Мо, шӯрбахтона, бо ҳам дӯст нашудем, вале шарики дар мусибат гардидем!

Ёддошти Алӣ Мастов

Таҳаммул як хиёбони дутарафае аст, ки дар он бартарие барои ҳеҷ кадом аз тарафҳо вуҷуд надорад, аммо барои дарки мутақобил роҳ боз аст”.

(Кантор)

Шояд миллате пора-пора ва пароканда ба андозаи миллати мо пайдо нашавад. “Вижагии мунҳасир ба фард”-и мо ин аст, ки бо ин ки ҳама дар чоҳе амиқ фурӯ рафтаем, аммо наметавонем ҳамдигарро ҳазм кунем. Албатта, сухан инҷо дар бораи ихтилофи назарҳо ва ихтилофи афкор нест, ин баҳсаш ҷудост. Балки сухан аз гурӯҳҳое дар ҷомеа меравад, ки ба ҳеч ваҷҳ таҳаммули ҳамдигарро надоранд ва нисбат ба якдигар ба манзилаи кӯрону каронанд, ки ғайри худро намебинанд. Беҳтар аст ин гуна оғоз намоем.

Мақомот: Ба касе пӯшида нест, ки дар он боло-болоҳо таҷрубае побарҷост, ки мардумро бар асоси ҷуғрофиё ба худиву бегона тақсим мекунанд. “Худӣ”-ҳо ба кор гирифта мешаванд ва аз тамоми навоқису кӯтоҳии онон чашмпӯшӣ ба амал меояд, аммо “бегона”-гон бо вуҷуди тавоноиҳояшон, канор гузошта шуда ва ба корҳо дахолат дода намешаванд, то музоҳими кор нашаванд. Албатта ин бемории ҷадиде нест, вале дар даврони истиқлолият, ба суръат дар ҳоли пешравист.

Тарафдорони ҳукумат: Ин қишр касоне ҳастанд, ки ба ҳар навъ афкоре, ки бар хилофи сиёсатҳои ҳизбиашон бошад, бо чашми хусумат нигоҳ мекунанд. Шахси дорои афкори мухолиф, барои бисёре аз ин афрод, на камтар аз душмани Ватан ба шумор меравад, ҳарчанд мутмаиннам, ки бештарашон чӣ будани Ватанро ҳам намедонанд.

Русгароён (русофилон): Ин гурӯҳ аз мардум, агар бо нафрат набошад, ҳаддиақал бо ғурур ба касоне нигоҳ мекунанд, ки заррае мухолифат бо сиёсатҳои Русия дошта бошад, ё бо касоне ки бо забони “бузургу тавоно” (русӣ) бад сӯҳбат намояд; то чӣ расад ба ононе, ки Худой накарда нақде бар сиёсатҳои Русия ворид бидонанд. Муносибати гарми ин гурӯҳ нисбат ба русу русгароӣ маврусист ва ба даврони собиқ Шӯравӣ бармегардад; давроне, ки ҳанӯз ҳам дар рӯъёи онанд, бо вуҷуди ин ки хуб медонанд, дигар он даврон қобили баргашт нест.

Исломҳаросон: Ин қишр иборатанд аз атеистону мулҳидони тоҷик ва ё ҳатто афроде, ки ба динҳои дигаре ғайр аз ислом гаройиш доранд. Инон тамоми фарҳанги тоҷикиро пазиро буда, аммо исломро аз он ҷудо мепиндоранд ва пазирои руҳи ислом нестанд, бо вуҷуди он ки эътироф доранд, 95%-и мардуми Тоҷикистон мусалмон ва пайрави ин динанд. Инон тамоми маъойиби ҷаҳони исломро муртабит бо дин медонанд ва саъй дар пӯшонидани ҷиҳоти мусбати ислом менамоянд. Ҳангоми баррасии масоиле, ки рабте ба дин надорад, талош ба харҷ медиҳанд, то ба наҳве онро ба ислом рабт диҳанд ва саъяшон ин аст, ки дар ростои тазъифи ислом гоме бардоранд.

Наввоизон ва ҳаммаслакони онон: Инҳо он даста аз ҷавонони тоҷиканд, ки барояшон мафҳумҳои ғайриисломӣ комилан бегонаанд. Барои ин гурӯҳ мафоҳиме чун Ватан, Миллат, Фарҳанг ҳеч арзише надорад. Ин гурӯҳ ба ҷаҳони атрофи хеш фақат бо айнаки ислом нигоҳ мекунанд.

Бақия: Ман намедонам чанд дарсад аз ҷомеаи моро “бақия” ташкил медиҳанд, аммо инҳо дар ин рутбабандӣ, ба таври куллӣ ба дур аз ҳамаи гурӯҳҳои боло мебошанд. Инҳо метавонанд мусалмоне бошанд, ки ба тамоми қавонини дин пойбанданд, ё атеисту мулҳид ва ё намояндагони адёни дигар ва ҳатто кумунисту демукрот, аммо бар хилофи гурӯҳҳои боло, инҳо дар як чорчӯби хоссе қарор надоранд. Агарчи гоҳе бар асоси шароит ва вазъият, ҳамдардӣ бо намояндагони гурӯҳҳои дигар менамоянд, аммо бо ҳеч кадом аз гурӯҳҳои шумурдашуда қаробат надоранд.

Бетафовутон: Дар ин гурӯҳ ду даста дохил мешаванд:

а) касоне, ки аз ҳама касу ҳама чиз ноумед шудаанд;

б) афроде, ки ба далоиле (мисли куҳулати син, беморӣ ва ё бесаводӣ) аз дарку фаҳми он чӣ дар атрофашон мегузарад, оҷизанд.

Албатта, бисёре аз афроди ин гурӯҳҳо дар ҳоли эҷод ва ё талош барои эҷоди тағйироти мусбат дар ҷомеа ҳастанд, аммо онҳо дар уқёнуси адами таҳаммул ва беадолатии мо ғарқ гаштаанд. Ҳамин набуди таҳаммул ва вуҷуди беадолатиҳост, ки мунҷар ба фалаҷшавии кишвари мо гаштааст. Кишвар фалаҷ аст, ба хотири он ки миллат фалаҷ гаштааст, ҷомеа фалаҷ гаштааст. Агар кишвари мо пештар бо ду пояш мелангид, дар ҳоли ҳозир, аз пой афтодааст ва бо вопасин нирӯҳои худ дар ҳоли хазидан аст. Ва аммо мо – афроди ҷомеа, ба ҷойи он ки ин ҳолатро бубинем ва чорае бияндешем, дар пайи онем, ки сухани худро бар дигарон таҳмил намоем ва ҳақбаҷонибии худро ба субут бирасонем.

Ба назар мерасад, беҳтарин васфро аз ин ҳолат, Аврелий Марков намудааст, ки мегӯяд:

«Мо, шӯрбахтона, бо ҳам дӯст нашудем, вале шарики дар мусибат гардидем

Ҳоло то ба кай шарикони дар мусибат хоҳем монд, фақат бастагӣ ба худамон дорад.

(Мутарҷим: Зебо Назарова)

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading