Унвони «Пешвои миллат» барои Эмомалӣ Раҳмон — мусобиқаи чоплусӣ ва тамаллуқ (ВИДЕО)

Имрӯзҳо дар пайи тасвиби қонуне дар порлумон мабнӣ бар эътои унвони «Пешвои миллат» барои Эмомалӣ Раҳмон, як мусобиқаи густардаи чоплусӣ ва тамаллуқ ба «Пешво», дар миёни шахсиятҳо ва ниҳодҳои давлатӣ роҳ уфтода, ки ҳар як дар ин амал ба дигарӣ сибқат меҷӯянд.

Дар ин миён, ниҳоди динии кишвар, яъне Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон, зо��иран мехоҳад дар ин мусобиқа гӯйи сибқатро бирубояд ва соҳиби мақоми аввал бишавад. Ин ниҳод ва бавижа раисаш ҷаноби Сайидмукаррам Абдулқодирзода, дар таърифу тавсифи «Пешво» ба ҳадде иғроқ мекунанд, ки агар Раҳмон заррае аз хирад бархӯрдор мебуд, ҷилави онҳоро мегирифт ва мегуфт, бас кунед, ки дигар шӯрашро даровардед! Аммо зоҳиран аз ин тавсифҳо хушаш меояд ва лаззат мебарад, ки ин ҳам худ як мусибат аст албатта!




_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading