Зикриё Шоев: Гулмурод Ҳалимов ҷосуси Эмомалӣ Раҳмон аст?


1431009085_tainoti_mahsus_0Бар асоси гузориши сойти Tajinfo.org, сарҳанги ба ДОИШ пайваста, Гулмурод Ҳалимов, баъд аз хомӯшии дарозмуддат, ду рӯз пеш (01.01.2016), якдафъа зоҳир шуд ва бо интиқод аз Кабирӣ, ӯро ба «шиъагарӣ» муттаҳам кард. Ҳалимов бо иддаъои ин ки Муҳиддин Кабирӣ «шиъа» ва «дастпарвардаи шиъаён» аст, Кабириро мавриди ҳамла ва интиқод қарор дод.

Ба назар мерасад, ин собиқ сарҳанги ҳукумати Раҳмон ҷосуси варзидае аст, ки барои чанд ��удрат ва ё беҳтар аст бигӯем, барои чанд кишвар ҷосусӣ мекунад. Ва ҳарчанд ин фақат як иддаъои холӣ нест, аммо боз ҳам ба баррасӣ ниёз дорад, агарчӣ далоиле ҳам ба даст расидааст, ки дар зер ба он ишора намуда ва қазоватро ба хонанда вогузор хоҳем намуд.

Ҳамдам

Бар асоси иддаъои худи Гулмурод Ҳалимов, вай раиси ОМОН ва горди вижаи раисиҷумҳур будааст ва бисёр рух медода, ки вай ба танҳоӣ бо Раҳмон дар утоқи кории раёсати ҷумҳурӣ ба гуфтугӯ менишастааст ва ё шоҳиди гуфтугӯҳои Раҳмон бо баъзе вазирон дар танҳоӣ будааст.

Тибқи гуфтаҳои худаш, замоне ки тасмими мубориза бо ҳиҷоби исломӣ, байни раисиҷумҳур ва вазири маориф тасмимгирӣ мешуд, вай онҷо ҳозир буда ва шоҳиди ин гуфтугӯ шудааст. Дар он лаҳза, Гулмуроди «ҳидоятёфта» аз дарун месӯзад, вале чизе намегӯяд.

Бастагони Гулмурод Ҳалимови доъишӣ дар Кумитаи амният ҳанӯз ҳам машғул ба коранд

Сиёсати ҳукумати худкомаи Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 24-сол нишон дод, ки вай камтарин раҳме ба душманонаш надорад. Ҳар касе ба душманӣ ва мухолифати ин фард бархост, ҳам худаш ба фаҷеътарин вазъ аз байн меравад ва ҳам афроди хонаводааш бадбахту гирифтор ва зиндонӣ мешаванд.

Метавон ба чанд намуна ҳам ишора намуд, ки касоне мухолифат карданд ва он гоҳ ҳам худашон ва ҳам бастагонашон ба чӣ рӯзгоре афтоданд, вале бастагони Гулмурод Ҳалимов, ки дар Кумитаи амният ё ниҳодҳои қудратии дигар машғул ба коранд, ҳанӯз чашму гӯши ҳукумат дониста мешавад.

Албатта ин кори писандида нест, ки ба гуноҳи касе каси дигар муҷозот шавад ва аз тарафе ҷои хушҳолӣ дорад, ки бастагони ин сарҳанг бо фишорҳои ҳукуматӣ рӯ ба рӯ нашудаанд. Аммо сиёсату равиши ҳукуматро вақте дар назар мегирем, таъаҷҷуб пеш меояд, ки чаро бархӯрди дугона намудааст, магар ин ки нимкосае зери коса махфӣ бошад!

Чанд намуна аз афроде, ки аз сиёсатҳои ҳукумати Эмомалӣ интиқод намудаанд ва авоқиби онон:

1 — Абдуҳалим Назарзода – генерал, муовини вазири дифои Тоҷикистон

Аъмоли Ҳоҷӣ Ҳалим намунаи боризи душманӣ ва мухолифат бо Эмомалӣ Раҳмон буд, ки натиҷааш маълум аст. Балоҳо бар сари хонаводааш нозил шуд. Абдуҳалим Назарзода худаш кушта шуд ва тамоми мардони ин хонавода низ ба қатл расиданд.

Бар фарзи ин ки Абдуҳалим Назарзода душмани Раҳмон буд, аммо писарон, бародарон, домодҳо ва шогирдонаш чӣ гуноҳе доштанд?! Ба чӣ ҷурме кушта шуданд?!

2 – Муҳиддин Кабирӣ – раиси ҲНИТ, шахсияти сиёсӣ, вакили мардумӣ дар порлумон

Ин шахсият ба далели ин ки рақобати шадиде бо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дошт, муҷрим ва анвои тӯҳматҳо бар вай баста шуд, худаш кишварро тарк, аммо афроди хонаводааш, пирамарди 95-сола падараш, аммаи 68-сола, амаки 78-сола ва дигар афроди хонаводааш бо анвои фишору таъқибҳо рӯ ба рӯ шуданд.

3 – Умаралӣ Қувватов – раҳбари Гурӯҳи 24

Мухолифи сарсахти Раҳмон ва ҳукумати вай. Худаш террор шуд, 5 фарзандаш, ки ҷурме надоранд, овораи кишварҳои бегонаанду «душмани миллат» хонда шудаанд.

4 — Шери Язғуломӣ

Аз муҳофизони Устод Нурӣ буд, дар пайи ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015, муҷрим дониста шуда ва таҳти таъқиб аст. Аммо чаро бояд зану фарзандони ноболиғаш маҳбус бошанд?!

Аз ин намунаҳо зиёд дорем, лекин то ҳаминҷо басанда мекунем, аммо суол инҷост, Гулмурод Ҳалимов, ки борҳо Эмомалиро таҳдид намуд, агар душмани вай бошад, чӣ гуна бародараш дар кумитаи амният (ё вазорати дохила) машғул ба кор аст? Албатта бояд хушҳол буд, ки дар ин як маврид, ҳаддиақал инсони бегуноҳ мавриди ғазаб қарор нагирифтааст.

Аммо равиши Раҳмон ин буд, ки ҳамеша дар расонаҳо, минбари масоҷид ва ҳама ҷо аз душманонаш бадгӯӣ ба амал ояд, вале чӣ гуна шудааст, ки Гулмурод мавриди ғафлат қарор гирифтааст?

Тааммуле бар изҳороти Гулмурод Ҳалимов дар бораи Муҳидин Кабирӣ

Яке аз мавориде, ки эҳтимоли ҷосусии Гулмурод Ҳалимовро бештар мекунад, суханпардозии ӯ дар мавриди Муҳиддин Кабирӣ ва интиқоди ахири ӯст. Ин рафтори ӯ маънои тақвияти мавзеи Эмомалӣ Раҳмон ва тазъифи душманони ӯро дорад. Ба ин маъно, ки Ҳалимов ҳамон суханонеро мегӯяд, ки Эмомалӣ ва атрофиёнаш мегӯянд ва ба иборати дигар, Ҳалимов нақшаи баландгӯи Раҳмонро ифо мекунад, аммо аз ҷойгоҳи як ҷангҷӯи ДОЪИШ. Ҳамчунин, чизеро мегӯяд, ки Раҳмон мехоҳад ва касеро тахриб мекунад, ки Раҳмон мехоҳад.

Аммо чаро сиёсати зиддидинии Раҳмонро ба интиқод намегирад? Чаро бо интиқод аз ин сиёсатҳо ба тазъифи Эмомалӣ Раҳмон даст намезанад? Чаро дар масире ҳаракат мекунад, ки Раҳмон дар ҳаракат аст? Раҳмон чизеро сиёҳ гӯяд, ӯ ҳам сиёҳ мегӯяд.

Пас аз сафари ахири Кабирӣ ба Эрон ва интиқоди давлатмардони тоҷик аз иқдоми эрониён, Гулмурод Ҳалимов низ ба сухан даромад ва дар ростои ҳаракати Раҳмон ва атрофиёнаш, лаб ба интиқоди шадид аз Кабирӣ боз намуда ва ӯро ба шиъаву шиъагарӣ муттаҳам сохт?

Магар мушкили Тоҷикистон баҳси шиъаву суннист, ё озод будани масҷиду дин, намозу ҳиҷобу азон, маносики динӣ ва рафоҳу маишати мардум?

Чаро Гулмурод Ҳалимов аз ин ҳама мусибату бадбахтиҳое, ки дар кишвар соя афканда ва дину имони мардум ва намозу ҳиҷоби мусалмононро ҳадаф қарор додааст, сухане намегӯяд, балки ба сафари Муҳиддин Кабирӣ, ки ба унвони меҳмоне ҷое рафтааст, мепардозад?

Ҷавоб комилан возеҳ аст ва он ин ки сарҳанг Гулмурод Ҳалимов ҳанӯз дар хидмати Эмомалӣ Раҳмон аст, барои вай кор мекунад ва аъмоли ҷосусӣ анҷом медиҳад ва дар масири Раҳмон дар ҳаракат аст.

Дар охир, аз Худованди Бузург мехоҳем, ин миллати ҷабрдидаро аз зери ситами Раҳмон ва наздиконаш наҷот бахшад то мардум битавонанд ба дину оини худ озодона амал намоянд ва зиндагии инсонӣ дошта бошанд. Ва ҳамчунин пешопеш аз масъули сайти Кимиёи саодат ташаккур мекунем, ки ҳозир шуданд ин ёддоштро нашр намоянд.

Ёддошти Зикриё Шоев

Манбаъ: Кимиёи Саодат

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии (1) -

  • Шер аз Мастчох

    09.01.2016 14:26:10 | Ответить на комментарий

    бадтарин гунох ин хиенат ба ватан ба миллати худ аст. Мусаллам хаст ки муаллиф  ин хачвиет тарафдори  душманони халки точик хаст. давлат бо максади дифоь аз манофеи милли худ хар кореро хост бигзор анчом дихад. Ту хоин агар хакикатан точик мебуди ин хачвиетро наменависти. бо ин амал ту бори дигар собит сохти ки душмани миллат халк хасти хоин Юнус. рузе фаро мерасад ки ба газаби худо гирифтор мегарди . аллакай халк фахмид ки ту ва тарафдорони ту дар кадом хадафи нопок хастанд. хози хам дер нашудааст аз фикрат гард тавба кун то мисли сагтнамури. мон мардум осоишта умр барал

Добавить комментарий

Loading