Кабирӣ эътирози мақомоти Тоҷикистонро «баччагона» донист

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, дар гуфтугӯ бо сойти Sunnionline, бо «баччагона» хондани эътирози ҳукумати Тоҷикистон ба Эрон ба хотири ҳузури ӯ дар Конфронси ваҳдати исломӣ, гуфт: «Хеле ҷойи таъаҷҷуб аст, ки Вазорати хориҷаиТоҷикистон расман сафири Эронро эҳзор карда ва нутқи эътирозиашро ба хотири ширкати мо дар ин конфронс, ба вай иблоғ кардааст. Бисёр кори баччагона аст. Ман дар донишгоҳҳои урупоӣ суханронӣ мекунам, моҳи оянда дар ду донишгоҳи урупоӣ суханронӣ дорам. Мақомоти кишвар ҷасорат надоранд нутқи эътирозӣ ба он кишварҳо бифиристанд, вале чун медонанд, ки Эрон кишваре исломӣ ва форсизабон аст, ҷуръат пайдо карданд, ки эътироз бикунанд.»

Инак, машрӯҳи қисмати аввали гуфтугӯи Муҳиддин Кабирӣ бо сойти Sunnionline (пойгоҳи иттилоърасонии аҳли суннати Эрон):

— Шумо раҳбарии ҳизберо ба даст доред, ки танҳо ҳизби исломгарои расмӣ дар Осиёи Миёна аст. Ҳизбе, ки акнун бо саркӯби давлати Тоҷикистон мувоҷеҳ шудааст. Асосан, иллати ин ки ин кишварҳо бо аҳзоби исломӣ ва исломгаро мушкил доранд чист?

— Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Сипос Худованди Мутаъолро, ки фурсате фароҳам кард, то дар хидмати бародарони худамон бошем. Иншоаллоҳ, ки ин гуфтугӯ василае бошад барои шинохти бештари якдигари мусалмонон дар минтақа, ба хусус бародарони аҳли суннат, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зиндагӣ мекунанд. Дар ибтидо муносиб аст торихчаи ин мавзӯъро баён кунам, то хонандагони шумо бештар вориди ин қазия шаванд.

Мардуми Тоҷикистон мардуми воқеан диндор ва пойбанд ба арзишҳои динӣ ва миллии худашон ҳастанд. Дар замони ишғоли кишвар тавассути Шӯравӣ, бо вуҷуди зулми фаровон ва истибдоди онҳо, натавонистанд мардумро аз решаҳои диниашон дур кунанд. Мардум асолати хешро ҳифз карданд ва билофосила пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, мардуми мусалмон ба фикри як амали дастаҷамъӣ шуданд. Яке аз ин абзорҳо таъсиси як ташаккули сиёсии расмӣ буд. Ин талош дар саросари ҷумҳуриҳои Шӯравӣ сурат гирифт. Дар соли 90-ум ва пеш аз фурӯпошӣ, аввалин талош барои таъсиси як ташаккули сиёсӣ сурат гирифт. Дар Астрахани Русия аввалин ҳамоиши Ҳизби наҳзати исломии Шӯравӣ баргузор шуд. Банда ифтихори ҷавонтарин намояндаи он ҳамоишро доштам. Соли аввали таҳсили донишгоҳам буд. Ба тавсияи асотид, масъулияти кор бо донишҷӯён дар он замон бо банда буд. Дар он ҳамоиш ҳизб ҳам таъсис шуд ва дар Маскав сабт ҳам шуд. Вале як сол баъд Шӯравӣ фурӯ пошид ва кишварҳо истиқлол ёфтанд. Зарурат пайдо шуд, ки ин ҳизб дар кишварҳои мухталиф фаъол бошад ва расман сабти ном кунад. Дар ин бурҳаи замонӣ, марҳилаи дуввуми фаъолияти наҳзат оғоз шуд, ки танҳо мо тоҷикҳо тавонистем ҳизби худро сабти номи расмӣ кунем. Дигар бародарони ӯзбак, чечен, доғистонӣ, тотор, қирғиз, қазоқ, озарбойҷонӣ ва ғайра мутаассифона натавонистанд сабти ном кунанд.

— Оё давлатҳо монеъ шуданд?

— Ҳам давлатҳо иҷозат надоданд ва ҳам ҳузури ин бародарон дар майдон камранг буд ва натавонистанд аз дастовардҳои умумӣ дифоъ кунанд. Алҳамду лиллоҳ мо дар Тоҷикистон бо ҳидоят ва раҳбарии устодон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода тавонистем ин сабти расмиро ба даст биёварем.

Аммо бояд гуфт, ки ин ҳам зиёд давом пайдо накард. Ҳудудан дар соли 1992 ва як сол баъд аз фаъолияти расмии ҲНИТ, аввалин интихоботи озод баргузор шуд, ки ҲНИТ дар он фаъолона ширкат дошт. Дар натиҷа як ҳукумати эътилофӣ бар сари кор омад, ки шомили кумунистҳо, ҲНИТ, демукротҳо ва миллигароён буд. Ин давлати эътилофӣ як намунаи бисёр хуб аз дигарпазирӣ ва ҳамзистии нерӯҳо ва андешаҳои гуногун дар Тоҷикистон буд. Вале чун кишварҳои дигар ҳанӯз бар тафаккури қаблии шӯравии кумунистӣ боқӣ монда буданд, таҳаммули пайдоиши як ҷазираи демукросӣ ва мардумсолориро дар Осиёи Марказӣ надоштанд. Онҳо фикр мекарданд, агар ҷилави ин давлат гирифта нашавад, ин намуна метавонад ба тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол ёбад. Як миллат метавонад аз тариқи интихоботи озод давлатеро бар сари кор биёварад, ки намояндагони кулли миллат дар он ҳастанд, онҳо тасаввур ҳам намекарданд, чун 70 сол дар як ҷомеаи такҳизбӣ зиндагӣ карда буданд. Дар натиҷа, бо ҳамкории артиши Русия ва Ӯзбакистон ва кумунистҳои тоҷик ва шибҳинизомиёни маҳаллӣ алайҳи ин ҳукумати ҷавон кудато сурат гирифт ва ҳукумати эътилофӣ маҷбур ба истеъфо ва ҳиҷрат аз кишвар шуд.

— Ва ин боиси шурӯъи ҷанги дохилӣ шуд?

— Бале, ҷангҳои дохилӣ баъд аз ҳамин иттифоқ шурӯъ шуд. Чун билофосила баъд аз кудато, ҳаводорон ва аъзои ҲНИТ, ҳамчунин аъзои Ҳизби демукрот ва Растохез саркӯб шуданд, бисёре кушта шуданд ва бархе ҳам роҳи ҳиҷратро дар пеш гирифтанд.

Метавон гуфт, дар ин фитнаи миллӣ, ҳудуди 200 ҳазор тоҷик кушта шуд ва ҲНИТ ҳам маҷбур ба ҳиҷрат шуд. Бархе аз аъзо ба Афғонистон, мо ба Русия ва бархе ба дигар кишварҳо рафтанд. Ин як марҳилаи ҷадид буд, ки дар он муқовимат, ҷиҳод ва талош барои бозгашти сарбаландона ба ватан оғоз шуд. Дар тӯли 5 сол мубориза, вақте диданд наметавонанд аз роҳи низомӣ ҲНИТ-ро ҳазф кунанд, дубора пойи музокироти сулҳ нишастанд. Дар натиҷаи он, созишномаи сулҳ дар соли 1997 дар Маскав имзо шуд.

— Пас канор омадан бо ҲНИТ, аз натоиҷи ҳамин музокирот ва паймон буд?

— Тибқи ин созишномаи мо бо ҳукумат, Тоҷикистон танҳо кишваре буд, ки дар қонуни асосии он вуҷуди як ҳизби динӣ қонунӣ шуд ва мо фаъолиятҳоямонро шурӯъ кардем. Бояд гуфт, ки самараи ҳамин созишномаи сулҳ буд, ки мо як давраи 10-солаи хубе аз ҳамзистиро байни ҳукумат ва ҲНИТ ва дигар аҳзоб ва гурӯҳҳои гуногуни фикрӣ ва сиёсӣ дар кишвар доштем. Бо ором шудани авзоъ, фазо бозтар мешуд ва ҲНИТ бештар рушд мекард.

Мо тибқи сиёсатҳои ҷавонгароӣ кор бо бонувон ва боз кардани дарҳо ба рӯйи ҳамаи қишрҳои ҷомеа, тавонистем раъйи бисёре аз мардумро ҷазб кунем. Ҳатто дар интихоботи 2010 русзабонҳо ва ақаллиятҳои дигар ба ҲНИТ раъй доданд. Онҳо мегуфтанд, агар як масеҳӣ дар сояи ҷомеаи исломӣ метавонад озодона аз дини худ пайравӣ кунад, андешаҳои худро дошта бошад ва адолат барқарор бошад ва фасод набошад, чаро ба нафъи чунин ҳизбе раъй надиҳем?! Ҳамаи инсонҳо бар асоси дин ва нияташон дунболи адолат ҳастанд. Ин яке аз ниёзҳои фитрии башар аст. Онҳо ба мо раъй доданд ва ин занги хатари қавие буд барои сиёсатмадорон ва мақомоти боло. Албатта онҳо дар интихобот тазвир ва тақаллуб карданд ва кулли орои моро 10 дарсад эълом карданд.

— Дар асл раъйи шумо чанд дарсад буд?

— Нозирони байналмилалӣ ва таҳлилгарони хориҷӣ, ки дар интихобот ширкат доштанд, ҳамчунин нозирони маҳаллӣ ва ҳатто худи кумисиюнҳои интихоботӣ, ки ҳама аз сӯи давлат таъйин мешаванд, мегуфтанд орои мо байни 40 то 50 дарсад будааст. Бо таваҷҷӯҳ ба шароити Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, ин аслан қобили тасаввур барои мақомот нест. Ман худам чун мадраки дуктурои улуми сиёсӣ дорам ва корам ҳамин аст, бештар талош мекунам ҳаддиақалро бигирам. Вақте аз ман суол кунанд, ки шумо чанд дарсад раъй овардед, мегӯям ҳаддиақал 30 дарсад. Вале тибқи протоколҳо ва гузоришҳое, ки дорам, байни 40 то 50 дарсад раъйи ниҳоии мо буд.

Ин раъйи мардум боис шуд, бархе нороҳат шаванд ва бигӯянд, мо натавонистем на дар ҷанг ва на дар муборизаи сиёсӣ ин ҳизбро шикаст диҳем, пас чӣ бояд кард? Онҳо тасмим гирифтанд, решаи фикрӣ ва ақидатии моро аз байн бибаранд ва аз соли 2013 барномаҳоеро алайҳи мо иҷро карданд. Аввал гуфтанд ифротгароӣ ва тундравие, ки дар ҷаҳони ислом дар ҳоли шаклгирӣ аст, решааш дар масҷид, мадраса ва намуди зоҳирӣ аст. Ба баҳонаи имтиҳон, аз имомони масоҷид шурӯъ карданд ва ҳар хатиб, воъиз ва олиме, ки бо сиёсати онҳо мувофиқ набуд ва ё нигоҳи дигаре дошт, онро аз минбар дур карданд. Садҳо имом, олим ва хатиб аз манобир дур шуданд. Бузургтарин уламои кишвар хонанишин шуданд.

Сипас теъдоди масоҷид ва мадорисро маҳдуд карданд. Шумо тасаввур кунед, дар кишваре, ки 98 дарсади ҷамъияти он мусалмон ҳастанд, мо фақат 4 ё 5 мадрасаи динӣ дорем. Сипас суроғи ришу ҳиҷоб, либоси сафед ва намуди зоҳирӣ рафтанд, ҳатто кор ба ҷое расид, ки адои намоз дар хориҷ аз манзил ва масҷид мамнӯъ шуд.

— Иллати душмании давлат бо ин маворид чист?

— Ин кина ва адоват ба динро дар решаи онҳо намебинам, чун онҳо худро мусалмон медонанд.

— Душманӣ бо шаъоир ва намодҳо чӣ нафъе барои онон дорад?

— Инҳо шояд ҳадафашон ин аст, ки ҳаракате мисли ҲНИТ-ро, ки пуштибони ин шаъоир ва рамзҳо ва арзишҳост, тазъиф кунанд. Вале ба назари ман, кори оқилонае набуд. Ҳатто агар ин ҳадафро доштанд, ҳаддиақал бо дин мухолифат намекарданд. Агар бо як ҳаракати динӣ душманӣ бошад, қобили тавҷеҳ аст, аммо наметавон бо дин ба рақобат ва душманӣ пардохт.

Яке аз аҳдофи онҳо ин буд, ки мехостанд бо ангушт гузоштан бар нуқтаи ҳассос, ки барои ҳар мусалмон арзиш дорад, вокунишҳои хашинеро ба вуҷуд биёваранд ва ҲНИТ даст ба коре бизанад, масалан тазоҳуроте роҳ биандозад.

Иқдомҳои хашин аз нигоҳи мо тоҷикҳо мутафовит аст, ҳатто ҳамин барпоии тазоҳурот «хушунат» талаққӣ мешавад, дар ҳоле ки дар ҷаҳон ин як амри оддӣ аст. Маъмулан ба задан ва сӯхтан ва куштан ва амсоли он «хушунат» мегӯянд, аммо дар фарҳанги сиёсии Тоҷикистон ҳатто гирдиҳамоӣ ва тазоҳурот ва ё баргузории конфронси хабарӣ, як рафтори хашин талаққӣ мешавад.

Онҳо мехостанд ин корҳоро анҷом диҳанд, то вокунише аз тарафи ҲНИТ сурат гирад ва баъд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бигӯянд, ки мо дорем бо ифротгароӣ мубориза мекунем ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як ҷунбиши ифротӣ аст. Мо аз дӯстон хоҳиш кардем, ки дар доми ин фитнаҳо наафтанд. То ба имрӯз ҲНИТ ҳеч гуна тазоҳуроте баргузор накард. Албатта банда ба ҳайси намоянда ва узви Маҷлис, дар барномаҳо сӯҳбат мекардам ва насиҳат мекардам, вале мегуфтам набояд ин сӯҳбатҳои мо ба хиёбон кашида шавад. Вале онҳо ҳатто таҳаммули инро ҳам надоштанд. Вақте диданд, сабри ҲНИТ боиси маҳбубияти бештари он шуд, чун мардум мегуфтанд, ки ҲНИТ ҷунбише аст, ки ҳарфашро мезанад, насиҳат мекунад, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мекунад, аммо намегузорад (ихтилофот) ба хиёбонҳо кашида шавад ва шояд рӯзе бирасад, ки ин дӯстон худашон ҷилави иғтишошро бигиранд, ин боиси маҳбубияти бештари ҲНИТ шуд ва бар асабонияти давлат афзуд.

— Бо ин ҳисоб тарҳи давлат шикаст хӯрд?

Бале, онҳо ҳар нақшае алайҳи мо мекашиданд, мо ба кӯмаки Худованд ва бо машварати дӯстон роҳҳоеро пеш мегирифтем, ки барномаҳои онҳо хунсо мешуд. Ниҳоятан вақте диданд ба ҳеч сурате наметавонанд ҲНИТ-ро аз саҳна берун кунанд, мутаассифона дар охирҳои тобистони соли гузашта, ба тахриби дафтарҳои ҲНИТ рӯй оварданд. Ман ёдам ҳаст, дар яке аз устонҳои шимолии Тоҷикистон ҳазорон нафар аз тарафдорони ҳизб дар толоре бузург ҷамъ шуда буданд. Вақте банда суханрониамро шурӯъ кардам, аввал як гурӯҳ аз авбошонро бо автобус ҷамъоварӣ карданд ва ба маҳалли ҷаласа оварданд, то алайҳи нишасти мо эътироз кунанд ва масалан бигӯянд, намехоҳем фалонӣ биёяд ба устони мо ва суханронӣ кунад. Мо дар дафтари худ будем, ки онҳо атрофи дафтари ҲНИТ-ро муҳосира карданд, ҳатто аз бозорҳо хонумҳоро меоварданд. Аммо натиҷаи дилхоҳашонро нагирифтанд. Баъд баргае оварданд, ки шаҳрдорӣ дастури тахриби ин сохтмонро додааст ва бояд табдил ба парк шавад, дар ҳоле ки он сохтмон дар милкияти ҳизб қарор дорад ва аз замони Шӯравӣ монда буд.

Ҳоло чаро бояд дар ҳини баргузории ҷаласа ва суханронии банда, бояд тахриб сурат мегирифт? Чӣ гуна метавон пас аз солҳо ногаҳон ҳукм ба тахриби як милк дод ва тибқи қонун ҷойгузине ҳам таъйин накард. Ҳатто гуфтем суханронӣ, ки тамом шуд, биёед тахриб кунед, аммо онҳо қабул намекарданд ва бар тахриби дафтари мо исрор доштанд. Мо сӯҳбатамонро шурӯъ кардем ва онҳо ҳам шурӯъ ба тахриби бино карданд.

Қобили тасаввур нест, ки раҳбари як ҳизби бузург дар дафтараш бо ҷамъе аз тарафдорони худ сӯҳбат мекунад, давлат бо булдозер шурӯъ ба тахриб мекунад. Дар ҳоле ки мо сӯҳбат мекардем, сақфи дафтар тахриб мешуд. Мо ҳам ба дӯстон гуфтем аз ҷояшон такон нахӯранд ва сӯҳбатро идома медиҳем. Мо дар ватани худ ҳастем. Қонун моро иҷоза додааст. Дин моро иҷоза додааст. Вақте вазъияти хатарноке пеш омад, пулиси амният омад ва моро муҳосира карданд. Сипас раиси пулиси шаҳр омад ва муаддабона гуфт, наметавонад кафолати амниятии моро бикунад. Ман дар Хуҷанд дар яке аз дафотири корӣ будам. Дар ҳоле ки афроди авбош сангу чӯб мезаданд, як ҳалқаи инсонӣ дуруст шуд, то амнияти моро таъмин кунанд. Аҷиб ин ҷост, ки ним соат баъд, вақте мо аз марзи устон рад шудем ва вориди шаҳри Душанбе шудем, ба ман занг заданд, ки раванди тахриби дафтар қатъ шудааст ва бинои нимхаробаро боқӣ гузоштанд. То имрӯз, ки ду сол аз он воқеа мегузарад, он бино ба ҳамон шакл боқӣ монда ва аз парк хабаре нест.

Ҳадаф ин буд, ки монеи мо бишаванд ва ҷилави сӯҳбатҳои моро, ки дар он мантиқ ва эътидол аст, бигиранд. Ба вижа ки ҷавонон аз ин сӯҳбатҳо истиқбол мекарданд ва давлат хост мумониат бикунад.

— Оё ҳизби шумо акнун ғайри қонунӣ талаққӣ мешавад?

— Тобистони имсол барои мо 10 рӯз вақт гузоштанд, ки ҳизбро довталабона таътил кунед, дар ғайри ин сурат бо иқдомоти амниятӣ вориди кор хоҳем шуд. Табиист, ки ҲНИТ наметавонист ин корро анҷом диҳад, аз лиҳози ақидатӣ ва ахлоқӣ мо ҳақ надоштем чунин коре кунем. Мо ҳам нома навиштем ва гуфтем, агар шумо ҳарфе доред, дар додгоҳ матраҳ кунед, то қонун файсала кунад.

Аз тарафе дар сентябри соли ҷорӣ фитнае ба вуҷуд омад. Муовини вазири дифои Тоҷикистон тайи як даргирӣ, ки моҳияти онро мо ба дурустӣ намедонем, бо ҷамъе аз ҳамроҳонаш кушта шуд. Маълум нест омили аслии моҷаро чӣ буда ва оё вай ба хотири дифоъ аз худ дар баробари ҳуҷуми нерӯҳои давлатӣ аслиҳа бардошта ё иқдоме мусаллаҳона анҷом додааст? Женерол Абдулҳалим Назарзода ҷавоне диндор, аҳли намоз ва рӯза буд. Бо вуҷуди он ки аз сиёсати давлат огоҳ буд, намози ҷумъааш барпо буд ва ҳар ҷумъа дар хонаи худ зиёфате барои намозгузорон, ки аз роҳи дур меомаданд, мегирифт. Ин расму суннати ҳасанааш солҳо давом дошт.

— Фикр мекунед куштани ӯ як тавтиъа буда?

— Ба назарам, он ҳодиса як тавтиъа буд. Чун оқои Назарзода қабл аз ин ки низомӣ шавад, собиқаи ҳамкорӣ бо ҲНИТ-ро дошт. Бо мо дӯсту ҳамсоя буд. Мо якдигарро мешинохтем ва давлат ҳам медонист мо рафту омад дорем. Вақте ин тавтиъа шуд ва эшон кушта шуд, гуфтанд, ӯ мехост кудато кунад ва дастури кудаторо аз фалонӣ яъне банда гирифта буд. Бар асоси ин тӯҳмат, додгоҳи олӣ ҳукм содир кард, ки ҲНИТ монанди созмонҳои ифротӣ ва теруристӣ мунҳал шавад. Мо гуфтем, теруризм таъриф дорад, шумо бояд далел дошта бошед. Вале онҳо эълом карданд ва моро таҳти таъқиби байналмилалӣ қарор доданд, аммо Алҳамду лиллоҳ то имрӯз ҳастем.

— Оё қасд доред дар Урупо бимонед?

— Бештар дар Урупо ҳастам ва дар Олмон зиндагӣ мекунам. Фарзандон ва хонаводаам дар Туркия ҳастанд. Ҳар вақт маросиме бошад ва даъват бишавем, ширкат мекунем. Алъон ҳам барои ширкат дар Конфронси ваҳдати исломӣ дар Теҳрон ҳастем.

— Дар хабарҳо омадааст, давлати Тоҷикистон ба ҳузури шумо дар Теҳрон эътироз кардааст.

— Хеле ҷои таъаҷҷуб аст, ки Вазорати хориҷаи Тоҷикистон расман сафири Эронро эҳзор карда ва нутқи эътирозиашро ба хотири ширкати мо дар ин конфронс, ба вай иблоғ кардааст. Бисёр кори баччагонае аст. Ман дар донишгоҳҳои урупоӣ суханронӣ мекунам, моҳи оянда дар ду донишгоҳи урупоӣ суханронӣ дорам. Мақомоти кишвар ҷасорат надоранд нутқи эътирозӣ ба он кишварҳо бифиристанд, вале чун медонанд, ки Эрон кишваре исломӣ ва форсизабон аст, ҷуръат пайдо карданд, ки эътироз бикунанд. Мутаассифона алъон ва��ъият ба ин шакл аст, ҳудуди 200 тан аз раҳбарон ва масъулини ҲНИТ дар ду моҳи ахир зиндонӣ шудаанд.

Идома дорад


Манбаъ: Кимиёи Саодат

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии (2) -

  • GOTHAM

    06.01.2016 10:26:50 | Ответить на комментарий

    Такому предателю родины даже врата  ада закрыты

    • vatandor

      09.01.2016 12:39:08 | Ответить на комментарий

      GOTHAM он не предатель. Твой поганый Эмомали является предателем народа и Таджикистана, который продает наши земли китайцам, нас он превращает в нацию гастарбайтеров, он выпустил в Таджикистане столько анти-Исламских законов, наши сестры не могут носить хиджаб. Если наши братья носят бороду, как и подобает мусульманам, то их сразу задерживают и насильственно сбривают бороду в отделах. Всякие шалавы появляются на улице одетые как проститутки, им твой Эмомали ничего не говорит, а если парень с бородой или девушка в хиджабе - то на них сразу вешают ярлыки "исламистов, террористов". Промышленности, экономики, сельского хозяйства, образования у нас в Таджикистане нет, все развалили и своровали родственники Рахмона, наш народ вынужден идти работать за границу, а китайцы постепенно захватывают  Таджикистан. Потом придет время китайцы скажут нам - Теперь это наша семля, пошли вон отсюда. Вот тогда ты поймешь кто предатель. Придурок

Добавить комментарий

Loading