Ангезаи Раҳмон аз пайвастан ба эътилофи ба истилоҳ зидди теруризми Арабистон

Азамшо Латифзода, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ таъкид кардааст, кишвараш «дар ҳоли баррасии пешниҳоди Арабистони Саудӣ мабнӣ бар пайвастан ба эътилофи исломии мубориза бо теруризм аст».

Вай, дар гуфтугӯе ихтисосӣ бо рӯзномаи Ашшарқул-авсат (нашрияи расмии Арабистони Саудӣ) афзудааст: «Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур, тасмим дорад, дар авоили моҳи январ ба манзури гуфтугӯ бо Ходимул-Ҳарамайн Малик Салмон ибни Абдулазиз, аз Риёз боздид кунад». Латифзода ҳадаф аз аз ин гуфтугӯро «тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвари Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ» унвон кардааст.

Дар замоне бисёр печида ва аҷибу ғарибе зиндагӣ мекунем. Теруристҳои мавриди назари Арабистони Саудӣ чӣ касоне ҳастанд, ки зимомдорони ин кишвар тасмим гирифтаанд, «эътилофе» барои мубориза бо онҳо ташкил бидиҳанд ва Тоҷикистон ҳам дар назар дорад, ба ин эътилоф бипайвандад?

Агар гуфта бишавад (ва чунин ҳам мегӯянд), манзур гурӯҳи теруристии ДОЪИШ аст, пас суоле, ки дар ин миён худнамоӣ мекунад ин аст: магар ин гурӯҳи теруристӣ сохта ва пардохтаи худи ҳамин кишвар ва ё лоақал маҳсули идеулужии теруризмпарвари сардамдорон ва мубаллиғони динии он нест? Агар Арабистони Саудӣ дар иддаъои худ воқеан содиқ бошад ва ба дунболи «мубориза бо ДОЪИШ» аст, пас барои ҳеч хирадманде дар ин дунё пӯшида нест, ки ин кор барои кишваре мисли Арабистони Саудӣ ниёз ба ин ҳама сару садо ва ташкилу таъсиси эътилоф надошт. Кофӣ буд, амирону мулуки ин кишвар сарчашмаи таъмини мояҳтоҷи ДОЪИШ дар кишварашонро – ки ҷуз пули сарватмандони он нест – ва низ манбаи тағзияи идеулужики доъишиҳои сарбурро – ки ҷуз муфтиҳо, мубаллиғони динӣ ва минбарҳои масоҷид ва телевизиюнҳои заҳролудашон, ки базри бадбинӣ ва кина нисбат ба дигарандешонро мекоранд намебошад – бихушконад.

Бо ин ҳисоб, пас ҳадафи Арабистони Саудӣ аз ташкили ин эътилоф чист? Абдулбори Атвон, нависандаи фаластинитабор ва сардабири нашрияиРаъюл-явм мӯътақид аст, «ин эътилофи низомӣ дар ҷиҳати таҷзияи мазҳабии минтақа аст, то Сойкс-Пикуи ҷадиде шакл бигирад ва минтақа дубора шоҳиди тақсими манотиқи ҷуғрофиёӣ бошад, ва ин бор бар асоси мазҳаб.» Атвон меафзояд: «Ин як моҷароҷӯии бисёр хатарнок аз сӯйи Арабистон аст, ки бо саросемагӣ саъй мекунад, то ҷангеро ба поён нарасонда, вориди ҷанги дигаре шавад ва албатта шавоҳид ва додаҳо ҳокӣ аз он аст, ки доманаи ин ҷанги ҷадид густарда мешавад ва мумкин аст ин ҷанг бо таҳрики Омрико ва «Исроил» ё ҳатто мушорикати «Исроил», ба ҷанги дигаре бо Эрон ва муттаҳидонаш бианҷомад

* * *

Ва аммо ангезаи кишваре мисли Тоҷикистон аз пайвастан ба ин эътилоф чист?

Дар ибтидо лозим аст ёдовар бишавем, ки албатта ин эътилоф сиқт ба дунё омад. Яъне таваллуд ношуда маргаш эълом шуд. Зеро чунон ки дар расонаҳо мунташир шуд, «бархе кишварҳои воридшуда дар феҳристи «эътилофи зидди терур» ба раҳбарии Арабистони Саудӣ, аз шомил шудани номашон дар ин эътилоф, шигифтзада шудаанд.» Кишварҳое мисли Покистон, Молезӣ, Андунезӣ ва чанд кишвари дигар. Бар пояи гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, «ба навиштаи вебсайти рӯзномаи Dawn, Аҳмад Чударӣ, як мақоми баландпояи вазорати умури хориҷии Покистон гуфтааст, «ман аз ин ки Арабистони Саудӣ номи Покистонро ба унвони узве аз эътилоф овард, ҳайратзада шудаам». Вазири дифои Молезӣ ҳам гуфтааст, ки ҳеҷ паймони низомӣ дар ин робита вуҷуд надорад ва кишвараш дар ҳеҷ амалиёти низомӣ ширкат нахоҳад кард. Андунезӣ низ гуфтааст, ки ҳеҷ майле ба узвият дар ин эътилоф надорад.

Бо ин ҳисоб, дар ин эътилоф ба ҷуз худи Арабистони Саудӣ, Миср, Туркия, Қатар, Аморот (ки албатта Миср ва Туркия ҳанӯз ҳузури худро дар ин эътилоф ба сурати қотеъ эълом накардаанд) ва низ чанд кишвари кучак назири Сумол, Гине, Ҷазоири Қанорӣ ба чашм намехӯрад. Ва қатъан ин кишварҳои кучак ва чи басо дар қатори онҳо Тоҷикистон, мушорикати худро дар ин эътилоф эълон хоҳанд кард. Аммо ба кадом ангеза?

Ангезаи пайвастани ин кишварҳо ба ин эътилоф, қатъан «мубориза бо теруризм» нест, балки ангезае дигар доранд. Ва ин ангеза, ҷуз дарёфти пул аз Арабистони Саудӣ нест. Агар дар хотири азизон бошад, Арабистон вақте хост, эътилоферо алайҳи Яман ташкил ва кишварҳое назири Туркия ва Покистонро дар ин ҷанг бо худ ҳамроҳ кунад, умарои арабистонӣ барои пайвастани ин ду кишвар ба эътилофи мавриди назарашон, ваъдаи додани пулҳои ҳангуфт ва вомҳои билоиваз ба ин ду кишвар намуданд ва албатта ин ду кишвар расман аз пайвастан ба ин эътилоф худдорӣ карданд.

Бинобар ин, сафари чанд ҳафтаи дигари Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ ва тасмимаш мабнӣ бар пайвастан ба эътилофи ба истилоҳ зидди теруризм, на ба ангезаи «мубориза бо теруризм», балки барои ситондани пул аз умаро ва мулуки кишвари нафтхези Арабистони Саудӣ аст, то ҳам ҷайбашон пур шавад ва ҳам иқтисоди рӯ ба вахомати Тоҷикистон, ки ҷуз бо пулҳои гадоӣ аз ину он ва низ пулҳои муҳоҷирони корӣ пойдор нест, беҳбуд ёбад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading