Ифшои нақши меҳварии Раҳмон дар ҳаводиси моҳи сентябр дар Тоҷикистон

9C0CA68E-97BF-4709-9777-A11B7FBB650B_cx33_cy19_cw48_mw1024_mh1024_s

Тибқи изҳороти як манбаи наздик ба Рамазон Раҳимзода, чанд рӯз пеш аз даргириҳои моҳи сентбяр, раисиҷумҳури Тоҷикистон баёнияеро тавассути Раҳимзода ба женерол Абдуҳалим Назарзода (муовини собиқи вазири дифоъ) дода мабнӣ бар он ки фармондеҳони собиқи опозисиюн хостори таътилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳастанд ва аз ин иқдом ҳимоят мекунанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Afghanews, фиристодаи вижаи Раҳмон ба Назарзода гуфта, ки раисҷумҳур дастур додааст, то шумо ба ҳамроҳи соири фармондеҳони собиқи опозисиюн, баёнияро имзо ва сипас шахсан онро дар шабакаи саросарии телевизиюн қироат намоед.

Гузориш меафзояд, аммо женерол Абудҳалим Назарзода аз имзои ин баёния худдорӣ намуда ва танҳо се нафар аз миёни 15 нафар аз фармондеҳони собиқи опозисиюн, иҷборан баёнияро имзо мекунанд ва ҳукумати Тоҷикистон бо имзои ҷаълии соири фармондеҳон чунин вонамуд мекунад, ки ҳамаи фармондеҳони собиқи опозисиюн хостори таътилии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳастанд.

Тибқи ин гузориш, имзо накардани женерол Назарзода ва фармондеҳони вафодор ба вай зери ин баёния ва ҳимояти зимнии онҳо аз Ҳизби наҳзати исломӣ, сабаб мешавад, ҳукумати Раҳмон барои дастгирӣ ва саркӯби вай иқдом намояд. 

Afghanews дар идомаи гузориши худ афзудааст, бар асоси иттилооти дарёфтӣ, женерол Абдуҳалим Назарзода аз тариқи омилҳои худ дар ҳокимият, аз барномаи тарҳрезишуда барои дастгирии худ иттилоъ ёфта, бинобар ин саҳаргоҳи 04.09.2015 ба ҳамроҳи тане чанд аз фармондеҳони вафодор ва нерӯҳои таҳти амри худ бо масдуд дидани тамоми роҳҳои халосӣ, барои ҷилавгирӣ аз шикасти мутлақ ва дар ҳоле ки нерӯҳои давлатӣ роҳҳои вурудӣ ва хуруҷии шаҳри Душанберо масдуд намуда буданд, иқдом ба даргирӣ бо нерӯҳои давлатӣ ва хуруҷ аз шаҳр ва истиқрор дар дарраи Ромит намуд, ки ниҳоятан дар торихи 16.09.2015 кушта ва нерӯҳои боқимонда дастгир шуданд.

Пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Afghanews дар поёни гузориши худ навиштааст, женерол Назарзода аз аъзои 20 сол пеши ИНОТ буда ва пас аз машғулӣ дар Вазорати дифоъ, иртиботи ӯ бо ҲНИТ комилан қатъ мегардад. Дар хусуси ин ҷараён низ Муҳиддин Кабирӣ, раҳбарии ҲНИТ, тайи номае аз иқдомоти женерол Назарзода табаррӣ менамояд. Бинобар ин, комилан мушаххас аст, ки кулли ин иқдомот як сенориюе аз пеш навишташуда барои бархӯрди қаҳромез бо ҲНИТ ва дар ниҳоят бастани расмии он аз ҷониби ҳукумат будааст.

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии (2) -

  • Сагера.

    03.01.2016 20:13:17 | Ответить на комментарий

    МАРГ БА ЭМОМАЛИ ШАРИПОВИЧ. ЭМОМАЛИ РАХМОНОВ ХОИНИ ТОЧДОРОН МАРГ БА АВЛОДИ ЭМОМАЛИ ШАРИПОВИЧ...

  • Башир

    03.01.2016 22:06:27 | Ответить на комментарий

    Ин нокас рахмон субхи хамон руз тамоми авлоди Назарзода ро гаравгон гирифта се бародари у ро ба дарраи Ромит бурда талаб мекунад ки женерол худаш ро таслим кунад вакте чавоби рад мегирад се бародари у ро (Абдулкарим Абдурахим ва Мирзохаёт ро ба шаходат мерасонад) ва худи уро аз тарики авиация ва артилерия ба шаходат мерасонанд.

Добавить комментарий

Loading