Нигаронии Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ аз манъи падари Кабирӣ аз парвоз

hqdefault (1)Надежда Атаева, раҳбари Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, дар пайи манъи Тилло Кабиров, падари 95-солаи Муҳиддин Кабирӣ аз сӯйи мақомоти интизомии тоҷик аз парвоз ба Истанбул, изҳор дошт: «Ин иқдоми мақомоти тоҷик як навъ интиқомҷӯии ғайриқонунӣ ва ошкоро нисбат ба наздикони раҳбари ҲНИТ ва дигар аъзоёни он аст.»

Субҳи имрӯз (04.01.2016) мақомоти интизомии Тоҷикистон ба Тилло Кабиров, падари 95-солаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва набераи ӯ иҷоза надоданд, ки ба шаҳри Истамбул парвоз кунанд.

150313184822_nadezhda_ataeva_624x351_bbcНадежда Атаева, раҳбари Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, ки мақарраш дар Пориси Фаронса аст, дар гуфтугӯ бо пойгози Кимиёи саодат, бо баёни ин ки «Имрӯзҳо дар Тоҷикистон як навъ интиқомҷӯии ғайриқонунӣ ва ошкоро нисбат ба наздикони раҳбари ҲНИТ ва дигар аъзоёни он дар ҷараён аст», гуфт: «Лозим ба тазаккур аст, ки ин ҳаракатҳои саркӯбгарона, вокуниш ва аксуламали ҳукуматдорони тоҷик нисбат ба ифшосозӣ ва интиқодот аз рафторҳои номуносиби режими Эмомалӣ Раҳмон мебошад

Вай афзуд: «Шароити пешомада, ки як қонуншикании ошкор аст, нигаронии шадиди созмонҳои ҳуқуқи башарро барангехтааст

Руҳулло Тиллозода, писари Муҳиддин Кабирӣ гуфт, падарбузургаш бемор буд ва барои дармон мехост ба шаҳри Истамбули Туркия биёяд. Падарбузргам ҳамроҳ бо набераи худ мехостанд бо ҳавопаймои ширкати Turkish Аirlines аз Душанбе ба Истамбул парвоз кунанд, вале мақомоти интизомӣ монеи сафари онҳо шудаанд.

Гуфтанист, субҳи 15.12.2015 мақомоти интизомии Тоҷикистон шуморе аз бастагон ва наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломиро боздошт ва водор ба сухан гуфтан дар баробари дурбин карда буданд.

Дар пайи он, гурӯҳе аз фаъолони тоҷик дар номае ба Пан Ги Мун, Дабири кулли СММ, зимни маҳкум кардани ин рухдод, аз СММ дархост карда буднд, ҷилави бебандубориҳои ҳукумати Тоҷикистон биистад ва нагузорад, ин ҳукумат бо дигарендешон инчунин рафтори ғайри ахлоқӣ намояд.

Ҳамчунин Созмони «Хонаи Озодӣ» (ё Freedom House), ки марказаш дар Омрикост, аз боздошти наздикони Муҳиддин Кабирӣ изҳори нигаронӣ карда буд. Ин созмон рӯзи 16 декабр бо нашри як баёния, аз мақомоти тоҷик тақозо карда буд, то фишор алайҳи хонаводаҳои фаъолони сиёсӣ дар кишварро қатъ кунанд.

Дар ин баёния аз ҷумла омада буд: «Истифодаи наздикони аъзои гурӯҳҳои сиёсӣ ҳамчун гаравгон ба хотири тарсондан ва бастани даҳони мунтақидони ҳукумат ҳуқуқи аслии инсонро поймол мекунад ва сӯи таҳаммули ҳукумат нисбат ба дигарандеширо нишон медиҳад.»

Манбаъ: Кимиёи Саодат

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading