Боздошти бастагони Сайидумар Ҳусайнӣ, аммо ба хотири фаъолиятҳои писараш

Имрӯз (24.12.2015) маъмурони нерӯҳои интизомӣ дар шаҳри Душанбе ҳамсар ва писари Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро – ки ҳаминак дар зиндон ба сар мебарад – боздошт карданд ва дар ҳоли ҳозир Сафармо Давлатова, ҳамсари Ҳусайнӣ ва Абдулло Ҳусайнов, писари вай бозпурсӣ мешаванд.

Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ, писари Сайидумар Ҳусайнӣ, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук дар ин хусус навиштааст: «Ҳудудан ду соат қабл маъмурини УБОП аз хона модар ва бародарамро ба бозпурсӣ бурданд. Ин дуюмин бор аст, ки онҳоро ба УБОП мебаранд

Муҳаммадиқбол дар бораи иллати бурдани модар ва бародараш навиштааст: «Мехоҳанд, ки дигар аз навишан ва баромад дар расонаҳо даст бикашам ва бо касе дар тамос набошам. Падарро, ки бо тӯҳмат боздошт карданд, аз мо мехоҳанд, ки дигар барои дифоъ аз ӯ ба ҳеч куҷо муроҷиат накунем

Вай дар идомаи ёддошти худ хотирнишон кардааст: «Ин бор боздошти онҳо ба хотири ҷавоб додан ба суолҳои хабарнигори хабаргузории АЗИЯ-плюс, ки дар дохили кишвар фаъолият мекунад, мебошад

Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ дирӯз (23.12.2015) дар гуфтугӯ бо хабарнигори хабаргузории Азия-плюс, гуфта буд: «Ман ду ҳафта пеш аз боздошти падарам, аз Тоҷикистон хориҷ шуда будам ва фикр ҳам намекардам, ки вазъият чунин мешавад. Ва дар ҳоли ҳозир дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастам, вале бастагони ман, ки дар Тоҷикистонанд, аз ман дархост карданд, ки ин корро накунам, зеро фишорҳо рӯи онҳо зиёд хоҳад шуд

Гуфтанист, 13 узви раёсати ҲНИТ — муовинони раиси ҳизб Сайидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосидинов – рӯзҳои 16-17 сентябри соли равон, билофосила баъди анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи женерол Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ боздошт ва дар боздоштгоҳ нигаҳ дошта мешаванд.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, Кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Омрико дар ибтидои моҳи ноябр дар як гузориш гуфт, дар чанд моҳи охир дар Тоҷикистон ҳудуди 200 тан аз фаъолон ва ҳаводорони ҲНИТ дастгир шуда, бархеи онҳо дар боздошт мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифтаанд.

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading