Ангезаи сафари серӯзаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Арабистон

Таҳлиле дар Deutsche Welle

876230Тоҷикистони форсизабон ва суннимазҳаб, ба лиҳози забонӣ ба Эрон ва аз ҷиҳати динӣ ба Арабистон наздик аст. Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Риёз, дар замони авҷгирии таниш миёни Арабистон ва Эрон, пурсишбарангез шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи сешанбе (05.01.2016) ба сафари серӯзаи худ ба Арабистони Саудӣ поён дод. Дар ин сафар 5 санад ва тавофуқнома байни ду кишвар имзо шуд. Раҳмон дар мулоқот бо Малик Салмон, подшоҳи Арабистон гуфт, ки «Душанбе Арабистони Саудиро дар миёни кишварҳои араб ва Ховари Миёна шарики муҳимми худ медонад ва тарафдори рушди ҳамкориҳост.»

Бархе аз коршиносони сиёсии тоҷик мегӯянд, Арабистон дархост карда буд, ки Тоҷикистон ба «Эътилофи кишварҳои мусалмон зидди теруризм» бипайвандад, аммо Тоҷикистон ба ин дархост посухе надода ва эълом кардааст, ки ин мавзӯъро арзёбӣ хоҳад кард.

Чаро Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистон сафар кард?

Раҳбари Тоҷикистон пеш аз ин низ ба Арабистон даъват шуда, аммо ба он даъват беэътиноӣ карда буд. Акнун дар чунин шароите чаро Раҳмон бо сафар ба Арабистони Саудӣ, рақиби минтақаии Ҷумҳурии Исломии Эрон, мувофиқат кардааст?

????? ??????? ???? ? ???????? ??????? ???? ???????Коршиносони тоҷик дар ин робита, ба эътирози Тоҷикистон ба ҳузури раҳбари опозисиюни тоҷик дар Теҳрон ишора мекунанд. Эрон барои ширкат дар 29-умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ (27.12.2015), аз Муҳиддин Кабирӣ — раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби мухолифи давлати Тоҷикистон, ба Теҳрон даъват карда буд. Дар сойти Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, тасовире аз дидори ӯ бо Кабирӣ низ мунташир шуд, ки боиси норизоятӣ ва хашми мақомҳои тоҷик шуд.

Хабаргузории Форс аз Кабирӣ ба унвони «меҳмони вижаи 29-умин Конфронси ваҳдати исломӣ дар Теҳрон» ёд кард. Ин дар ҳолест, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ахиран дар ин кишвар мамнӯъ эълом шудааст.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 29 декабри соли 2015, бо эҳзори Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар ин кишвар, ба ширкати Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси Теҳрон, расман эътироз кард. Дар ёддошти расмии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ин иқдом «ғайри қобили қабул» тавсиф ва ҳушдор дода шуд, ки ингуна иқдомот ба «равибити ҳасанаи Эрон ва Тоҷикистон» садама мезананд.

7471665Вазорати хориҷаи Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро ҳизбе «ифротгаро ва теруристӣ» тавсиф мекунад. Муҳиддин Кабирӣ пештар дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо бахши форсии Deutsche Welle гуфта буд: «Дар кишварҳои диктотурӣ рақиб душман талаққӣ мешавад«. Кабирӣ ҳамчунин таъкид карда буд: «Ҳизби наҳзат ҳамчун як ҷараёни мӯътадил монеи рушди ифротгароӣ буд. Мубориза бо ифротгароӣ акнун пӯшише барои саркӯб дар кишвар аст, ки худ як омили рушди ифротгароӣ аст

Таъсири сафари Раҳмон ба Арабистон дар муносиботи Душанбе ва Теҳрон

Бархе аз коршиносони тоҷик таъкид мекунанд, ки сафари Раҳмон ба Риёз, бар равобити Эрон ва Тоҷикистон таъсир надорад. Ба гуфтаи онҳо, Тоҷикистон ба Эрон ва Арабистон аз зовияи манофеи миллии худ менигарад. Дар ҳамин росто таъкид мешавад, ки Тоҷикистон бояд бо Эрон ва Арабистон муносиботи дӯстонаи худро ҳифз кунад.

Зулфиқор Исмоилиён, коршинос ва рӯзноманигори мустақилли тоҷик, бар ин бовар аст, ки сафари Раҳмон ба Риёз қаблан ва аз муддатҳо пеш тарҳрезӣ шуда буд ва ҳадаф аз рафтан ба Макка, баҷой овардани ҳаҷҷи умра будааст.

Ин коршинос ба Deutsche Welle мегӯяд: «Табодули тиҷории Тоҷикистон ва Арабистон шояд то 500 ҳазор дулор ҳам нарасад. Аммо мо бо Эрон ҳудуди 300 милюн дулор табодули коло дорем. Бинобар ин, ман фикр намекунам, ки ҳадафи сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон пуштибонӣ аз Арабистон ё ҳимоят аз Эрон бошад. Давлати Тоҷикистон дар чунин мавқеияте бо эҳтиёт бархӯрд мекунад

Коршиносон пешбинӣ мекунанд, шарики аслии Тоҷикистон дар ҷаҳони ислом Арабистони Саудӣ хоҳад буд. Тоҷикистон интизор дорад, ки Арабистон дар сохтори иқтисодии ин кишвар бавижа дар арсаи таъмини энержӣ сармоягузорӣ кунад. Ба назари Зулфиқор Исмоилиён, Тоҷикистон сиёсати бетарафонае дар қиболи Эрон ва Арабистон иттихоз хоҳад кард.

Deutsche Welle


Манбаъ: Кимиёи Саодат

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading