиъат ва қадамҳои баъдие, ки зикр кардед кӯмак кунад?

— Бале, албатта ки метавонад. Тарафи созиш ҳамон тавр ки медонед, фақат ҲНИТ набуд, ИНОТ буд. Худи Додоҷон Атовуллоев яке аз афроди таъсиргузор дар ИНОТ буд, афроди дигар, кам кам дар ин муддат аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон дур ронда шуданд, танҳо гурӯҳе, ки аз ИНОТ имрӯз боқӣ монд, яке ҳамин ҲНИТ аст ва яке дигар шахсияти Додоҷон Атовуллоев аст. Албатта имрӯз, ки баъзе чизҳо дар гӯша ва канор гуфта мешавад, ки тарафи созиш ҲНИТ набуд, балки ИНОТ буд ва ҲНИТ ҳаққи қонунӣ надорад, ин сухан хеле сухани носанҷида ва нопухтааст. ҲНИТ дар меҳвари ИНОТ буд, бо раҳбарияти ҲНИТ, ки марҳум Устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ буданд, ин созишнома имзо шуд, яъне раҳбари ҲНИТ дар он замон, раҳбарияти ИНОТ-ро ҳам бар ӯҳда дошт, дар ҳақиқат мотори ҳаракатдиҳандаи ИНОТ, ҳамин ҲНИТ буд ва имрӯз ҳам ҳамин ҲНИТ боқӣ монд ва дигарон ки қаблан шомили ИНОТ буданд, кам кам аз саҳнаи сиёсӣ ҳазф шуданд.

— Як суоле пурсам, ки зеҳни мухотабонро машғул кардааст, видеоҳои ахире, ки дар Фейсбук ва фазоҳои маҷозии дигар пахш шуда дар бораи хуруҷи аъзоёни ҲНИТ аз он ва изҳори пушаймонӣ аз онро, метавонед шарҳ даҳед, ки чаро ҳукумат даст ба ин корҳо зада истодааст?

— Хуб суоли хубе кардед. Мутаассифона имрӯз, такрор ба такрор мебинем, ки дар Фейсбук ва Одноклассники ва фазоҳои маҷозӣ, яке пас аз дигарӣ аз гӯша ва канори Тоҷикистон як узви ҲНИТ, ё яке аз раҳбарони бахши ҲНИТ мебароянд ва муроҷиат мекунанд, ки мо пушаймон ҳастем, ки узви ҲНИТ будем, мо намедонистем ва аз ин хел суханони такрорӣ ва хандаовар. Инро бояд шаҳрвандони Тоҷикистон бо диққат таваҷҷӯҳ дошта бошанд, ки паёми аслии ин муроҷиатҳо ва ин фишорҳо барои мардуми Тоҷикистон ин аст, ки эй шаҳрвандони Тоҷикистон шумо ҳаққе надоред, ки узви як ҳизби сиёсӣ шавед, яъне озодии сиёсӣ барои шумо барои узв шудан дар як ҳизби сиёсӣ вуҷуд надорад, агар ҳам рӯзе узви як ҳизби сиёсӣ, ғайр аз ҳизби ҳоким шудед, инро хуб бидонед, ки дер ё зуд пушаймон хоҳед шуд ва аз ин кори кардаи худ узрхоҳӣ хоҳед кард.

Ин дар ҳақиқат мустақиман поймол кардани озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандии шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ҳар кадом аз инҳо агар диққат кунед бо як ноумедӣ дар баробари як дурбин мебароянд ва сӯҳбат мекунанд, аслан аз лаҳни сӯҳбат карданҳояшон маълум аст, ки агар дар пешашон дурбин қарор дорад, дар пушташон “калашников” истодааст. Хуб, суол ба ин мақомоти имрӯзаи Тоҷикистон ки чунин видеоҳоро пахш мекунанд, агар шумо аз қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ бошед, инро медонед, ки ҳар шаҳрванд метавонад шомили яке аз ҳизбҳои сиёсӣ шавад ва ё аслан ҳизбе ташкил диҳад, ва ин Ҳизби Наҳзати Исломӣ то ҳоло сабти расмӣ ва қонунӣ дорад, ҳанӯз вазорати Адлия, муҷаввизи ин ҳизбро ботил накардааст, чигуна шумо ношармида аъзои як ҳизби қонуниро маҷбур мекунед, ки бигӯяд мо иштибоҳ кардем, мо нафаҳмидем? Оё ин ҳизб то ҳоло фаъолияти қонунӣ дорад ё надорад? Агар дорад пас ин масхарабозиҳо чист? Агар фаъолияти қонунӣ надорад, пас чаро то ҳоло гузоштед онҳо кор кунанд дар онҷо? Бинобар ҳамин ин як парадокс аст, ки бояд масъулини режими Раҳмонов посух диҳанд, ва мардуми азизи Тоҷикистон инро хуб бидонед, ки бар шуъури сиёсии шумо бо ин рафтор режими Раҳмонов иҳонат карда истодааст, яъне шаҳрванди тоҷик ҳақ надорад узви як ҳизби сиёсӣ шавад агар ҳам шуд бояд бидонад, ки рӯзе пушаймон хоҳад шуд.

— Оё дархости аҷиби мақомоти судии тоҷик барои Зайд Саидовро метавонед тавзеҳ диҳед? Ғаразашон аз ин кор чист?

— Суоли бисёр хубе кардед бародари азиз! Имрӯз чихеле, ки мебинем, мақомоти судии Тоҷикистон дархост кардаанд, ки Зайд Саидов 25 соли дигар маҳкум шавад ва ҳамчунин ба 34 миллион сомонӣ ҷарима шавад. Суоле пеш меояд. Оё ин корҳо барои бештар муҷозот кардани шахси Зайд Саидов аст? Ба назар иштибоҳ аст ин. Ҳамин ҳукми 26 соле, ки гирифта буд, ин ҳукми бе асос ва золимона, худаш барои заҷр додани ин шахс кофӣ аст, агар касе бегуноҳ 1 сол ҳам маҳкум ба зиндон шавад бештарин заҷрро мекашад, чи бирасад ба шахсе, ки болои 50 сол син дорад! Пас 25 соли дигар дархости изофа ба чи маъност? Хеле содалавҳона аст, ки гумон кунем ин марбут аст ба шахси Зайд Саидов. Ин дар ҳақиқат як паём аст аз тарафи режим ба мардуми Тоҷикистон, ин мехоҳад бигӯяд, ки эй мардуми Тоҷикистон мабодо фикри тағйир ва ислоҳот ба зеҳни шумо хутур кунад! Инро бидонед, ки ҳар кас, ки дар сараш фикри тағйир ва ислоҳот хутур кард инро бояд бидонад, ки зиндон дар интизори вай аст, агар чи он шахс аз наздиктарин афрод бошад, агарчи он шахс дар собиқ вазир бошад, агарчи он шахс ободкор бошад. Чихеле, ки медонед Зайд Саидов хеле ободкориҳо кард, хеле хадамоти шоёне кард, вазири саноъат буд ва расман бо ҳамин раиси ҷумҳур ва ҳамин гурӯҳ нишасту бархост дошт ва хозиъона ба ватанаш хизмат мекард. Бинобар ин, рафтори имрӯзаи ин режим нисбат ба Зайд Саидов дар ҳақиқат аз боби ин аст, ки “ба дар бигӯ девор бишнавад”, тарсондани мардуми Тоҷикистон аст, заҳраи чашм гирифтан аз он касоне аст, ки мехоҳанд дар Тоҷикистон фаъолияти озодона дошта бошанд ва ислоҳот анҷом диҳад, паёми аслии ин пешниҳод дар ҳақиқат на ба Зайд Саидов, балки ба мардум аст, ки мабодо ба саратон фикри тағйир биёяд чун оқибататон монанди Зайд хоҳад шуд.

— Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳама фишор ба ҳизбҳои сиёсӣ, маҳбус кардани мухолифони сиёсӣ дар кишварҳои мухталиф ва қонунҳои аҷиби зидди динӣ монанди манъи ҳиҷоб ва… метавонед гӯед ҷомеаи Тоҷикистон ба куҷо рафта истодааст?

— Бисёр суоли хуб ва баҷо! Тамоми ин фишорҳое, ки имрӯз мо мушоҳида мекунем бар сари гурӯҳҳои сиёсӣ ва бар сари шахсиятҳои мустқил ва ҳамчунин фишорҳо бар намодҳои динии мардум ва арзишҳои мардум, инҳо аз як чиз гувоҳӣ медиҳад, ки ин режим дар ҳақиқат ниёз дорад ба як даргирии дохилӣ, мехоҳад оташи як фитнаи дигареро барафрӯзад, то аз оби лойолуд моҳӣ бигирад, яъне чӣ? То имрӯз ҳар чи Раҳмонов барои худаш обрӯ касб кард аз созишномаи сулҳ истифода кард ва то ҳанӯз такрор ба такрор гуфта мешавад, ки Раҳмонов барои ин кишвар сулҳ овард, дар ҳоле, ки медонем вай тарафи ҷанг буд ва ҳеч вақт вай сулҳро наовард, дар воқеъ сулҳро тасоҳуб ва мусодира кард. Раҳмонов имрӯз ниёз дорад ба як қаҳрамонии дигар, чунки дигар замони зиёде аз сулҳ гузашт ва такрорӣ ҳам шуд ва мардум аз шуниданаш хаста шуданд; дигар ҳунаре надорад, на ҳеч ободкорие кард ва на ҳеч хадамоте анҷом дод, бар акс дар ин муддат чандину чанд бор мардумро фиреб дод. Дар қазияи Роғун саҳмия ҷамъ кард вале ба Роғун харҷ накард, ширкати чинӣ омад роҳе сохт ва Раҳмонов омад бар сари ин роҳ ҳазору як роҳзан гузошт ва тамоми даромади ин роҳ ба ҳисоби як ширкати хориҷӣ, ки мутаъаллиқ ба яке аз бастагони Раҳмонов аст равона шуд ва ғайра. Ин корҳо нишон медиҳад, ки Раҳмонов мехоҳад имрӯз он ангезаи динии марудмро барангехта кунад, дар воқеъ нохун ба тори асаби мардум зада истодааст, ки як ҳаракате анҷом гирад ва як даргирие шавад, баъд биёяд бо кишварҳои ҳампаймони худ мисли Чин ва Русия он оташи барафрӯхтаро хомӯш кунад ва ба номи худаш як қаҳрамонии навро рақам занад.

Ҷиҳати дигари масъала ин аст, ки режими Раҳмонов ин режими оилавӣ то имрӯз дар ин муддати бисту чанд сол хеле аз будҷаи Тоҷикистон, хеле аз кӯмакҳои байналмилалӣ ва хеле аз қарзҳое, ки аз кишварҳои дигар гирифт аз тариқи ширкатҳои афшорӣ ба яғмо бурд, инқадар ғорат кард ва ин қадар дузди кард, ки дигар наметавонад ин ҳолатро давом диҳад, чи бихоҳад ва чи нахоҳад дар ояндаи наздик инҳо ошкор мешавад, ва наметавонад ин ҳолатро давом диҳад, чикор бояд кард, ки пеши роҳи ин ифшогариро гирад? Чи беҳтар аз як даргирии дохилӣ? Вақте як даргирии дохилӣ мешавад, метавонад тамоми ин костиҳо ва дуздиҳоро ба ҳисоби ҳамин ҷанг бизананд, баъд бигӯяд ҷанг шуд ва ин ҳама сармояи миллӣ дар ин ҷанг аз байн рафт. Дар ҳақиқат мехоҳад бо эҷоди як ҷанги дохилӣ ҳам барои худ обрӯе касб кунад ва ҳам дуздиҳои оилавии худро ба гардани ҷанг биандозад.

— Сарафрози Оламафрӯз чӣ шуд? Ба куҷо расид? Ахбори зидду нақизе мешунавем.

— Сарафрози Оламафрӯз, мо ба тозагӣ мутталеъ шудем, ки дар сизои 5-уми шаҳри Маскав боздошт аст ва ҳозир барои пайгирии қонунии кори Сарафроз адвокат гирифтем ва иншоаллоҳ умедворем дар рӯзҳои оянда хабарҳои хушеро аз ин шахс бишнавем, мо ҳаракат дорем, ки иншоаллоҳ ҳеч як аз аъзои гурӯҳи мо, ки бо тӯҳматҳои Раҳмонов дар кишварҳои мухталиф боздошт шуданд, низ ба Тоҷикистон барнагарданд.

— Оё сухани дигаре ҳам доред?

— Дар поён хитоби ман ба мардуми азизи Тоҷикистон ин аст, ки ин режим ҳар ҳунаре дошт, ҳар лиёқате, ки дошт, дар ин муддат нишон дод. Дар ҳеч як аз заминаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ва фарҳангӣ, ҳаргиз натавонист аз худаш як корномаи равшан ва сафеде нишон диҳад. Мардуми азизи Тоҷикистон! Озмударо дубора озмудан хатост. Ин гурӯҳ беш аз ин наметавонад коре кунад, ин гурӯҳ раҳбариятро, риёсатро як фурсат барои сарватандӯзӣ медонад. Иншоаллоҳ ин муддат дарс шуда бошад барои мардуми Тоҷикистон, дарс шуда бошад, ки дигар наметавон ба умеди ваъдаҳои холии ин режим дилгарм буд. Агар мо имрӯз сарнавишти худро бо тасмими инқилобӣ, аз дастони касифи ин режим нагирем, фардо дар ояндае начандон дур кишвари мо бо хатари нобудӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Умедворам иншоаллоҳ мардуми азизи Тоҷикистон бедор шаванд ва масъулияти шаҳрвандии худашонро дарк кунанд, ва барои наҷоти миллат ва наҷоти насли ояндаи кишвар ва ободии ватан, як тасмими инқилобӣ бигиранд.

— Саломат бошед!

— Шумо ҳам.


Манбаъ: Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты