«Санг андохтан ба сӯи Ирон, санг андохтан ба сӯи хонаводаи худ аст!»

Ёддошти Додоҷон Атовуллоев

777555Иронситезӣ марги тадриҷии мост. Мо танҳо бо бозгашт ба дабираи порсӣ, пайванди маънавӣ ва фарҳангӣ бо Ирони бузург, метавонем бисабзем.

Вагарна, чун дарахти пире дар раҳгузари бодҳо ва тӯфонҳо, хазон хоҳем шуд. Ва ё чун рӯди кучаке хушк х��ҳем гашт, агар ба дарёи бузурги Ирон напайвандем.

Режимҳо меоянду мераванд, аммо Ирон ҷовидонист ва мо бояд ҳатман ба ҷовидон бипайвандем.

Санг андохтан ба сӯи Ирон, санг андохтан ба сӯи модари худ, падари худ, хонаводаи худ аст!

Дар ҳар гӯшаи Урупо чун бо телефон ҳарф занам, мепурсанд, форсӣ сӯҳбат доред, ирониед? Ва муносибаташон, аз ронандаи токсӣ то вазире, дигар мешавад. Обрӯ ва эътиборе, ки ирониён дар дунё доранд, ягон миллат надорад. Онҳо дар ҳама ҷо гули сари сабад, намоди маърифат ва хираданд.

Яке аз вазирони Олмон аз тариқи ТВ эълон дошт, ки агар ирониён (ба ватанашон) баргарданд, тибби Олмон фалаҷ мегардад.

***

ایران­ ستیزی، مرگ تدریجی ما تاجیکان ست. ما تنها با بازگشت به دبیره پارسی، پیوند معنوی و فرهنگی با ایران بزرگ، می‌توانیم بسبزیم

وگرنه، چون درخت پیری در رهگذر باد‌ها و طوفان‌ها، خزان خواهیم شد، و یا چون رود کوچکی، خشک خواهیم گشت ا‌گر به دریای بزرگ ایران نپیوندیم

رژیم‌ها می‌آیند و می‌روند، اما ایران جاویدان است و ما باید حتماً به جاویدان بپیوندیم

سنگ انداختن به سوی ایران، سنگ انداختن به سوی مادر خود، پدر خود، خانواده خود است

در هر گوشه­ اروپا چون با تلفن حرف زنم، می­ پرسند، فارسی صحبت دارید، ایرانی هستید؟ ومناسبتشان، از راننده تاكسی تا وزیرش، دیگر می‌شود

آبرو و اعتباری که ایرانیان در دنیا دارند، یگان ملت ندارد. آن‌ها در همه ­جا گل سر سبد، نماد معرفت و خردند

یکی از وزیران آلمانی از طریق تلویزیون اعلان داشت که ا‌گر ایرانیان (به وطنشان) برگردند، طبّ آلمان فلج می‌گردد

داداجان عطاء الله

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии (3) -

  • Prince of Persia

    10.01.2016 14:35:18 | Ответить на комментарий

    Бехтарин гуфтор. Бале мо эронитаборем ва бояд бимонем . моро аз хам чудо сохтанд ва бояд ки кушиш ба харч дихем ки то ба хам бипайвандем !!!

  • Рустам

    10.01.2016 16:58:35 | Ответить на комментарий

    Банда шояд тахаммулгаротарин кас бошам, боре Ирон хам нарафтаам, аммо ба номи Яздони пок касам, ки барои Ирон ба курбон кардани худ хам омодаам. Зеро ватани мо махсусан Сугду Хоразм Ирон буд Ирони торихи. бар зидди Заххоки нав ва Афросиёби имруза ман мубориза хохам бурд.

  • Точики точдор

    10.01.2016 18:02:05 | Ответить на комментарий

    Эрон барои халки точик дуст набуд ва намешад. Ман эрони хозираро дар назар дорам.то хато точири эрони,ки ба Точикистон мебиед,авалин фикраш занхои точикро истифода бурдан(сига)Эрон ба холи мо механдад.Муха Кабири барои Эрон як чизеки барои истифода бурдан.

Добавить комментарий

Loading