Алим Шерзамонов: «Хатар дар дохили кишвар аст»

Алим Шерзамонов, фаъоли сиёсӣ ва раиси бахши бадахшонии Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, зимни дархост аз мардум мабнӣ бар инки «ба ин паёмҳои даҳшатбарангез, ки мақсади муғризонаи худи мақомот аст, бовар накунанд» таъкид кардааст: «Ягон хатаре ба Тоҷикистон аз берун таҳдид намекунад. Хатар дар дохили кишвар аст.»

Шерзамонов дар ин ёддошт навиштааст: «Тибқи иттилои ба даст расида, дар ҳукумати ВМКБ ҷаласаи изтирорӣ баргузор гардид. Дар он, иттилоъ дода шуд, ки ба ин мақомот аз он тарафи рӯдхонаи Панҷ мактубе расида ва дар он, ба мақомот ва мардуми Бадахшон ҳушдор дода шудааст, ки алайҳи маҳз мардуми Бадахшон амалиёти хушунатбор тарҳрезӣ шудааст

Раиси бахши ҲСДТ дар Бадахшон, дар идомаи ёддошти худ, бо баёни инки «маълум нест, ки аз тарафи кадом гурӯҳе ва унвони кӣ ин паём расидаст», хотирнишин кардааст: «Мақомот аз баъзе намояндагони ҷомеаи маданӣ ва мардуми Бадахшон ҳамкорӣ ва ёрӣ талабидаанд. Фақат савол сари он аст, ки чӣ намуд ҳамкорӣ ва ёриро метавонад мардуми осоиштаи Бадахшон ба нерӯҳои интизомии бешумори мустақар дар Бадахшон расонад

Вай афзудааст: «Бояд қайд кард, ки сатҳи эътимоди мардуми Бадахшон ба ин нерӯҳо дар сатҳи поинтарин қарор дорад ва аксар бар ин боваранд, ки Худо накунаду агар ягон амале бар зидди мардум аз он тарафи рӯди Панҷ сурат гирад, тамоми ин қӯшун дар дақиқаҳои аввал роҳи гурезро пеш мегирад, агар ба тарафи душман нагузарад

Шерзамонов дар идома ёдовар шудааст: «Ба бовари банда, инҳо афсонаҳое беш нестанд, ки мақсадашон шояд чанд ҳафта пас маълум шаванд. Аз мардуми шарифи Бадахшон ва тамоми Тоҷикистон даъват мекунам, ки ба ин паёмҳои даҳшатбарангез, ки мақсади муғризонаи худи мақомот аст, бовар накунед. Ягон хатаре ба Тоҷикистон аз берун таҳдид намекунад. Хатар дар дохили кишвар аст

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading