Ҳукумати Тоҷикистон дар остонаи вуруд ба як бозии бузурги минтақаӣ аст


Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Интиқодҳои пай дар пайи масъулони ниҳодҳои мухталифи Тоҷикистон аз Теҳрон дар бораи ҳузури Муҳиддин Кабирӣ дар Конфронси ваҳдати исломӣ бо гузашти ду ҳафта, на танҳо поён наёфта ва ё кам нашудааст, балки рӯз то рӯз бештар ва лаҳни масъулин шадидтар мешавад.

Ин бархӯрд аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон каме ғайри оддӣ ба назар мерасад ва ҳикоят аз он дорад, ки пушти ин изоҳорот ангезае беш аз масъалаи ҲНИТ хобида аст. Вагарна ҳамон НОТА-и расмӣ ва чанд интиқоди масъулони баландпоя, барои изҳори нигаронии Душанбе аз ин масъала басанда буд.

Изҳороти ахири Худойбердӣ Холиқназарзода — раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, ки гуфтааст: «Ҷониби Эрон мегӯяд, ки Кабириро ба ҳамоиши «Ваҳдати исломӣ» ба ҳайси меҳмон даъват кардааст. Ин муносибати хасмона ва беэҳтиромӣ нисбат ба Тоҷикистон аст, ки метавонад муносибати ду кишварро хадшадор кунад,» ин фарзияро тақвият мекунад, ки сирф масъалаи ҲНИТ воқеъан наметавонад ангезаи кофӣ барои ин навъ изҳорот бошад, ки Эронро ба «муносибати хасмона» муттаҳам намуда, бо лаҳни таҳдидомез бо як шарики стратегӣ сӯҳбат намояд. Ҳамчунин хитобаҳои Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар ду хутба аз намози ҷумъа ва кашондани ин масъала дар сатҳи ҷомеа, ҳикоят аз он дорад, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳоли зеҳниятсозӣ ва тахриби чеҳраи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар азҳони умумӣ аст.

Чаро ин заминасозиҳо?

Маъмулан, якчунин заминасозӣ ва заҳниятсозӣ дар сатҳи миллӣ, ҳангоме аз ҷониби ҳукуматҳо амалӣ мегардад, ки ҳукумате дар пайи иҷрои як нақшаи бузургтар бошад, вагарна кашондани сирф як масъалаи сиёсӣ дар сатҳи миллӣ кори беҳудае мебошад. Бинобар ин, аз сиёсатҳои ахири ҳукумат дар қиболи Эрон бармеояд, ки Душанбе дар ҳоли тағйири сиёсати худ ба самти дигар аст.

Бо даъвате, ки аз Душанбе барои узвият дар тарҳи саудии “эътилофи исломӣ” анҷом шуда ва Душанбе ҳам то кунун ба он посухи манфӣ надодааст, метавон ҳадс зад, ки ҳукумати Тоҷикистон дар остонаи вуруд ба бозиҳои бузурги минтақавӣ аст, ва ин тасмим дар воқеъ як тағйири асосӣ дар сиёсати хориҷаи Тоҷикистон ба шумор меравад. Чун бо ин тасмим, Тоҷикистон амалан худро дар як тарафи ин бозии хатарнок қарор медиҳад, ки лозимааш қарор гирифтан дар муқобили сиёсати кишварҳои тарафи муқобил мебошад.

Пурвозеҳ аст, ки дар тарафи муқобили ин тарҳи Арабистони Саудӣ, пеш аз ҳама, ду кишвари торихан ҳампаймони Тоҷикистон, яъне Русия ва Эрон қарор дорад. Бинобар ин, узвияти Душанбе дар ин эътилоф Тоҷикистонро худ ба худ дар муқобили сиёсатҳои хориҷаи Русия ва Эрон қарор хоҳад дод.

Аз ин рӯ, метавон ҳадс зад, ки сиёсати Эронситезӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон, дар воқеъ заминасозӣ барои вуруди Тоҷикистон дар он эътилоф буда ва бо як барномарезии аз пеш тарроҳӣ шуда дар ҳоли иҷрост, ва масъалаи ҲНИТ инҷо фақат як баҳонаи хуб барои шурӯъи ин сиёсат мебошад.

Оё вуруди Тоҷикистон дар ин бозиҳо, ба нафъи кишвар аст ё бар зарари он?

Аммо суол ин ҷост, ки оё вуруди Тоҷикистон дар ин бозиҳои хатарноки минтақавӣ ба нафъи кишвар аст, ё бар зарари он? Барои кишваре чун Тоҷикистон, ки то кунун сиёсати бетарафона ва чандсӯя доштааст, чӣ лузуме дорад, ки худро вориди арсае намояд, ки маҷбур аст ба хотираш тағйири ҷиҳат диҳад ва сиёсаташро яксӯя намояд? Асосан, ин кашмакашҳои минтақавӣ иртиботе ба як кишвари Осиёи Марказӣ ва кучаке мисли Тоҷикистон дорад ва оё бо вуруди Тоҷикистон дар ин эътилоф, аз назари вазни сиёсӣ ё низомӣ тағйире эҷод мешавад?

Хеле равшан аст, ки ин кашмакашҳои хатарноки минтақавӣ ҳеҷ нафъе барои Тоҷикистон надорад ва асосан ҳеҷ далеле надорад, ки Тоҷикистон худро даргири ин бозиҳои геополитикӣ намояд. Чун, на аз назари ҷуғрофиёӣ дар қаламрави ин бӯҳрон қарор дорад ва на аз назари сиёсиву низомӣ дорои вазни таъсиргузоре аст, ки вурудаш дар ин эътилоф таъсирбахш бошад.

Даъвати Саудӣ ҳам аз кишваре чун Тоҷикистон дар ин эътилоф, аз рӯи ночорӣ ва сирфан ба хотири боло бурдани сифр асту халос, чун Саудӣ дар ҳоли ҳозир он қадр дармондааст, ки ҳатто ба хотири изофа шудани як исм дар листи эътилофаш, ҳозир аст милюнҳо харҷ намояд.

Забони ҳоли Раҳмон: хатари ҷанг пушти дар мунтазири шумост?

Ва аммо чӣ чиз боис шудааст, то Раҳмон ба чунин тасмими хатарноке даст бизанад ва кишварро даргири бозиҳое намояд, ки хатараш кишварҳои бузурги минтақаро таҳдид дорад, чӣ бирасад ба кишвари кучаке чун Тоҷикистон?

Он чӣ ба назар мерасад, ки сабаби чунин тасмиме аз ҷониби Раҳмон гаштааст, ин ниёзи Тоҷикистон ба сармояҳои бодовардаи Саудӣ аст; зеро ҳамон гуна ки ҳама медонанд, Тоҷикистон дар ин сол бо коҳиши шадиди бюджет рӯ ба рӯ аст ва Раҳмон барои ҷуброни ин костӣ ҳеҷ барномаи мушаххасе надорад. Ин масъала боиси сардаргумӣ ва эҳсоси хатари ҷиддӣ барои ҳукумати Раҳмон гаштааст, чун аз ҷиҳате дар солҳои ахир сиёсати саркӯби мухолифин, боиси ба такопӯ даромадани аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсии мухолифи ҳукумат гашта ва аз ҷиҳате ҳам, мардум мисли собиқ дигар наметавонанд маоши худро аз бозори кори Русия таъмин намоянд. Дар натиҷаи ин ду, замина барои мухолифати мардумӣ бо ҳукумати Раҳмон худ ба худ фароҳам мешавад.

Дар чунин ҳолат, Раҳмон бо як тир хост ду нишонро бизанад. Тири аввал ҷуброни костии бюджет. Тири дуввум тарсондан ва хомӯш кардани мардум ба василаи кашондани бӯҳрони геополитикӣ дар дохил ва бо ворид кардани Тоҷикистон ба ин эътилоф. Ин ҳамон сиёсате аст, ки Раҳмон дар тӯли ҳукумати худ ҳамеша аз он баҳрабардорӣ кардааст, ки эй мардум! Мабодо аз камбуди зиндагӣ ва набуди озодӣ эътирозе кунед, ки хатари ҷанг пушти дар мунтазир аст ва ҳар лаҳза мумкин аст осоиши моро барҳам занад!

Ин нишон аз он дорад, ки Раҳмон манофеи ҳизбӣ ва мавқеияти шахсии худро бар манофеи миллӣ ва мавқеияти геополитикии кишвар тарҷеҳ медиҳад. Зеро ҷуброни костии бюджет, ё пешгирӣ аз мухолифати эҳтимолии мардумӣ, ба қимати гирифтор кардани кишвар ба гирдоби муҳлики минтақавӣ, чизе ғайр аз қурбон кардани амнияти миллату ватан барои ҳифзи қудрат нест. Зеро барои кишваре чун Тоҷикистон, ки аз назари иқтисодӣ комилан вобаста ба хориҷ ва сахт осебпазир аст, беҳтарин сиёсат ҳамон сиёсати бетарафона ва чандсӯяи хориҷӣ аст, ки мутаассифона бо роҳандозии пропогандаи густардаи Эронҳаросӣ, дар ҳоли нақз ва руй овардан ба сиёсати яксӯя мебошад.

Тоҷикистон аз назари сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ, дар ҷойгоҳе нест, ки битавонад худро даргири ҷабҳабандиҳои геополитикӣ намуда, дар яке аз тарафҳои кашмакашҳои минтақавӣ қарор диҳад, на дар тарафи ҷабҳаи Эронӣ ва на Саудӣ, на дар ҷабҳаи Русӣ ва на Омрикоӣ. Зеро кишвари Тоҷикистон ҳамон тавре ки зикр шуд, аз назари сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ сахт осебпазир аст.

Кишварҳои бузург аз қудрати бозсозии сиёсӣ ва иқтисодӣ бархӯрдоранд, бинобар ин дар чунин кашмакашҳои геополитикӣ танҳо кишварҳое қурбонӣ мешаванд, ки аз чунин қудрати бозсозӣ бархӯрдор набуда, сахт осебпазиранд.

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading