О "лидере нации" и "справедливом царе" (БО ЗАБОНИ ТОҶИКИ)

Ҳунар донад аз ҷоҳилӣ айби хеш


Имрӯзҳо дар пайи тасвиби қонуне дар порлумон мабнӣ бар эътои унвони «П��швои миллат» барои Эмомалӣ Раҳмон, як мусобиқаи густардаи чоплусӣ ва тамаллуқ ба «Пешво» дар миёни шахсиятҳо ва ниҳодҳои давлатӣ роҳ уфтода, ки ҳар як дар ин амал ба дигарӣ сибқат меҷӯянд.

Дар ин миён, ниҳоди динии кишвар, яъне Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон, зоҳиран мехоҳад дар ин мусобиқа гӯйи сибқатро бирубояд ва соҳиби мақоми аввал бишавад. Ин ниҳод ва ба вижа раисаш ҷаноби Сайидмукаррам Абдулқодирзода, дар таърифу тавсифи «Пешво» ба ҳадде иғроқ мекунанд, ки агар Раҳмон заррае аз хирад бархӯрдор мебуд, ҷилави онҳоро мегирифт ва мегуфт, бас кунед, ки дигар шӯрашро даровардед! Аммо зоҳиран аз ин тавсифҳо хушаш меояд ва лаззат мебарад, ки ин ҳам худ як мусибат аст албатта!

Шӯрои уламо ибтидо баёнияе содир ва бо ишора ба ин ки «имрӯз дар ин сарзамин одамеро ёфтан маҳол аст, ки аз корномаи қаҳрамононаи ӯ (Раҳмон) огоҳ набошад, бо номи ӯ ифтихор накунад ва орзуи сӯҳбату машварати ӯро надошта бошад», ёдовар шудааст: «Агар аз рӯи адолат иқрор шавем, хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва дифоъ аз исломи пок, аз онҳое, ки ном бурда шуд (яъне Анӯшервон, Бузургмеҳр, Низомулмулк, Исмоили Сомонӣ ва Абулфазли Балъамӣ), заррае кам нест

Раиси Шӯрои уламо ба ин андоза аз иғроқу муболиға дар тавсифи «Пешво» иктифо накард ва дирӯз дар хутбаҳои намози ҷумъа, Раҳмонро «шоҳи одил» ҳам хонд ва аз намозгузорон даъват кард, ки ба ӯ нофармонӣ накунанд.

Ҳол, ҳам ин шӯро медонад ва ҳам раисаш ҷаноби Абдулқодирзода ва ҳам шахси Раҳмон, ки ин ҳарфҳо дурӯғ ҳастанд. Гирем, Раҳмон «хидматҳое» карда, аммо инки гуфта бишавад, «хидматҳои» ӯ заррае аз хидматҳои бузургоне чун Анӯшервон ва ё Исмоили Сомонӣ кам нестанд, пурравшан аст, ки ин як дурӯғ аст ва гӯяндааш ҷуз аз сари чоплусӣ ва тамаллуқ онро ба забон наёварда.

Ва ин дар ҳоле аст, ки касе ки туро ба чизе тавсиф кунад, ки дар ту нест, ӯ душмани туст, на дӯстат, ӯ бадхоҳи туст, на хайрхоҳат. Саъдӣ дар «Гулистон» ҳикояти зебоеро меоварад, ки хатибе кареҳуссавт (яъне бадовоз ва бадсадо) худро хушовоз мепиндошт ва фарёди беҳуда бармеовард. Мардум ҳам ба далели ҷоҳу мақоме, ки хатиб дошт, овози нохуши ӯро таҳаммул мекарданд ва барояш баҳ-баҳу чаҳ-чаҳ мегуфтанд, то ин ки яке аз хатибон — ки миёни ӯ ва он хатиб душманӣ ва адоват буд — назди ӯ омад ва гуфт:

— Туро хобе дидаам.

Пурсид:

— Чӣ дидӣ?

Гуфт:

— Чунон дидам, ки туро овози хуш буд ва мардумон аз анфоси ту дар роҳат буданд.

Хатиб, ки медонист садояш нохуш аст, андаке ба фикр фурӯ рафт ва гуфт:

— Ин муборак хобест, ки дидӣ, маро бо айби худ воқиф гардондӣ. Маълум шуд, ки овози нохуш дорам ва халқ аз баланд хондани ман дар ранҷ. Тавба кардам, ки аз ин пас хутба нагӯям, магар ба оҳистагӣ.

Саъдӣ дар зайли ин ҳикоят ин шеърро оварда, ки:

Аз сӯҳбати дӯсте ба ранҷам,

К-ахлоқи бадам ҳасан намояд.

Айбам ҳунару камол бинад,

Хорам гулу ёсуман намояд.

Ку душмани шӯхчашми нопок

То айби маро ба ман намояд?

Яъне дар воқеъ, чоплусҳо ва мутамаллиқҳо ва касоне ки туро ба чизҳое тавсиф мекунанд, ки дар ту нест, ин ба зоҳир «дӯстон», дар воқеъ душманони ту ҳастанд. Раҳмон агар заррае аз ақл ва хирад бархӯрдор мебуд, аз тавсифу тамҷидҳои дурӯғини ин намат афрод ба ранҷ мешуд, ки «ахлоқи бади ӯ ҳасан намоянд» ва «айбаш ҳунару камол бинанд».

Албатта, дар тӯли 23 сол аз ҳукумат, Раҳмон ин қадр таърифу тамҷид шунид ва касе барои вай айбаш нагуфт, ки дигар худаш ҳам бовараш шуда, ки ӯ касе аст мисли Анӯшервон ва ё Исмоили Сомонӣ, ва ба қавли Саъдӣ:

Ҳар он кас, ки айбаш нагӯянд пеш,

Ҳунар донад аз ҷоҳилӣ айби хеш.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии (1) -

  • Саид

    20.12.2015 12:45:12 | Ответить на комментарий

    Руихати тамаллуккорони сиёси тахи карда шавад
    масалан
    иброхим усмонов
    карим абдулов
    курбон восеъ
    ..........
    хохишмандам ки дигарон сахм бигиранд ва номгуи кулли лагандбардорон тахия шавад.

Добавить комментарий

Loading