Мақсуд…ҷавоне, ки ҳукуматро ба ларза овард

Имруз як соли пурра мешавад аз рабудани яке аз беҳтарин бародарони муборизам Мақсуд Иброҳимов. Ҷавоне, ки дар шуҷоъату ҷасорат ба тавсияномаи касе ниёз надорад.
Як ҷавоне, ки ҳукуматро ба ларза даровард. Ҷавоне, ки ба монанди шир сафед, бо саргузашти пок, нуқтаҳое, ки ҳукуматро даступо хурда карда буд. Ҳукумате, ки билохира ноҷор монда ҷуз даст ба хушунат задан роҳе надид.
Бале, уро рабуданд, яъне номардона дуздиданд бо роҳи ғайри қонуни таввасути режими худкомаи Тоҷикистон.
Шевае, ки Сталину Гилтеру Мосулини шояд онро раво намедиданд нисбати мухолифини худ дар асри худашон, аммо имруз чунин василаи «креминалиро» Раҳмонов шарм накарда раво мебинад ва аз у истифода мебарад.
Режиме, ки тамоми вақту имкониятҳои худро ҳамеша барои қатлу нобуд сохтани шаҳрвандони худ истифода мебурду мебарад…Бори дигар исбот кард, ки дар баробари фикр нотавону оҷиз аст.
Аз рузҳои аввал дидем, ки ҳукуматдорон чигуна пасту залил бо зону мезаданд назди бегонагон барои истирдоди як Тоҷике, ки танҳо ҷурмаш бо онҳо ҳамфикр нест. Ҷавоне, ки 10 соли ҳаёташро дар Русия сипари карда аст бидуни нақзи кудом як қонун, дар як шабу руз бо 73 варақ пур аз қонун вайрон куни муттаҳам мешавад бо туҳматҳои бофтаву бе асоси ҷониби Тоҷикистон. Хулоса, мақомоти Русия иддиоҳои ҷониби Тоҷикистонро комилан радд карда уро баъди ду рузи боздошт дақиқан дар рузи 11 октябри соли 2014 озод мекунанд.
Баъди ин ноумедии ҳукумат дубора нақшаи нобудкардани уро гирифта шаби 26 ноябри ҳамон сол таввасути муздурони худ ба ҷони у ҳамла карданд.
У хушбахтона зиндаву режими муҷрим ноком монд, билохира нақшаи рабудани уро кашиданд ва рузи 20 январи соли 2015 дар ин амал муваффақ шуданд.
Рузи 24 июни ҳамон сол бозичае дар дасти режим ба номи «додгоҳ» ҳукми ситамгаронае нисбати ин ҷавон эълон карда уро ба 17 сол вориди зиндон кард.
Ин аст Мақсуд Иброҳимов; Ҷовоне, ки зиндагии худро дар хатар гузошта барои сарбаландии муҳоҷирони Тоҷик талош кард.
Марде, ки ҳаёти худро барои озодӣи ватан қурбон кард. Дар замоне, ки мардон хеле кам ба назар мерасиданд.
Хуб ёд дорам рузе боҳам сафар доштем ба шаҳри Самара барои мулоқоти ҳамватанонамон, дар роҳ ёде аз зиндони воқеъ дар Мағриб бо номи (Тазмамарт) шудам.
Зиндони пинҳонии махсус барои мухолифони подшоҳ сохта шуда буд солҳои 1973 ва чигуна инқилобиҳоро онҷо равонаи зиндон мекарданд то билохира баъди 20 сол иддае аз маҳбусони он бо як муъҷиза озод шуданд ва даҳшату ранҷи онро ба ҷаҳониён муъарифи карданд.
Сафарҳам тулони буд ва суҳбатҳам хеле гарм мерафт, ҳангоме қиссаро ба поён расондам, табассум карда гуфт: “Нури ту мехоҳи манро аз ин роҳ баргандони? Агар чунин бошад мутмаъин бош ман аз ин роҳ баргаштани нестам. Ман ин роҳи ихтиёр кардаамро хуб медонам, ва медонам, ки дар муқобили ки истодаам. Корҳои дунё бе риск намешавад ва расидани мо ба ҳадаф бе ҷонфидои намешавад!!”.
Бале, дусти муборизам, рост гуфта буди. Ин роҳ бе ҷонфидои намешавад!!
Ҳар як чизи бо арзиш қимати худро дорад, куҷо расад ба чизе, ки (озодӣ) ном дорад!!
Умедворам Рузе сарбаландона озод хоҳи шуд чуноне, ки Нелсон Мандела озод шуд.
Суханро бо ҷумлаи машҳури Малком Экс (Худо раҳматаш кунад) ба поён мерасонам, ки гуфта буд: “Агар барои ба даст овардани озодӣ омодаи марг набоши пас калимаи (озодиро) аз қомусат пок бикун”.

Нуриддин Ризоӣ
Як ҳамсафи Мақсуд Иброҳимов

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии (3) -

  • Кози.

    20.01.2016 18:43:25 |

    Ин рох танхо ширинихо дораду халос, танхо ба пеш эй Точдорон. Худованд бо мост хамин кифояаст...

  • ахотник

    20.01.2016 22:13:58 |

    донишмандони дарбории рихмонов шумо низ чазои рузи шуришро интизор бишавед.Дар он руз чашми хамаи мо мардум нобино ва гушамо ношунаво мегардад,монанди рафтори имрузаи шумо(вой бархоли шумо)!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

  • Раббони

    18.02.2016 7:46:56 |

    Аллох Хамаи моро барохи хак хидоят кунад. Аммо бар ивази нотенчи овардан ба сари мардуми бечораи Точикистон ШУмо метавонед кумаки худро бе пиаркомпания расонед. агар дар хакикат аз Аллох тарсед агар дар хакикат барои ободии мардум кушиш кунед. Дар Точикистон намоз хонда мешавад руза гирифта мешавад хайр имонатон аз Алоху аз ШУмо закот супорида мешавад ба хая рпафта мешавад. Дигар чи мехохед. ММММ бизнеси калон маблаги зиёд пас ШУмо гумрох шудаед ин дунёро интихоб кардаед. Касе ки аз хукумат айни хол норози аст ин касонеанд ки бизнес карда натонистанд . Пас максади ШУмо пулу мол аст наин ки розигии Аллох. Касе ки розигии Аллохро мехохад дар Точикистон бо 1000 сомони каноат карда муъмину мусулмонии худро карда истодааст . Чунин одамон милионанд барои хамин ШУмо муваффак намешавед. Дар хорича хуроки пеши пешро мехуред аз баландии парвози худ харф мезанед. Аммо ку як маротиба тамоми молатро дар рохи Аллох хайр кун як мох руза гир лекин касе нафахмад. Иншааллох ачрашро дар рузи киемат мегири.

Комментарии закрыты