Алим Шерзамонов: Тибқи қонуни нав, фақат як нафар метавонад барои мақоми президентӣ номзад шавад


Алим Шерзамонов, раиси бахши Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар Бадахшон (ВМКБ), дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон, ки бар мабнои он, синни номзад барои мақоми раёсати ҷумҳурии кишвар аз 35 ба 30 пойин оварда хоҳад шуд, гуфт, ин қонун фақат барои як ҷавони барои ҳамаамон ошно тарҳрезӣ шудааст. Вагарна, тибқи шарту шурути ин қонун, ҳеч ҷавони дигаре дар ин синну сол амалан имкони расидан ба ин мақомро надорад.

Вай дар ёддошти ихтисосӣ барои пойгоҳи Кимиёи саодат, бо баёни инки «тағйироти ахире, ки қарор аст ба Қонуни асосӣ ворид кунанд, пешбинӣ мешуд» гуфт: «Ангезаи ин иқдом ҳам аз пеш маълум буд, ва он, ҳаддалимкон тамдид кардани ваколати президентии Раҳмон ва ё ҳаддиақал, пайдо кардани ворисе, ки аксарияти «нухбаҳо»-и сиёсии имрӯзро сари қудрат боқӣ бигузорад

Вай афзуд: «Аз ибтидо маълум буд, ки то поёни мӯҳлати ахири президентии Президенти кунунӣ, кӯшиш мешавад, то мӯҳлати ҳокимияташро тамдид кунанд. Ҳадсҳои зиёде буданд, мисли ин ки то соли 2020 Тоҷикистонро давлати порлумонӣ эълон кунанд ва онгоҳ ҳизби пирӯз (ки ҷуз ҲХДТ нест) президентро ба мақоми нахуствазирӣ пешниҳод намояд. Аз ҳамаи гузинаҳои мумкин, тарзи порлумонии давлатдорӣ, ба ҲХДТ имкон медод, то ба сурати «қонунӣ» Раҳмонро боз барои чанд давраи дигар, нахуствазир таъйин кунанд. Чунин таҷрибаро мо дар Италия шоҳид будем, ки Берлусконӣ тайи чанд даҳсола ба унвони нахуствазир дар раъси давлат қарор дошт

Шерзамонов дар идома хотирнишон кард: «Бо қабули Қонун дар бораи «Пешвои миллат», ҳама бар он бовар буданд, ки бо ин амал мехоҳанд маҳз ваколатҳои Президенти кунуниро тамдид кунанд, вале шояд аз тарафи Кремл «машварате» дода шуда, ки ҳатман раисиҷумҳур иваз шавад, ки ба ҳамин хотир, дар ҷустуҷӯи ворис шуданд

Вай афзуд: «Бо ин иқдоми ҷадид, акнун маълум мешавад, ки чаро «Пешвои миллат»-и мо бар хилофи соири пешвоёни кишварҳои муштаракулманофеъ, тибқи қонун метавонад ба корҳои давлатӣ дахолат кунад. Тарроҳони ин мазҳака шояд бо ин қонун хостанд Раҳмонро аз ояндаи «беабраш» дилпур кунанд, ва нақшаи иваз карданашро бо шахси ба ӯ қобили қабул кашида бошанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки коргардонҳои асосии ин мазҳака албатта абарқударатҳои беруна ҳастанд

Раиси бахши Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар Бадахшон (ВМКБ) дар идомаи ёддошти худ овардааст: «Мухолифони ҳукуматро ҳамеша муттаҳам ба ин мекунанд, ки шумо фақат камбудӣ мекобед ва ҳар иқдоме, ки аз тарафи ҳукумат мешавад, ба боди интиқод кашида ва онро «беасос» мехонед! Хуб, фарз мекунем, ки ворид кардани тағйирот дар чунин шароити бӯҳронии амиқи молӣ, талаби рӯз буда ва мақсад аз ин тағйирот, васеъ кардани ҳуқуқи онҳо аз ҷумла ҳаққи ширкати ҳарчи васеътари шаҳрвандон дар ҳокимият аст, ва бипазирем, ки пойин овардани синни номзад ба мақоми президентӣ, маҳз ба хотири ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба ҳокимият ва фароҳам сохтани замина барои ҷавонон ҷиҳати интихоб шудан ба мақоми аввали кишвар аст ва ин тағйир на ба хотири як шахс, балки ба нафъи тамоми шаҳрвандон ва махсусан ҷавонон аст

Вай афзуд: «Ҳоло шумо як ҷавони тоҷики 30 ё 33 соларо дар назар бигиред, ки то ба ин син расидан, барои дарёфти маълумоти олӣ дар як кишвари хориҷӣ таҳсил кардааст ва ҳанӯз таҷрибаи лозими сиёсиро ҳам надорад, зеро аслан фурсати таҷрибаандӯзӣ барои ӯ фароҳам набудааст. Ҳатто имкони намояндаи Маҷлис будан ҳам барояш фароҳам набудааст, зеро то синни 30-солагӣ имкони он барои ӯ нест. Бо ин ҳисоб, оё ӯ имкони раисиҷумҳур шудан дорад? Оё тибқи қонуни ҷадид, ӯ метавонад ба ин мақом номзад шавад? Зеро тибқи ин қонун, номзад аввалан бояд дорои маълумоти олӣ бошад, дар сонӣ ҳаддиақал 10 сол пайваста дар Тоҷикистон зиндагӣ карда бошад ва низ тарҷибаи сиёсӣ ҳам касб карда бошад.»

Шерзамонов дар идома изҳор дошт: «Пас, маълум мешавад, ин қонун фақат барои як ҷавони барои ҳамаамон ошно тарҳрезӣ шудааст. Вагарна, тибқи шарту шурути ин қонун, ҳеч ҷавони дигаре дар ин синну сол амалан имкони расидан ба ин мақомро надорад

Вай афзуд: «Ба замми ин, теъдоди зиёди шҳрвандони Тоҷикистон, ки имрӯз иҷборан дар ғурбат ба сар мебаранд, номзадӣ ба мақоми президенти он тараф истад, ҳатто имкон нахоҳанд дошт, ки номзадии худ ба вакилии МО-ро пешниҳод кунанд, чун барои номзадӣ ба мақоми вакили МН ва ММ хаддиақал бояд 5 соли охир дар қаламрави ҷумҳурӣ зиндагӣ карда бошад

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading