Вақте мафоҳими динӣ вориди арсаи сиёсат мешавад…

Боре дар як мақола ёдовар шуда будам, ки вақте торихро варақ мезанед ва дар асбоб ва ангезаҳои ҷангҳое, ки ба унвони «ҷангҳои мазҳабӣ» маъруф ҳастанд, тааммул мекунед – ва ҳатто набардҳое, ки дар Урупо замоне ба вуқӯъ пайваста ва ба ҳамин ном машҳур шудаанд – хоҳед дид, ин ҷангҳо дар воқеъ мазҳабӣ набудаанд, балки сиёсатмадорон аз мазҳаб ба унвони як абзор барои таҳрики мардум ва ҳамсӯ кардани онҳо бо худашон баҳра мегирифтаанд. Ба сухани дигар, дин ва мазҳаб бимо ҳува ва ба худии худ, чӣ ислом ва чӣ масеҳият, бо мазҳабе дигар сари даъво надорад, аммо сиёсатмадорон барои ағроз ва аҳдофи сирф сиёсии худ, ҳамвора аз мазҳаб баҳра ҷустаанд.

Аз ин рӯ, дар арсаи сиёсат ва муборизаҳои сиёсӣ, бояд аз ворид кардани мафоҳими мазҳабӣ ва динӣ ба шиддат парҳез кунем, чӣ ҳукком ва чӣ аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ. Ва ин албатта бад-он маъно ҳам нест, ки роқими сутур мӯътақид ба ҷудоии дин ва сиёсат аст. Ба ҳеч ваҷҳ. Зеро ҳамсӯ донистани дин бо сиёсат, як мавзӯъ аст, ва баҳрабардорӣ аз мазҳаб барои ағроз ва аҳдофи сиёсӣ, мавзӯе дигар.

Ва ба иборати дигар ва беҳтар, он ҷо ки мегӯем, дин аз сиёсат ҷудо нест, манзурамон ин аст, ки сиёсати мо мутобиқ бо арзишҳо динии мост, чун дини мо (ислом) дар ин арса ҳарф барои гуфтан дорад, вале он ҷо ки аз дин ба унвони як абзор истифода мешавад, ин ба маънои қарор додани дин дар хидмати сиёсат аст. Байни ин ду, тафовут аз замин то ба осмон аст.

Он чӣ дар боло овардам, дар воқеъ муқаддимае аст барои баёни матлабе, ки ҳаминак мехоҳам ба арзи азизон бирасонам. Ва он ин ки: агар мо (опозисиюни тоҷик) бо ҳукумати кунунӣ ва раисаш Эмомалӣ Раҳмон ва дору дастааш мухолифем, танҳо муҷоз ҳастем дар бораи сиёсатҳои ӯ — ки нодуруст ҳастанд — сӯҳбат ва аз онҳо интиқод бикунем ва лизо мафоҳим ва вожаҳое ҳам, ки дар интиқод аз вай ба кор мебарем, бояд мафоҳими сиёсӣ бошанд, на динӣ.

Ин ки баъзе аз мо ӯро «кофир» ё «наҷис» мехонанд, ин кор дуруст нест. Аслан, «кофир» ва «наҷис» хондани як инсон – ҳар кӣ ҳаст, чӣ раисиҷумҳур бошад ва ё ҳатто душмани ашаддии шумо – кори ҳар касе нест. Ин кор кори як мутахассиси динӣ (муҷтаҳид) аст. Ва тибқи омӯзаҳои исломӣ, шумо вақте касеро, ки «кофир» нест, «кофир» бихонед, ин худаш куфр маҳсуб меояд.

Ва инро ҳам бояд бидонем, ки бар асоси дастуроти шаръӣ, мусалмон ба касе гуфта мешавад, ки калимаи шаҳодатайн ба забон оварда ва эълом карда, ки мусалмон аст, ҳатто агар пойбанд ба анҷоми дастуроти шаръӣ мисли намоз, рӯза ва ғайра набошад ва муртакиби гуноҳ ҳам шавад, масалан зино кунад ё шароб нӯшад. Бале, ӯ як фосиқ ва фоҷир аст (фисқу фуҷур тибқи истилоҳи шаръ) ва рӯзи қиёмат дар додгоҳи адли илоҳӣ посухгӯи аъмолаш хоҳад буд, аммо кофир нест ва аз ислом берун нашудааст.

Бинобар ин, Эмомалӣ Раҳмон, ки мегӯяд, мусалмон аст, пас мо бояд ӯро мусалмон бидонем ва шаръан аҳаде ҳақ надорад, ӯро «кофир» ва ё «наҷис» бихонад. Бале, бо сиёсатҳои вай ба шиддат мухолифем ва воҷиб аст мухолифат бикунем; зеро кишварро ба нобудӣ кашонда. Аммо ин ки оё «кофир» аст ё чизе дигар, ин кори як сиёсатмадор нест, балки масъулияти як фақеҳ аст.

Он чӣ боис шуд, ёддошти мазбурро бинависам ин аст, ки пас аз сафари Раҳмон ба Арабистони Саудӣ ва анҷоми умра, баъзе аз ҷавонони мухолифи сиёсатҳои Раҳмон, ҳарфҳое дар бораи ӯ ва умрааш навиштаанд, ки хориҷ аз ихтисоси онҳост, аз қабили ин ки ӯ кофир асту наҷис асту умрааш қабул несту ғайра…

Хуб, инҳо дуруст нестанд. Ин кор номаш ҳамон аст, ки дар боло ёдовар шудам, яъне: баҳраҷӯӣ аз дину мазҳаб барои ағрози сирф сиёсӣ. Бояд аз он парҳез кард.

Статья на русском языке.

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии (1) -

Добавить комментарий

Loading