Қорӣ Ишкамба

Бисёре аз азизон достони «Марги судхӯр (рибохор)»-и Устод Садруддин Айниро хондаанд ва агар касе то ҳанӯз ин асари гаронмояро нахондааст, ҳатман бихонад, бавижа давлатмардон ва мақомоти мо. (Ва аммо инки чаро хондани ин достонро барои давлатмардони имрӯзи кишварамон бештар тавсия мекунам, иллате дорад, ки дар поён ба он ишора хоҳад шуд). Ин асар аз шоҳкорҳои Устод Айнӣ аст. Бар мабнои ин достон, филме ҳам сохтаанд.

Қаҳрамони ин достон марде аст ба номи Қорӣ Исмат маъруф ба «Қорӣ Ишакамба». Бо ин ки гуфта мешавад, ин достон воқеият дошта ва дар ҳақиқат дар Бухорои пеш аз инқилоби сурхҳо марде бо ҳамин авсоф мезистааст, аммо ангезаи Устод Айнӣ аз навиштани ин достон, ��ирфан нақл ва ҳикояти зиндагии хиффатбори Қори Ишкабма нест. Балки Домулло Айнӣ дар симои Қори Ишкамба ва зиндагӣ ва саранҷоми фоҷеаомези ӯ, вазъи давлатмардон ва муллоҳои вақти Аморати Бухоро дар охирҳои умри ин аморатро ба тасвир кашидааст.

Ба сухани дигар, дар симои Қорӣ Исмат, метавон ҳам охирин Амири Бухороро дид, ки ба ҷуз худаш, ба фикри ҳеч чизе дигар нест; ингор на ингор ӯ ҳокими як кишвар аст ва масъулияти идораи як ҷомеа бар ӯҳдаи ӯст, вале ӯ кучактарин таваҷҷӯҳе ба онҳо надорад. Инки Қорӣ Исмат бо вуҷуди доштани сарвате ҳангуфт, вале ҳамсараш дар танго қарор дорад, дар ҳоле ки масъулияти таъмини моятоҷи ҳамсар бар гардани ӯст ва дар воқеъ сарпарасти хона ба шумор меравад ва ба ин масъулият амал намекунад, дақиқан ишора ба рафтори Амир бо ҷомеаи таҳти амраш дорад.

Дар симои Қорӣ Исмат, ҳам метавон мақомоти кишварӣ ва давлатии он замонро ёфт, ки ҳамму ғамме ҷуз сарватандӯзӣ ва анбор кардани пул ба бонкҳои бегонаро надоранд.

Ва ҳамчунин Қорӣ Ишкабма намоёнгари моҳияти муллоҳо ва руҳонияти он даврон мебошад, ки ба илми худ амал намекарданд. Ба сухани дигар, Қорӣ Исмат, ки қории Қуръон ва як мулло буд, медонист, ки рибо тибқи дастури акиди шариат ва ба тасреҳи Қуръони Карим, як амали ҳаром аст, вале ӯ рибохор буд. Ба мардум пул қарз медод ва суд мехост.

Муҳимтарин паёми Домулло Айнӣ дар ин асар – онҷо ки аз саранҷоми кори Қорӣ Ишкамба, ки ҷуз марге хиффатбор набуд, ҳикоят мекунад – ин аст, ки иллати марги Аморати Бухоро ва суқути он, пеш аз ин ки таҳоҷуми артиши сурх бошад, шикампорагӣ, бемасъулиятӣ, беғамӣ, сарватандӯзӣ, ҳирс, хасисӣ ва худпарастии мақомоти давлатӣ ва кишварӣ ва руҳоният ва муллоҳо ва дар раъси ҳамаи онҳо Амири Бухорост.

Дар садри ин ёддошт ишора ба ин шуд, ки хондани ин достон ва таъаммул дар он, беш аз ҳама ба мақомоти имрӯзи кишварамон ва дар раъси онҳо раисиҷумҳур тавсия мешавад. Бихонанд ва бо таъаммул бихонанд ва онгоҳ бибинанд, оё вазъе, ки мақомоти Аморати Бухоро доштанд ва мунҷар ба суқути он давлат шуд, домангири онҳо нест?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии (1) -

Добавить комментарий

Loading