Файзинисо Воҳидова: “Суханони муфтӣ фитна ва ангехтани низоъ мебошад”

Файзинисо Воҳидова, ҳуқушиноси тоҷик, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, бо ибрози нигаронӣ аз суханони имрӯзи Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар хутбаҳои намози ҷумъа, ёдовар шуд: «Ин ақидаи муф��ӣ фитна ва ангехтани низоъ мебошад.” Вай бо интиқоди шадид аз мавзеъгириҳои ахири муфтӣ, ин гуна амалҳоро фитна ангехтан ва низоъ афрӯхтан байни ду кишвар донист.

Воҳидова ҳамчунин бо ишора ба ин ки дар Тоҷикистон дин аз давлат ҷудо мебошад, таъкид кард, ки чаро муфтӣ, ки намояндаи дин аст, ба сиёсатҳои байни ду кишвар дахолат мекунад ва ватанамонро дучори номанӣ ва фитна месозад.

Вай, дар бораи ин ки масҷид хонаи Худо ва ибодатгоҳ аст, аммо муфтӣ онро ба маҳалли даъвоҳои сиёсӣ тадил намудааст, гуфта: “Масҷидро, ки хонаи Худо ва ибодатгоҳ аст, ба сиёсатхона табдил дода, ба ҷойи он ки насиҳату панди шаръию исломӣ кунад, ба сиёсати давлат мудохила мекунад. Чаро лаҷоми ӯро намекашанд, ки бо ин фитнааш байни ду давлати Эрону Точикистон тухми бадбинию кинаю адоватро кошта, суботи ҷомеаро халалдор ва ба муносибати ду давлат доғ меорад?

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд: «Оё ин муфтӣ фикр намекунад, ки бо ин суханронию ақидааш амалан ду давлатро ба ҷангу ҷидол даъват мекунад? Чаро Кумитаи амният хомӯш аст?

Гуфтанист, Сайидмукррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар намози ҷумъаи имрӯз, мавзӯи даъвати Кабирӣ, раиси ҲНИТ ба Эронро боз ҳам мавриди баррасӣ ва интиқод қарор дода ва дар идома, гуфтааст, Кабирӣ теруристи рақами як аст ва мо билохира фаҳмидем, ки «дар пушти ин ҳизб, кӣ меистаду кӣ маблағгузорӣ мекунад?!»

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading