Рамзҳо ва рангҳои соли 2015 аз назари Додоҷон Атовуллоев

Ёддошти ихтисосӣ барои пойгоҳи Кимиёи саодат

777555Портрети сол

Ҷомадон дар даст ё кӯлборе дар китф, чашмони маҳзун ва андӯҳгин ва сари пурандешаву пурташвиш… Агар ман рассом мебудам, тасвири сол бароям ин манзара мебуд. Тасвири як тоҷик дар соли 2015 ҳамин буд.

Ашёи сол

Ҷомадон — ҳамсафар ва ҳамроҳи аксари мардуми кишвар дар ин сол буд. Саффи муҳоҷирон аз ду миллион ҳам гузашт. Падидаи нав фирори бесобиқаи ҳамватанон ба Урупо буд. Дар тамоми кампҳои Урупо имрӯз метавон бо ҳамватанони мо рӯ ба рӯ шуд. Ҳатто дар айёми ҷанги шаҳрвандӣ чунин вазъе мушоҳида нашуда буд. Олимон ва ҷавонони донишманд аз ноумедӣ кишварро тарк мекунанд. Фирори мағзҳо фоҷеаи миллист, аммо кам касе инро дарк мекунад.

Калимаи сол

Митинг — калимаи ноошно ва аз ёдҳо рафта, боз ба қомуси тоҷикистониён ворид шуд. Берлин, Истанбул, Бонн, Вена – марказҳои озодихоҳони тоҷик гардиданд ва аз ин марказҳо паёмҳое ба ҳукумат ва миллат расонида шуд.

Фирори сол

Дӯсти самимии писари Эмомалӣ Раҳмон, командири ОМОН-и республика, полковник Гулмурод Ҳалимов ДОИШ-ро бар ҳукумати пур аз фасоди Тоҷикистон тарҷеҳ дод ва ба ин гурӯҳ пайваст. Ин амали вай ҳукуматро шармандаи олам гардонид. Тамоми расонаҳои дунё аз ин фирор навиштанд ва ҳанӯз менависанд.

Номи сол

Машҳуртарин ном Умар буд. Террори сиёсатмадори мухолиф — Умаралӣ Қувватов дар Истанбул, қатли Умар Бобоҷонов — донишомӯзи ваҳдатӣ ба хотири риш доштан, марги пурмуаммои тифлаки панҷмоҳа дар Санкт-Петербург — Умар Назаров боис гардиданд, ки исми Умар дар ҳамаи хонаҳо ва тамоми расонаҳо бипечад.

Муаммои сол

Шӯриш ё кӯшиши табаддулот? Ҳанӯз касе намедонад, ки муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода чӣ мехост ва чаро ошӯб бапо кард? Умедворам, сирри ин ҳаракат бармало шавад, гарчӣ бо дар назар гирифтани баҳрабардориҳои сиёсие, ки режим аз ин «ошӯб» мекунад, метавон эҳтимол дод, ки ин кор кори дасти чӣ ҷиҳате мебошад. Аммо дар арзёбӣ саросема намешавем, айём нишон хоҳад дод.

Набарди сол

Ҷанги ҳукумат бо Наҳзат бо созмони «террористӣ» эълон кардану бастан ва зиндон кардани беш аз 200 нафар фаъолони ин ҳизби исломӣ ба поён расид.

Каҳрамони сол

Адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров дар саффи қаҳрамонони айёми мо яъне: Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Имомназар Имомназаров, Зайд Саидов, Шӯҳрат Қудратов, Мақсуд Иброҳимов ҷо гирифт. Дар даруни зиндон қаҳрамони дигаре, Нуриддин Махкамов, бо ӯст.

Як ҷумлаи Бузургмеҳр беҳтарин тавсияномаи ӯ барои ин унвон аст. Ҳангоме ба ӯ пешниҳод мекунанд, ки агар ба хотири хонаводааш аз дастгирӣ ва дифоъ аз наҳзатиҳо даст кашад, ӯро озод мекунанд, Бузургмеҳр мегӯяд: «Ман ба хотири 8 узви оилаам, аз манфиати 8 миллион ҳамватанам рӯ намегардонам!»

Фармони сол

Имзои Эмомалӣ Раҳмонов дар зери қарор дар бораи «Пешвои миллат» эълон кардани худаш буд, ки фармонҳои Кадушоҳи намоишномаи куҳанро ба ёд меовард.

Ранги сол

Ду ранг боз ҳам ранги асосӣ дар Тоҷикистон буд: сурху сиёҳ.

Сурх — хун. Мутаассифона боз ҳам хун рехт. Садҳо нафар кушта шуданд. Ҳазорон ҳазор хун гиристанд: яке аз бенонӣ, дигаре аз мӯҳтоҷӣ, саввуме аз зулм.

Сиёҳ. Ҳукумат боз сияҳкорияшро идома дод ва бар сияҳномияш афзуд. Сатҳи зиндагӣ аз паст ҳам пасттар шуд. Бекорӣ ба авҷи аълояш расид. Бо моҳона ва нафақапулӣ касе наметавонад ақаллан як ҳафта зиндагияшро бичархонад.

Хулосаи сол

Дар назари аввал чунин менамояд, ки гӯё ҳама чиз тамом шуда ва умеди дигаргунӣ ва таҳаввулот дар кишвари азизамон мурдааст ва режиму раҳбари режим ҷовидониянд. Аммо дар асл, ҳукумат дар сакароти марг қарор дорад. Талвосаи ҷонканӣ, дилвопасӣ, даступохӯрӣ, даъвоҷӯӣ, ва надоштани табиби зираке водор мекунад, ки ӯ ҳатто паси хато хато кунад. Тарси марг бадтар аз марг аст. Ин мариз худро бо дастони худ мекушад, на куштани умарҳо, на бастани ҳизбҳо ва даҳонҳо, на пур кардани зиндонҳо аз норозиён, на худро пешвову пайғамбар эълон карданҳо.

Шиори сол

Инқилоб! Инқилобе, ки савганднома ва барномаи Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон гаштааст ва ҳар рӯз баландтар садо медиҳад ва дарҳоро мекӯбад.

Дуруд соли нав!

Гарчӣ соли нави ман ҳамон соле хоҳад буд, ки инқилоби мардумӣ пирӯз гардад. Дигар ҳама солҳо бароям соли кӯҳна ва соли такрорӣ ва берангу таровате хоҳанд монд.


Манбаъ: Кимиёи саодат

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading