Точикистон бо Эмомали Рахмон

Ман ин маколаро кариб ду сол пеш навишта будам. Ду сол гузашт, вале чизе ба тарафи мусбй тагйир наёфт ва фикр мекунам имрузхо баъди натичагирии интихоботи парлумонй чунин назарро нисбати ХХДТ ва парлумони рахмонй низ раво дидан мумкин аст.

Точикистон бо Эмомали Рахмон…
Баъди 5 мох, яъне мохи ноябри соли 2013 интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон баргузор мегардад. Дар матбуот ва сахифахои интернет чунин бахсхо давом дорад, ки оё Эмомали Рахмон боз номзадии худро мегузорад ва ё не. Бисёр мухлисонаш уро ягона шахси муносиб муаррифй мекунанд ва мегуянд, ки Точикистон дигар фарзанди арзанда барои рохбарй надорад. Гарчанде у аз соли 1992 (21 сол) рохбари давлат буд, биёед мо мухлати чории уро яъне соли 2006-2013-ро тахлил мекунем. Дар ин тахлили кутох мо аз дастовардхои у гап намезанем, зеро аз он дастовардхо хамаруза телевизион ва матбуоти Точистон хеле бисёр гузориш медихад. Гайр аз ин дастовардхои у ба зиндагии мардуми оддй таъсири мусбии назаррас нарасондааст. Агар сари мавзуи асосй гузарем вазият то соли 2006 чй хел буд:
1. Лимити барк дар хонахои мардум камтар, яъне асосан ф��кат баъди 12-и шаб мекуштанду рузона чанд соат. 
2. Дар хонахои мардум гази табии як чанд соат дода мешуд, ки мардум хуроки худро тайёр мекарданд. 
3. Сатхи мухочират то ин дарача баланд набуд. Мувофики гузориши Бонки Рушди Осиё то 600 хазор, ки аз хар се хонадон як нафари мебошад дар мухочират буданд. 
4. Як кисм мутахассисони сохахои гуногун ба умеди рузи нек дар Ватан кор мекарданд.
5. Ташкилотхои гуногуни байналхалкй барои рушди сохахои мухталиф ба Точикистон грантхо ва карзхои дарозмуддат ирсол мекарданд.
6. Дехконон гарчанде ба карзи фючеристон гутида бошанд хам кишту кор мекарданд.
7. Нарху наво баланд бошад хам каме дастрас буд, зеро бо мехнати дехконони ватанй меваю сабзавоти махаллй кисми зиёди бозорро ташкил медод.
8. Як чанд бизнесменхои точик ба ниходхои гуногун пораву тухфа дода, лекин бо хафсала дар заводу фабрика, ширкатхои сохтмонй ва гайра фаъолият доштанд, махсулот истехсол мекарданд ва чандин хазор нафарро бо кор таъмин мекарданд.
9. Ба мухочират асосан мардхо мерафтанд ва ин хусусияти мавсимй дошт.
10. Худуди Точикистон якпорча ва таксимнашаванда буд…
Мисоли зиёд овардан мумкин аст, лекин барои фахмидани вазъият фикр мекунем хаминаш кифоя. Акнун худ тахлил кунед, ки холо вазъ чй хел аст? 
Ана акнун тасаввур мекунем, ки Эмомалй Рахмон новобаста аз раъйи мардум бо такаллубкорихо боз президент шуд- чй моро дар 7 соли оянда интизор аст? Ин фикри шахсии ман аст. Азбаски Точикистони мо холо хам хамчун давлати демократй муаррифй мешавад ва хар як шахс ба баёни фикри худ хукук дорад, гарчанде фикри шахс бар зидди акидаи дигарон бошад хам, ман мехохам аз хукуки худ истофода барам. Инак чй моро интизор аст:
1. Ахволи мардум аз ин бадтар мешавад, ки бехтар не! Гарчанде Сангтуда-1 ва Сангтуда-2 ба кор даромада бошад хам ва Рогуне, ки онро хукумат дастак кардааст дар тули 7 сол агар як агреташро созад хам бо ин дуздии барк ва фурухтани барк ба хамсояхо Точикистон боз хамон Торикистон мемонад.
2. Гази табии аз хонахо мардум тамоман гайб зад ва гумон аст, ки аз нав пайдо шавад.
3. Ахволи мухочирон вазнинтар мешавад, зеро Россия фишори худро кавитар мекунад. Холо кариб 2 миллион нафар, ки ин 25% фоизи тамоми ахолй ва зиёда аз 60% ахолии кобили мехнатро ташкил медихад. Ин хисоб ру ба афзоиш аст. Дар 7 соли оянда мумкин аст, ки факат пиронсолону кудакон, мансабдорону хешовандони онхо дар Точикистон бимонад.
4. Охирин мутахассисоне, ки умеди пешравй доштанд, Точикистонро тарк мекунанд. Аллакай дар бисёр сохахо норасоии мутахассисон дида мешавад. Хатто коргарони хифзи хукук, ки каме маълумот доранд тарки касб карда мухочир шуда истодаанд.
5. Дигар ягон давлат (гайр аз Хитой) ва ё ташкилоти молиявй ба Точикистон карз намедихад, зеро диданд, ки ин маблагхо чи хел масраф шудаанд. Аллакай Бонки Рушди Осиё ва Сандуки Байналминалии Асъор (МВФ) аз карздихи ба Точикистон даст кашид.
6. Аз хисоби мухочир шудани дехконон заминхои корам ба дашт табдил меёбанд, ки баркарор кардани он чанд дахсолахоро талаб мекунад. Бозорхои Точикистон факат аз хисоби меваю сабзавоти хоричй пур мешавад, ки ин аллакай дида мешавад.
7. Нарху навои хурокворй аз Аврупо хам кимматтар мешавад, тасаввур кунед, ки холо нархи хурокаву меваю сабзавот дар Маскав аз Точикистон арзонтар аст.
8. Дар Точикистон ягон бизнесмен гайр аз хешовандон ва дустони президент намемонад. Бисёре аз онхо аллакай тарки Ватан карданд ва ё махбас шудаанд ва заводу фабрикахои онхоро намояндахои «оила» аз худ карданд. Аллакай бизнесменои мо дар Россияву Казокистон ва хатто Афгонистон заводу фабрика кушода истодаанд 
9. Мухочират дигар хусусияти мавсимй надорад. Аллакай зану мард хама ба мухочират мераванд. Бачаякони мухочирон, ки холо 10-12 сола хастанд бе тарбияи падару модар ва ё яке аз онхо ба воя мерасанд (17-19 сола мешаванд), ки окибати хуш надорад!
10. Худо медонад соли 2020 Точикистон дар харита бокй мемонад ва ё ба яке аз вилоятхои Хитой табдил меёбад, зеро аллакай кисми Ватани мо ба харитаи Хитой дохил карда шуд ва аз тани Точикистон канда шуд…
Мухтарам тарафдорони Эмомали Рахмон агар гуед, ки тахлил ва «прогнози» ман нодуруст аст, фикри худро нависед. Баръакси гуфтахои манро шарх дихед, аммо албатта дар зери матни худ ному насаби худро нависед, ки баъди 7 сол ман тасаввур кунам, ки кадом шахсон дар назди хешу табор ва наздикони худ сархам шуданд…

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading