Ба Шуштар заданд гардан мисгаре

«Мақомоти тафтишотии парвандаи Бузургмеҳр Ёров ӯро боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла, “созмон додани иттиҳоди экстремистӣ ва даъвати оммавӣ барои тундгароӣ” айбдор кардаанд.» (Радиои Озодӣ)

Аҷаб дунёе дорем! Одам чизҳое мебинад ва мешунавад, ки шигифтзада мешавад. Ин зарбулмасал, ки мегӯяд:

Гунаҳ кард дар Балх оҳангаре,

Ба Шуштар заданд гардан мисгаре.

… ҳикояти рӯзҳои мост. Шӯриши женерол Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, баҳонае шуда барои мақомоти тоҷик, то ҳар касеро, ки аз ӯ хушашон наояд, муттаҳам ба «созмон додани иттиҳоди экстремистӣ ва даъвати оммавӣ барои тундгароӣ” бикунанд ва ба зиндон андозанд. Баъди он шӯриш, аввал фаъолон ва раҳбарони ҲНИТ ба ҳамин иттиҳом боздошт ва роҳии зиндон шуданд ва инак, вакилони мудофеъ. Худо медонад, фардо боз чӣ касе ба ин иттиҳом боздошт ва ба сиёҳчол хоҳад рафт.

Ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистон дар ин рӯзҳо, ба аҳкоми девони Балх дар гузашта мемонад. Аллома Алиакбари Деҳхудо дар Луғатномаи худ овардааст: «Гӯянд, дар шаҳри Балх қозиён аҳкоми нодурусте содир мекарданд. Бегуноҳонро базеҳкор ва гуноҳкоронро маъсум ҷилва медоданд. Аз ин рӯ, девони Балх масали ҳар додгоҳ ва маҳкамае шудааст, ки аҳкоми он бар хилофи ҳақ бошад.»

Ва чунон ки Носири Хусрав гуфтааст:

Дар Балх эмананд зи ҳар шарре

Майхору дузду лутиву занбора

Яъне замоне девони Балх конуни ситам, бедод ва фармонҳои нораво буда, ки овозааш ба ҳар гӯшае рафта ва достонҳое фаровон аз он бар ҷой мондааст. Яке аз он достонҳо бад-ин шарҳ аст:

«Мусофире дар шаҳри Балх ҷамоатеро дид, ки марде зиндаро дар тобут андохта ва ба сӯйи гӯристон мебаранд ва он бечора мураттаб доду фарёд мезанад ва Худо ва пайғамбарро ба шаҳодат мегирад, ки «Валлоҳи, биллоҳи, ман зиндаам! Чӣ тавр мехоҳед маро ба хок биспоред?!»

Аммо чанд мулло, ки пушти сари тобут ҳастанд, бе таваҷҷӯҳ ба ҳолу аҳволи ӯ, рӯ ба мардум карда ва мегӯянд: падарсӯхтаи малъун дурӯғ мегӯяд, ӯ мурда аст!

Мусофир ҳайратзада ҳикоятро пурсид, гуфтанд: ин мард фосиқ ва тоҷире сарватманд ва бидуни ворис аст. Муддате пеш ки ба сафар рафта буд, чаҳор шоҳиди одили Худошинос дар маҳзари қозии Балх шаҳодат доданд, ки мурда аст ва қозӣ низ ба марги ӯ гувоҳӣ дод. Пас, яке аз муқаддасини шаҳр занашро гирифт ва яке дигар амволашро тасоҳуб кард. Ҳол, баъд аз марг баргашта ва иддаъои зинда будан мекунад; ҳол он ки иддаъои марде фосиқ дар баробари гувоҳии чаҳор одили Худошинос масмуъ ва мақбул намеуфтад. Ин аст, ки ба ҳукми қозӣ ба қабристонаш мебарем; зеро ки дафни майит воҷиб аст ва муъаттал ниҳодани ҷаноза шаръан ҷоиз нест.» (Китоби «Кӯча», б.2, с.1463)

Дар бораи масали фавқ ин достонро низ нақл кардаанд, ки садҳо сол пеш дар замони подшоҳе оҳангаре буд, ки дар Балх зиндагӣ мекард. Ӯ ба ҷуз оҳану оташу кӯраи оҳангариву мухолифат бо ҳокими вақт, ба коре дигар машғул набуд. Аз субҳ то шаб кори ӯ сохти шамшеру чоқу буд, то адавоти размиро дар ихтиёри мухолифони ҳоким қарор диҳад. Волии Балх номае барои подшоҳ фиристод, то барои ин мушкил аз пойтахт касби таклиф кунад. Пайки худро бо кабӯтаре фиристод.

Подшоҳ ба маҳзи дарёфти нома, ҳукми қатли оҳангарро содир кард ва тайи номае ҳукми худро тавассути кабӯтаре ирсол кард. Аммо аз бахти бад ҳодисаи аҷибе рух дод. Кабӯтари пайкбар, ки ҷуфти ошиқаш дар Шуштар зиндагӣ мекард, ба ҷойи Балх номаро ба Шуштар бурд. Яъне ба ҷойи шимол масири ҷанубро дар пеш гирифт ва дар Шуштар ба замин нишаст. Нома бо муҳри ҳукуматӣ ба дасти волии Шуштар расид.

Волии Шуштар таъаҷҷуб кард. Зеро дар Шуштар аввалан ҳеч шахси мухолифе вуҷуд надошт ва ҳама мутеъ ва фармонбардор буданд. Ва сониян, аслан дар Шуштар оҳангаре набуд ва мардум барои ин кор ба шаҳрҳои муҷовир мерафтанд. Аммо ба ҳар ҳол, ҳукм ҳукми подшоҳ буд ва бояд иҷро мешуд. Волии Шуштар барои ин ки ҳукми подшоҳ иҷро бишавад, пас аз машварат бо атрофиён, ба ин натиҷа расид ки аввалан, дар забони мардуми марказнишин ба мис оҳан мегӯянд. Ва сониян, эҳтимолан шуштариҳо ҳам ба далели рифоҳи иҷтимоии боло табдил ба шимолшаҳриҳо шудаанд. Аз ин рӯ, ба ҳукми волӣ тамоми мисгарҳои Шуштарро гирд оварданд ва гардан заданд:

Гунаҳ кард дар Балх оҳангаре,

Ба Шуштар заданд гардан мисгаре.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading