Протоколи № 32-20

Шермаҳмади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар нишасте хабарӣ дар торихи 18.01.2016, иттиҳомҳоеро, ки мақомот билофосила пас аз «шӯриш»-и женерол Абдуҳалим Назарзода алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ мабнӣ бар «даст доштани ин ҳизб дар он ошӯб» зада буданд, такрор кард. Аммо чизи тозае, ки Шоҳиён дар нишасти хабарии имрӯзи худ гуфт иборат буд аз ин ки: «нақшаи қазияҳои моҳи сентябри соли гузашта, панҷ сол пеш тарҳрезӣ шудаанду мақомоти кишвар онро пешгирӣ карда натавонистанд.» Ба сухани дигар, соли 2010.

Хуб, панҷ сол, ба назарам, хеле ҳам аз мо дур нест ва шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз ёдашон ҳаст, ки дар ин сол, яъне 2010, чӣ иттифоқе дар кишварамон рух додааст.

Дар торихи 28 феврали Соли 2010, Тоҷикистон шоҳиди интихоботи порлумонӣ буд ва бино ба манобеи мувассақ, натоиҷи ин интихобот ларза ба бадани табақаи ҳокима дар кишварамон ва дар раъси онҳо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон андохт. Зеро натоиҷи ғайри расмии ин интихобот, аз касби наздик ба нисфи курсиҳои порлумон тавассути Ҳизби наҳзати исломӣ ҳикоят мекард. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, дар охирин мусоҳибаи худ бо пойгоҳи Sunnionline, дар ин бора гуфтааст: «Нозирони байналмилалӣ ва таҳлилгарони хориҷӣ, ки дар интихобот ширкат доштанд, ҳамчунин нозирони маҳаллӣ ва ҳатто худи кумисиюнҳои интихоботӣ, ки ҳама аз сӯи давлат таъйин мешаванд, мегуфтанд, орои мо байни 40 то 50 дарсад будааст. Бо таваҷҷӯҳ ба шароити Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, ин аслан қобили тасаввур барои мақомот нест

Пирӯзии ҲНИТ, дар воқеъ занги хатаре барои табақаи ҳокимаи Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Аз ҳамон торих, тавтиъачинӣ алайҳи ин ҳизб ва аъзо ва фаъолонаш шурӯъ шуд. Пойгоҳи хабарӣ-таҳлилииZvezda.ru дар аввалҳои соли 2012, дар матлабе дар пойгоҳи худ, ду санади маҳрамонаро, ки яке суратҷаласаи маҳрамонаи Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ниҳодҳои қудратӣ аст, ва дигарӣ, қарори ниҳодҳои қудратӣ роҷеъ ба суфоришоҳе аст, ки дар ҷаласаашон бо Раҳмон мавриди таъкид буда, мунташир кард. Ин аснод ба «Протоколи № 32-20» маъруфанд, ки дар зайл оварда хоҳанд шуд. Лозим ба тазаккур аст, то ҳанӯз ҳеч мақоме аз мақомоти кишварӣ сиҳҳати ин аснодро рад ва ё такзиб накардаанд.

Муруре кӯтоҳ ба мафодди ин аснод, ба хубӣ нишон медиҳанд ва ҳеч ҷойе барои шакку тардид боқӣ намегузоранд, ки он чӣ дар сентябри соли гузашта иттифоқ уфтод, дар воқеъ иҷроӣ кардани марҳилаи ахири нақша ва барномае аст, ки «Протоколи № 32-20» дарбар дорад.

Дар зайл, ин ду санадро меоварем:

* * *

Махфӣ

«Тасдиқ мекунам»

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон (имзо)

26 ноябри соли 2011

Протоколи № 32-20

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ш. Душанбе 24 ноябри соли 2011

Ширкат доштанд:

Қаҳҳоров А. А. – Вазири корҳои дохилӣ, Худоёров Б. Т. – Вазири адлия, Ятимов С. С. – Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Салимзода Ш. О. – Прокрурори генералӣ, Азизов А. А., Фаттоев С.С. – мушовирони давлатии Президент. Холиқов А. Ғ. – Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, Асадов А. О. – Мудири Котиботи Президент.

Рӯзномаи машварат:

Баррасии вазъи иҷтимоии мамлакат ва вазифаҳои сохтору мақомоти масъул дар ин самт.

Дар оғози машварат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъи ҷории кишвар андешаҳои худро иброз дошта, дар назди роҳбарону масъулони сохтору мақомот вазифаҳои зеринро гузоштанд:

1. Вазорати корҳои дохилӣ – Қаҳҳоров А. А., Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – Ятимов С.С. ва Кумитаи оид ба корҳои дин – Холиқов А. Ғ. корро дар самти назорати фаъолияти ташкилотҳои динӣ, пеш аз ҳама масҷидҳо боз ҳам тақвият бахшида, доир ба мубориза бо равияҳои зарарноки динӣ, аз ҷумла салафия аз тамоми нерӯву имкониятҳои мавҷуда истифода баранд.

2. Вазорати корҳои дохилӣ – Қаҳҳоров А. А., Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – Ятимов С.С., Кумитаи оид ба корҳои дин – Холиқов А. Ғ. якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби имкониятҳои соҳибкорону фаъолони маҳалҳо харитаҳои сиёсии минтақаву маҳалҳои мамлакатро таҳия карда, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, хусусан роҳбарону масъулони сохторҳои ибтидоии онро таҳти назорати қатъӣ ва доимӣ қарор дода, доир ба муайян кардани рӯйхати пурраи аъзои ҳизб ва маҳаллу суроғаи зисти онҳо, ошкор намудани тарзу усули кори таблиғоти ҳизб, инчунин оид ба пешбурди кори ҷиддӣ, аз ҷумла бо роҳи ҳавасмандгардонӣ аз сафҳои ҳизб кашидани онҳо чораҷӯӣ намоянд.

3. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – Ятимов С.С ва Вазорати корҳои дохилӣ – Қаҳҳоров А. А. бо ҳамкории сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

— доир ба гузаронидани санҷиши низомӣ, шиносномаи шаҳрвандони мамлакат, хусусан пойтахти он, муайян кардани ин, ки онҳо аз куҷо ва чӣ вақт омадаанд, инчунин мансубияти ҳизбии онҳо, бо дарназардошти масъалаи торафт аз ҳисоби занон афзудани шумораи аъзои ҲНИТ фаъолияти муназзам ва мунтазамро ба роҳ монанд;

— бо истифода аз маводу имкониятҳои мавҷуда дар бобати муайян кардани онҳое, ки дар майдоннишиниҳои соли 1992 ширкат доштанд ва маҳаллу минтақаҳои зисти онҳо чораҷӯӣ намоянд;

— бо ҷалби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ оид ба муайян кардани манбаъҳои маблағгузории фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла ҲНИТ ва тафтиши фаъолияти молиявии онҳо тадбирҳои бетаъхир андешанд;

— аз байни аҳолӣ, аз ҷумла дӯкону фурӯшгоҳҳо ва воситаҳои нақлиёт мусодира кардани навору дискҳои маънии тахрибкоронаи динидоштаро пурзӯр намоянд.

4. Вазорати адлия – Худоёров Б.Т., мушовирони давлатии Президент Фаттоев С.С. ва Азизов А.А. назорати қатъии бақайдгирии аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити иттилооти оммаро ба роҳ монанд.

5. Кумитаи оид ба корҳои дин – Холиков А. Ғ. якҷо бо сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ:

— дар хусуси пурра ба Ватан баргардонидани толибилмоне, ки ба таври ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таҳсилоти динии кишварҳои дигар таҳсил мекунанд ва ба мардум фаҳмонидани масъалаи тақдири минбаъдаи чунин толибилмон чораҳои муассир андешад;

— доир ба пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти мактабҳои динии ғайриқонунӣ тадбирҳои қатъиро амалӣ намояд;

— якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва сохтору идораҳои дахлдор дар хусуси ба сеху коргоҳҳои истеҳсолӣ табдил додани биноҳое, ки бо номи «ҷойи ҷамъиятӣ» ташкил шудаанд, вале дар асл чун масҷид истифода мешаванд, чораҷӯӣ намояд;

— робитаи доимӣ ва кори фаъолонаро бо имомхатибони масоҷиди қаламрави Федератсия Россия ба роҳ монад;

— гурӯҳҳои фаврии корӣ таъсис дода, то охири моҳи декабри соли ҷорӣ ба минтақаву маҳалҳои нисбатан ҳассоси кишвар сафарҳои корӣ анҷом диҳад ва корҳои назоративу омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳиро вусъат бахшад.

6. Мушовири давлатии Президент – Фаттоев С.С якҷо б сохтору мақомоти дахдор:

— ҷиҳати дар васоити иттилооти омма дар асоси гуфтору рафтори роҳбарон ва фаъолони ҲНИТ таҳия ва нашр намудани маводи фошкунандаи фаъолияти ғайриқонунии онҳо чораҷӯӣ намояд;

— ҷиҳати таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ бо диаспораҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикон дар кишварҳои дигар, бахусус Федератсияи Россия тадбирҳои амалӣ андешад.

7. Мушовири давлатии Президент – Азизов А.А., Вазорати корҳои дохилӣ – Қаҳҳоров А. А., Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – Ятимов С.С., Прокуратураи генералӣ – Салимзода Ш.О., Суди Олӣ ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ:

— фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозро дар шаҳру ноҳияҳо ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд;

— ҳамкориро бо сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави мамлакат пурзӯр намуда, барои ба узвияти ҳизб тавсия ва ташвиқ кардани одамони обрӯманд, занону духтарони бомаърифату боғайрат ва афсарони ба нафаққа баромада мунтазам чораҷӯӣ намоянд;

— тақсими одилонаи заминҳои тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошударо таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд;

— ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо созмонҳои занон, ҷавонон, хусусан варзишгарон ва истифодаи пурсамари толору иншооти варзишӣ мунтазам чораҷӯӣ кунанд;

— доир ба ҳолати омодабошии афсарони эҳтиёт ба таври доимӣ тадбирҳо андешанд.

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Давлатов

* * *

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

№4/33-0188 аз 8 декабри соли 2011 махфӣ

Ба сардори РКҶ, РМЗҶМ, РМЗГҒММ, РОҶ, РЧОТ, ХИНҶ, РҲТҶ, ХШР, РКД ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳия ва минтақаи Рашт, ш. Душанбе шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ҳамкорӣ бо КДАМ, Кумитаи оид ба дин ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

«Ҷиҳати иҷрои Протоколи машварати корӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №32-20 аз 24 ноябри соли 2011»

Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо равияҳои ифротгарои динӣ, ошкор намудани тарзу усули кори таблиғотии ҳизбҳои ғояҳояшон ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар машварати корӣ аз 24 ноябри соли 2011 №32-20 баён карда шуданд.

ТАЛАБ МЕНАМОЯМ:

  1. Харитаҳои сиёсии минтақаву маҳаллаҳои мамлакат таҳия карда шуда фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон (ҲНИТ), хусусан роҳбарону масъулони сохторҳои ибтидоии он таҳти назарати қатъӣ ва доимӣ қарор дода шавад.
  2. Доир ба муайян кардани рӯйхати пурраи аъзои ҲНИТ ва маҳаллу суроғаи зисти онҳо, ошкор намудани тарзу усули кори таблиғотии ҳизб, инчунин оид ба пешбурди кори ҷиддӣ, аз ҷумла бо роҳи ҳавасмандгардонӣ аз сафҳои ҳизб кашидани онҳо тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
  3. Доир ба гузаронидани санҷиши низоми шиносномаи шаҳрвандони мамлакат, хусусан пойтахти он, муайян кардани ин, ки онҳо аз куҷо ва чӣ вақт омодаанд, инчунин мансубияти ҳизбии онҳо, бо дарназардошти масаъалаи то рафт аз ҳисоби занон афзудани шумораи аъзои ҲНИТ фаъолияти муназзам ва мунтазам ба роҳ монда шавад.
  4. Бо истифода аз маводу имкониятҳои мавҷуд дар бобати муайян кардани онҳое, ки дар майдоннишиниҳои соли 1992 ширкат доштанд ва маҳаллу минтақаҳои зисти онҳо чорабинӣ карда шавад.
  5. Бо ҷалби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ оид ба муайян кардани манбаҳои маблағгузории фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла ҲНИТ ва тафтиши фаъолияти молиявии онҳо тадбирҳои бетаъхир андешида шавад.
  6. Ҷиҳати дар васоити иттилооти омма дар асоси гуфтор ва рафтори роҳбарон ва фаъолони ҲНИТ таҳия ва нашр намудани маводи фошкунандаи фаъолияти ғайриқонунии онҳо чораҳо андешида шавад.
  7. Аз байни аҳолӣ, аз ҷумла аз дӯкону фурӯшгоҳҳо ва воситаҳои нақлиёт мусодира кардани навору дискаҳои маънии тахрибкоронаи динидошта пурзӯр карда шавад.
  8. Дар хусуси пурра ба Ватан баргардонидани толибилмоне, ки ба таври ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таҳсилоти динии кишварҳои дигар таҳсил мекунанд ва ба мардум фаҳмонидани масъалаи тақдири минбаъдаи чунин толибилмон чораҳои муассир андешида шавад.
  9. Доир ба пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти мактабҳои динии ғайриқонунӣ тадбирҳои қатъӣ амалӣ карда шавад.
  10. Дар масъалаи табдил додани сеху коргоҳҳои истеҳсолӣ ба ном ба «ҷойи ҷамъиятӣ», аммо дар асл истифода намудани онҳо ҳамчун масҷид, чораҳои таъсирбахш андешида шавад.
  11. Ҷиҳати таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ бо диаспораҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикон дар кишварҳои дигар, ба хусус Федератсияи Россия, тадбирҳои амалӣ андешида шавад.
  12. Фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.
  13. Ҳамкорӣ бо сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави мамлакат пурзӯр карда шуда, барои ба узвияти ҳизб тавсия ва ташвиқ кардани одамони обрӯманд, занону духтарони бомаърифату боғайрат ва афсарони ба нафақа баромада мунтазам чораҷӯӣ карда шавад.
  14. Тақсими одилонаи заминҳои тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.
  15. Ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо созмонҳои занон, ҷавонон ва хусусан варзишгарон ва истифодаи пурсамари толори иншооти варзишӣ мунтазам чораҷӯи карда шавад.
  16. Доир ба ҳолати омодабошии ҳайати шахсӣ ба таври доимӣ тадбирҳо андешида шавад.
  17. Аз натиҷаи иҷрои супориши мазкур ҳар семоҳа ба Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумотномаи муфассал ирсол карда шавад.
  18. Супориши мазкур ба самъи ҳайати роҳбарикунандаи ҷузъу томҳо расонида шавад.

Муовини аввали Вазир

генерал-лейтенанти милитсия Р.Раҳимов

* * *







_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии (1) -

  • Торихшинос.

    19.01.2016 6:51:56 | Ответить на комментарий

    Ин режим хамаро бо тарикаи шафоф несту нобуд кар. Аъмо Худованд донатараст аз макрхои ин ЛАЪНАТИ.

Добавить комментарий

Loading