Одамрубоӣ

Одамрубоӣ яке аз аъмоли теруристист. ДОЪИШ ва амсоли он аз гурӯҳҳои теруристӣ, танҳо ба хотири қатлу кушторашон дар назди ҷаҳониён манфур нестанд, балки аъмоле чун бардагирӣ, ба салиб кашидан ва одамрубоияшон низ онҳоро манфур сохта.

Ҳоло, агар ҳамин аъмол ва рафторҳо аз сӯйи як ҳукумат анҷом гирад, алалқоъида ин ҳукумат низ мисли ДОЪИШ терурист хонда шавад. Аммо шӯрбахтона, масолеҳ ва манофеи сиёсӣ мӯҷиб гардида, кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аъмоли теруристии ҳукуматҳоро нодида бигиранд. Ба сухани дигар, меъёрҳои доварӣ ва қазоват пеши онон дугона аст. Агар ДОЪИШ одам рубояд, унвони ин амал мешавад теруризм, вале айни ҳамин рафтор аз сӯйи як ҳукумати ба истилоҳ, қонунӣ анҷом гирад, унвонаш на ин ки теруризм нест, балки аҳёнан «мубориза бо теруризм» ҳам мешавад.

Дирӯз дар Тоҷикистон ду одами бегуноҳ рабуда шуданд. Дар рӯзи равшан. Ва маълум аст тавассути чӣ касоне рабуда шудаанд. Гуноҳи ин ду инсон фақат ин буд, ки мехостанд, гурӯҳе аз вукалои мудофеъро, ки қасди дидор ва гуфтугӯ бо боздоштшудаҳоро доштанд, ҳамроҳӣ кунанд.

Тибқи гузориши расонаҳо, дар ҳоле ки гурӯҳе аз вакилони мудофеъ ҷиҳати дидор ва гуфтугӯ бо боздоштшудаҳои сиёсӣ вориди Душанбе шудаанд, Ҷамшед ва Хосият Ёрова, бародар ва хоҳари Бузургмеҳр Ёров, ки қарор буд, ин вукалоро ҳамроҳӣ кунанд, дишаб рабуда шуда ва ҳаминак маҳалли нигаҳдории онҳо маълум нест.

Албатта, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ин ҳодиса изҳори «беиттилоӣ» кардааст. Ба гузориши Озодагон, аз дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба ин хабаргузорӣ иттилоъ додаанд, ки аз боздошти Хосияту Ҷамшед, хоҳар ва бародари Бузургмеҳр Ёров иттилое надоранд. Ин дафтар гуфтааст: “Дар сурати муроҷиати наздиконашон ба мақомоти дохилӣ, масъулин ба муайян кардани макони будубоши онҳо машғул хоҳанд шуд”.

Хуб, маълум аст, ки бояд чӣ бигӯянд. Мақомоти ба зоҳир «мутамаддин» ва дар асл теруристи Тоҷикистон, ки кучактарин тафовуте бо доъишиҳо надоранд, нек омӯхтаанд, ки чӣ гуна дар арсаи сиёсат бозӣ кунанд. Яъне дар муддати 23 соле, ки зимоми идораи ҷомеа дар ихтиёри онҳост, танҳо чизе, ки онро хуб омӯхтаанд, ин бозиҳои сиёсист. Бозиҳое аз ин қабил, ки масалан агар бихоҳӣ мухолифи сиёсии худро аз сари роҳат бардорӣ, як нафарро бо пул аҷир мекунӣ ва аз ӯ мехоҳӣ, то мухолифатро терур кунад. Ва ё ин ки чанд нафар авбошро маъмур мекунӣ, то касеро, ки аз ӯ хушат намеояд, бирубояд ва дар ҷойе «номаълум» нигаҳ дорад ва онгоҳ дар малаъ изҳори «беиттилоӣ» бикунӣ. Хуб, ин кор барои як давлат, ки на қонун мешиносад ва на ба инсон эҳтиром қоил аст, кори бисёр осон аст.

Худо бикушадатон бо ин корҳои паст ва разл ва ғайри инсониятон!

Аммо мутмаин бошед, Худованд ҳамин гуна шуморо раҳо нахоҳад кард. Рӯзе бар так-таки ин ҷиноятҳо посух хоҳед гуфт.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading