«Хонаводаи Раҳмон мехоҳанд, дар оянда низ ҳокимият пурра дар ихтёри онҳо бошад»

Халил Қаюмзод, рӯзноманигори тоҷик, мӯътақид аст, хонаводаи Раҳмон мехоҳанд, дар оянда низ ҳокимиятро дар Тоҷикистон пурра аз они худ кунанд.

Бар асоси иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон, ки гуфта мешавад порлумон дар ҳоли баррасии он мебошад, синни ном��ад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон то 30-солагӣ пойин оварда хоҳад шуд.

Халил Қаюмзод, рӯзноманигори тоҷик, дар ин робита, бо баёни ин ки «зоҳиран тағйироти дигаре ҳам дар дасти баррасӣ аст ва мехоҳанд дар Қонуни асосии Тоҷикистон ворид бикунанд аз ҷумла дар бораи мақоми аҳзоби сиёсӣ», гуфт: «Суол ин ҷост, ки чӣ ниёзе пеш омад барои даст задан ба чунин як кор? Асосан, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки 30 ва 35 сол аз ҳам чандон фарқе надоранд, пас чӣ зарурате ба ислоҳи ин қонун ҳаст?»   

Вай, посухи ин пурсишро дар ин мебинад, ки: «раисҷумҳур (шояд, аммо шахсан ман шак дорам) ва ё наздиконаш, нақшае пеш гирифтаанд, ки бар асоси он, писари калонии Раҳмон баъд аз поёни муддати раёсати ҷумҳурии падар, соҳиби ин вазифа шавад. Соли 2020 муддати раёсати ӯ ба поён мерасад, ки он замон Рустами Эмомалӣ вориди синни 33 мешавад. Ҳамин зарурат буд, ки синни номзадро аз 35 ба 30 пойин оварданд. Яъне авлоди Раҳмон, дурусттараш оилаи ӯ, хостаанд, дар оянда низ ҳокимиятро дар Тоҷикистон пурра аз худ кунанд. Агар шароит ҳамин гуна идома ёбад, аҷаб нест, ки рӯзе низоми шоҳигарӣ дар Тоҷикистон бақарор шавад

Қаюмзод афзуд: «Гумон мекунам, ҳамин будааст, ки ҲНИТ-ро аз саҳна дур карданд, чун Кабирӣ метавонад як ҳарифе қавӣ барои Рустам бошад. Ҳамчунин дар боздошти чанд нафар ҷавонони дигарандеш аз қабили Мақсуд Иброҳимов, Эҳсон Оев (Сарафрози Оламафрӯз) ва ба қатл расондани Қувватов низ метавон сояи ин нақшаро дид. Ҳоло боз чӣ корҳое хоҳанд кард дар давоми чаҳор соли оянда, Худо худаш медонад, аммо Худо боз худаш нақшаҳои дурусттаре доштагист, албатта

Қаюмзод, дар посух ба пурсише мабнӣ бар ин ки «мақоми дигаре низ дар кишвар ба номи «Пешвои миллат» дуруст шудааст, ихтиёроти вай чист ва бо таваҷҷӯҳ ба ин, оё ба мақоми нахуствазирӣ ниёзе боқӣ мемонад» гуфт: «Аслан мақоми нахуствазирӣ то ин таҳаввулот ҳам ҷойгоҳе надошт, чӣ расад баъди он. Ин мақом танҳо ба хотири риояти тавозуни маҳал асту бас. Зеро вақте нахуствазир натавонад ҳатто ёвареро таъйин кунад, пас ӯ чӣ ҷойгоҳе хоҳад дошт?»

Вай афзуд: «Аммо дар бораи унвони “Пешвои миллат” бошад, ба ҷуз он чизҳое, ки медонему мегӯянд, инро гуфтаниам, ки дар асре, ки мо зиндагӣ дорем, аслан дар бораи чунин унвону вожаҳо ҳарф задан айб аст. Дар асри иттилооту фанноварӣ дар бобати шахсият сохтан ҳарф задан ин худ бемаънигист. Куруши Кабир барои мисол дар замони худ як давлати бузург сохта буд, ки ҳеч як давлате дар замони ӯ, пешравиҳову тараққиёти ҳамаҷонибаи он давлатро дар худ надошт. Баъд ӯ ба худ иҷоза дод, ки Шоҳи шоҳон шуморад худашро. Дур намеравем. Барои мисол, бигирем Нурсултон Назарбоевро. Ӯ бо ин ки як худкома аст, аммо қазоқҳоро сарватманд кард ва аз Қазоқистон як давлати бузурге сохт, ҳарчанд аз бисёре аз озодиҳо маҳруманд шаҳрвандони Қазоқистон. Имрӯзҳо шумо ба деҳаҳои дурдасти кишвар агар сафар кунед ва аз кӯдаконаш суол кунед, ки раисҷумҳури Тоҷикистон кист?, оё медонед, чӣ посух хоҳанд гуфт? – Путин. Хулласи калом, гуфтаниҳо зиёд, аммо гӯши шунавову сабри оҳанин лозим аст, ки дар бораи ҳамаи ин “иқдомҳо”-и охир бештар гӯям

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии (1) -

  • Ободкор.

    14.01.2016 9:09:32 | Ответить на комментарий

    Аз но умедихо басе умед аст,
    Поёни шаби сиёх сафед аст.  Бино бар ин эмомали рахмонов рузхову шабхои  худашро каме хам тулони карда истодааст...

Добавить комментарий

Loading