Оё мо башари қарни 21 нестем?


Манбаи расм: http://rebill.me/

Қарне, ки мову шумо дар он зиндагӣ мекунем, қарни 21 аст. Башар дар қарни 20 ва оғози 21, бо вуҷуди тамоми ҷангҳо ва хунрезиҳояш – ки гуфта мешавад, беш аз ҳар замоне дигар шоҳиди ҷангу хунрезӣ буда – аммо дар баробари он, беш аз ҳар давроне дигар дар ин ду қарн аз неъмати озодӣ бархӯрдор будааст. Озодӣ дар ҳамаи абъоди он; озодӣ дар баён ва изҳори назар, озодӣ дар андеша, озодӣ дар интихоби ҳоким ва касе ки қарор аст зимоми идораи ҷомеа ба дасти ӯ супурда шавад ва… Ва чи басо бештари ин ҷангҳо ва хунрезиҳо, баҳои ба даст овардани ин неъмат – неъмати озодӣ – буда; зеро озодӣ неъмате аст бас бузург ва азим, ки қатъан баҳои расидан ба он ҳам, сангин аст. Ва ба қадре ин неъмат гаронбаҳост, ки башар ҳозир аст барои он аз ҳамаи чизаш бигзарад. 

Имрӯза, беш аз 80 дарсади башари рӯйи замин озоданд ва аз ин неъмат бархӯрдор; аз қорраи Омрикои Шимолӣ ва Лотин бигир то қорраи Урупо ва Офриқо ва Осиё. Яъне мардумони бештари кишварҳои ин қорраҳо, дар баён ва изҳори назар озоданд, дар андеша озоданд, дар интихоби зимомдорони худ озоданд ва дар интиқод ва ба пойин кашидани ҳуккомашон — агар ғалате аз онҳо сар бизинад — озоданд. Ва чун чунин аст, аз зиндагии беҳтар низ баҳраманданд; на бо мушкили барқу гоз рӯ ба рӯ ҳастанд ва на аз гуруснагӣ ва шиками холӣ шокӣ. На тарсу ҳарос дар ҷомеаашон соя дорад ва на бо ғорату чаповули зӯргӯён мувоҷеҳ. Зеро зиндагии беҳтар, натиҷаи қатъии бархӯрдорӣ аз озодӣ аст; озодӣ дар ҳамаи абъод чунонки дар боло ёдовар шудам.

Аз миёни ҳамаи ин озодаҳо, танҳо мардумони ду се кишвар дар қорраи Офриқо мисли Зимбабве ва чанд кишвар дар Осиё мисли Куреи Шимолӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (ба истиснои Қирғизистон албатта) ва чанд кишвар ҳам дар Ховари Миёна, аз ин неъмати бебаҳо маҳрум ҳастанд. Албатта, на ин ки озода нестанд, балки озодӣ аз онҳо тавассути режимҳои диктотур ва ҳуккоми худкома салб шудааст. Оё инҳо башари қарни 21 нестанд?

Чаро дар Тоҷикистони мо рӯзноманигор аз баён ва изҳори назар маҳрум аст ва ҳар матлаб ва таҳлиле, ки бихоҳад гузориш кунад, аввал бояд иҷоза бигирад ва ё барои ӯ ҳадду марз таъйин бишавад, ки масалан дар фалон мавзӯъ (мисли масоили мутаъаллиқ ба опозисиюн) ҳаққи ироаи гузориш ва матлаб надорад? Чаро?

Оё мо башари қарни 21 нестем?

Тоза, на ин ки аз ҳаққи изҳори назар ва баён маҳрум аст, балки ҳатто ба хотири як лайк задани матлабе дар шабакаҳои иҷтимоӣ — ки мавриди писанд ва хушоянди мақомот нест – бозхост мешавад. Чаро?

Оё мо башари қарни 21 нестем?

Чаро дар кишвари азизамон ба қадре фазои тарсу ҳарос ҳоким шуда, ки агар як нафар дар як сойт ва ё дар сафҳааш дар шабакаи иҷтимоӣ матлабе бикорад, бастагонаш ба ӯ ҳушдор диҳанд, ки «оё аз ҷонат сер шудаӣ?! Агар ба фикри худат нестӣ, лоақал ба фикри мо бош?!» Чаро?

Оё мо башари қарни 21 нестем?

Чаро дар Тоҷикистони мо бастагон ва наздикони як «ҷинояткор» (ҷинояткор дар қомуси мақомот) бояд чӯби «гуноҳони» писар ё падар ва ё бародар ё амуяшонро бихӯранд? Чаро?

Оё мо башари қарни 21 нестем?

Чаро дар Тоҷикистони мо вақте «ҷинояткоре» боздошт ва маҳкум мешавад, бастагони вай ҳақ надоранд аз падар ё фарзанд ва ё бародар ё хоҳари боздоштшудаашон дифоъ ва ё ба маҷомеи байнамилалӣ барои исботи бегуноҳии онҳо муроҷеа кунанд; ки агар карданд, боздоштшуда дар дохили зиндон ва ё боздоштгоҳ мавриди анвоъи озору шиканҷа қарор мегирад ва аз онҷо ба писар ё падараш паём мефиристад, ки лозим нест аз ман дифоъ кунӣ, сокит ва хомӯш биншин? Чаро?

Оё мо башари қарни 21 нестем?

* * *

Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин, мо, ба унвони як инсон ва мавҷуде, ки аз модар озод зойида шудаем, ҳақ надорем таслими якчунин вазъ ва шароите бишавем. Мо инсонем. Мо чорпо нестем. Мо ҳақ дорем, бигӯем: НА!

Мо ҳам шоистаи зиндагии инсонгуна ҳастем. Мо иҷоза надорем, сокит ва хомӯш нишинем ва ҳар ғалатеро, ки бо мо мекунанд, бипазирем.

Эй рӯзноманигоре, ки фазои хафақон ноумедат карда! Бинавис, изҳори назар кун, иҷоза надеҳ дастонат биларзанд. Ту башари қарни 21 ҳастӣ ва аз он рӯзноманигори офриқоӣ, ки қаламаш арши ҳокими худкомаро ба ларза дармеоварад, ҳеч тафовуте надорӣ. Фақат инки ӯ ноумедӣ ба худ роҳ надода, вале ту ноумед шудаӣ.

Эй сиёсатмадоре, ки боздошту зиндонӣ шудани руфақо ва ҳамразмҳоят ноумедат карда ва ба ҷойи талош ва мубориза, мунтазир нишастаӣ, то мӯъҷизае рух бидиҳад ва вазъро дигаргун бисозад ва онгоҳ лаб ба сухан кушоӣ! Бидон, мӯъҷизае дар роҳ нест, ва Худо ҳам ба додат нахоҳад расид! Зеро қонун ва суннати Худо бо бандаҳояш, ҳар кӣ бошанд чӣ мусалмон ва чӣ ғайри мусалмон, ин аст, ки худашон даст ба кор шаванд ва вазъи мавҷудро тағйир бидиҳанд.

Мо ҳам башарем ва башари қарни 21, ки дар он, дигар аз ғуломӣ ва бардагӣ хабаре нест.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading