Дидори Кабирӣ бо раҳбари Эрон


Дар ҳошияи конфронси Ваҳдати Исломӣ, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбари Эрон, ҳамзамон бо солрӯзи милоди Паёмбари Аъзам (с), меҳмонони ширкаткунанда дар конфронси Ваҳдати Исломӣ субҳи имрӯз (29.12.2015) бо Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон дидор карданд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор, бо таъкид бар ин ки акнун навбати дунёи ислом аст, то дар ҷиҳати поярезии шолудаи тамаддуни навини исломӣ гом бардорад, гуфт: «Барои расидан ба ин ҳадаф умеде ба сиёсатмадорони дунёи ислом нест ва бояд уламои дин ва рӯшанфикрони ростин, ки қиблаи онҳо ғарб нест, иқдом ба рӯшангарӣ дар миёни уммати исломӣ кунанд ва бидонанд, ки барпоии ин тамаддун имконпазир аст

Раҳбари Эрон, зимни табрики солрӯзи милоди Паёмбари Ислом (с), бо ишора ба дамида шудани руҳи зиндагӣ ва маънавияти воқеӣ ва эҳёи дунёи мурда ва офатзадаи ҷоҳилият бо зуҳури ислом ва вилодат ва беъсати Паёмбар (с), муҳимтарин вазифаи имрӯзи дунёи ислом бавижа уламо ва рӯшанфикрони ростинро «талоши муҷиддона ва муҷоҳидона» барои дамидани руҳи воқеии ислом ва маънавият дар дунёи пур аз зулм ва табъиз ва қасовати кунунӣ донист ва таъкид кард: «Имрӯз навбати дунёи ислом аст, ки бо истифода аз дониш ва абзорҳои ҷаҳонӣ ва ҳамчунин ақлу хирадмандӣ ва тадаббур ва басират, дар ҷиҳати барпоии тамаддуни навини исломӣ ҳаракат кунад

Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт: «Имрӯз вазифаи уммати исломӣ фақат гиромидошти милод ё беъсати Паёмбари ислом (с) нест, балки дунёи ислом бояд эҳтимоми худро расидан ба тамаддуни навини исломӣ қарор диҳад.»

Вай афзуд: «Тамаддуни навини исломӣ ба маънои таҷовуз ба сарзаминҳо, поймол кардани ҳуқуқи инсонҳо ва таҳмил кардани ахлоқ ва фарҳанги худ ба миллатҳо назири он чизе нест, ки тамаддуни ғарбӣ анҷом дод, балки ба маънои ҳадя кардани фазилати илоҳӣ ба башарият ва эҷоди замина барои ташхиси масири саҳеҳ ба василаи худи инсонҳо аст

Раҳбари Эрон бо ишора ба истифодаи ғарб аз дониш ва фалсафаи дунёи ислом барои поярезии тамаддуни худ, хотирнишон кард: «Ин тамаддун агарчи ҷилваҳои зебое аз фанноварӣ, суръат, суҳулат ва абзорҳои мухталифи зиндагӣ ироа кард, аммо барои башарият хушбахтӣ, саодат ва адолат ба армуғон наовард ва дар даруни худ низ дучори тазод шудааст

Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид кард: «Тамаддуни ғарб бо зоҳири пурзарқу барқи худ акнун аз лиҳози ахлоқӣ фосид ва аз лиҳози маънавӣ холӣ шудааст, ба гунае ки худи ғарбиҳо ба ин воқеият изъон мекунанд.»

Вай бо таъкид бар ин ки акнун навбати дунёи ислом аст то дар ҷиҳати поярезии шолудаи тамаддуни навини исломӣ гом бардорад, гуфт: «Барои расидан ба ин ҳадаф умеде ба сиёсатмадорони дунёи ислом нест ва бояд уламои дин ва рӯшанфикрони ростин, ки қиблаи онҳо ғарб нест, иқдом ба рӯшангарӣ дар миёни уммати исломӣ кунанд ва бидонанд, ки барпоии ин тамаддун имконпазир аст

Раҳбари Эрон бо ишора ба зарфиятҳо ва тавоноиҳои дунёи ислом аз ҷумла сарзаминҳои хуб, мавқеъиятҳои ҷуғрофиёии мумтоз, манобеи табиии фаровон ва нерӯи инсонии боистеъдод, хотирнишон кард: «Агар ин зарфиятҳо бо таъолими воқеии ислом дар ҳам омехта шаванд, уммати исломӣ метавонад офаринишҳои ҳунармандонаи худро дар арсаҳои илму сиёсат ва фанноварӣ ва ҳамчунин арсаҳои иҷтимоӣ ба зуҳур бирасонад.»

Оятуллоҳ Хоманаӣ низоми Ҷумҳурии Исломии Эронро як намуна аз расидан ба ин аҳдофи бузург баршумурд ва афзуд: «Эрон қабл аз пирӯзии инқилоби исломӣ, аз лиҳози илмӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ақибуфтода ва аз лиҳози сиёсӣ мунзавӣ ва аз лиҳози шуъуноти кишвар комилан вобаста буд, аммо имрӯз ба баракати ислом, миллати Эрон ҳувият ва шахсияти худро нишон дода ва кишвар ба пешрафтҳои муҳимме дар илму фанноварӣ ва донишҳои навин расида ва ҷузъи чанд кишвари бартар дар ин арсаҳост

Вай ин намунаро қобили таъмим барои ҳамаи дунёи ислом донист ва таъкид кард: «Расидан ба ин ҷойгоҳ шарт дорад ва шарти он низ кӯтоҳ шудани сояи сангини абарқудратҳо аз миллатҳост, ки албатта ҳазина ҳам дорад, зеро расидан ба аҳдофи бузург бидуни додани ҳазина имконпазир нест.»

Раҳбари Эрон бо таъкид бар ин ки дар тамаддуни исломӣ бар хилофи тамаддуни ғарб, ҳеч кишваре бо зӯр таҳти султа қарор намегирад, афзуд: «Дар поярезии тамаддуни навини исломӣ набояд нигоҳамон ба ғарбиҳо бошад ва набояд ба лабханду ахми онҳо таваҷҷӯҳ кунем, балки бояд бо такя ба тавоноиҳо ва зарфиятҳои худ дар масири саҳеҳ ҳаракат кунем.»

Оятуллоҳ Хоманаӣ яке аз абзорҳои душманон барои ҷилавгирӣ аз барпоии тамаддуни навини исломиро эҷоди тафриқа миёни мусалмонон донист ва гуфт: «Аз ҳангоме ки мавзӯи шиъа ва суннӣ дар адабиёти мақомот ва сиёсатмадорони омрикоӣ матраҳ шуд, аҳли фаҳму аҳли назар нигарон шуданд, зеро мушаххас буд, онҳо ба дунболи як тавтиъаи ҷадди ва хатарноктар аз қабл ҳастанд

Вай, бо таъкид бар ин ки омрикоиҳо бо асли ислом мухолиф ҳастанд ва набояд фиреби изҳороти онҳоро дар ҳимоят аз бархе фирқаҳо хӯрд, хотирнишон кард: «Изҳороти раисиҷумҳури қаблии Омрико баъд аз моҷарои 11-уми сентябр, ки сухан аз ҷанги салибӣ бар забон овард, дар воқеъ нишондиҳандаи ҷанги дунёи истикбор бо ислом аст

Раҳбари Эрон, изҳороти мақомоти феълии Омрико мабнӣ бар мувофиқат бо исломро хилофи воқеъ ва нишонаи нифоқи онҳо донист ва гуфт: «Мақомоти феълии Омрико бо асли ислом мухолиф ва бар хилофи изҳороте, ки мекунанд, ба дунболи эҷоди ихтилоф миёни мусалмонон ҳастанд ва намунаи он ҳам, эҷоди фирқаҳои теруристӣ ҳамчун ДОЪИШ ва фирқаҳои дигар аст, ки бо пули вобастагон ба Омрико ва кӯмакҳои сиёсии онон ба вуҷуд омада ва фаҷоеъи кунуниро дар дунёи ислом ба бор овардаанд

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки изҳороти мақомоти омрикоӣ мабнӣ бар мувофиқат бо суннӣ ва мухолифат бо шиъа дурӯғ аст, афзуд: «Магар мардуми Ғазза, ки он гуна мавриди таҳоҷум қарор гиритфанд, суннӣ набуданд ва бо мардуми Каронаи Бохтарӣ, ки ин гуна таҳти фишор ҳастанд суннӣ нестанд?»

Вай, бо ишора ба изҳороти як сиёсатмадори омрикоӣ мабнӣ бар инки «душмани Омрико исломгароӣ аст» таъкид кард: «Барои омрикоиҳо шиъа ва суннӣ тафовуте надорад, онҳо бо ҳар мусалмоне, ки бихоҳад бар асоси аҳком ва қавонини исломӣ зиндагӣ ва барои он муҷоҳидат кунад, мухолиф ҳастанд

Раҳбари Эрон мушкили аслии омрикоиҳо бо мусалмононро, пойбандӣ ба аҳком ва дастуроти ислом ва талош барои поярезии тамаддуни исломӣ донист ва хотирнишон кард: «Ба ҳамин далел аст, ки ҳангоме ки Бедории Исломӣ оғоз шуд, онҳо саросема ва нигарон шуданд ва талош карданд, онро маҳор кунанд, ки дар бархе кишварҳо низ муваффақ шуданд, аммо Бедории Исломӣ нобудшуданӣ нест ва ба лутфи илоҳӣ ба аҳдофи худ хоҳад расид

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳадафи аслии ҷабҳаи истикборро эҷоди ҷанги дохилӣ миёни мусалмонон ва нобудии зерсохтҳои кишварҳои исломӣ ҳамчун Сурия, Яман ва Либӣ донист ва гуфт: «Набояд дар муқобили ин тавтиъа сокит нишаст ва таслим шуд, балки бояд бо касби басират ва ҳифзи истиқомат дар муқобили ин тавтиъаҳо истод

Вай, бо интиқод аз сукути дунёи ислом дар қиболи истимрори фишор бар мусалмонони Баҳрайн ва ҳамчунин наздик ба як сол бомборони шабонарӯзии Яман ва авзоъи Сурия ва Ироқ, ба қазоёи ахири Ниҷерия ишора кард ва афзуд: «Чаро бояд дар мавриди шайхи муслиҳи тақрибӣ ва мӯъмин ин гуна фоҷеаофаринӣ шавад ва ҳудуди 1000 нафар кушта шаванд ва фарзандони �� ба шаҳодат бирасанд ва дунёи ислом сокит бимонад?»

Раҳбари Эрон таъкид кард: «Аҳдофи душманони ислом бисёр хатарнок аст ва вазифаи ҳама басират ва бедорӣ аст ва дар ин миён вазифаи уламои ислом ва рӯшанфикрони ростин аст, ки бо мардум ва сиёсатмадорони дорои виҷдони бедор сӯҳбат ва воқеиятҳоро баён кунанд.»

Оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон кард: «Ҳангоме ки дунёи зару зӯр бо ҳамаи тавон ба дунболи тарроҳиҳои хатарнок барои дунёи ислом аст, касе ҳақ надорад ба хоб биравад ва мутаваҷҷеҳи воқеиятҳо набошад.»

Дар поёни ин маросим ҷамъе аз меҳмонони ширкаткунанда дар Конфронси Ваҳдати Исломӣ, аз наздик бо Раҳбари Эрон дидор карданд.

Гуфтанист, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, бо ҳайъате аз аъзои ин ҳизб дар ин конфронс ширкат ва бо шуморе аз раҳбарони ҷаҳони ислом дар ҳошияи ин конфронс дидор ва гуфтугӯ кард.

Аз Тоҷикистон, ба иловаи раиси ҲНИТ, ҳамчунин Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Сулаймон Давлатов, раиси Кумитаи дин ширкат доранд.

Тасовире аз ин маросим:







_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading