Магар шумо кӯррангед?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар латифае ҳаст, ки Мулло Насриддин мубтало ба бемории кӯррангӣ (дальтонизм) буд ва наметавонист рангҳоро дуруст ташхис бидиҳад. Ранги сурх ба назари ӯ сабз намоён мешуд. Аммо шӯрбахтона, ӯ ба ҳеч ваҷҳ ҳозир набуд, бипазирад, ки кӯрранг аст ва балки бадтар аз ин, гумон мекард, ин дигарон ҳастанд, ки дар ташхиси рангҳо иштибоҳ мекунанд, на вай. Ва ба ҳамин ҷиҳат, мудом мардумонро сарзаниш ва маломат мекард, ки чаро шумо гулеро, ки «сабз» аст, мегӯед, сурх аст, магар шумо кӯррангед?!

Суханони дирӯзи ҷаноби Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотиаш, дуруст ҳамин суханони Мулло Насриддинро мемонад. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон дирӯз (25.01.2016) гуфтааст, «Кабирӣ бо вуҷуди кофтукоби байналмилалӣ, ба бархе кишварҳо аз ҷумла Эрон сафар мекунад». Вай афзуда: «Кишварҳое, ки Кабириро ба қаламрави худ роҳ медиҳанд, бояд ҳатман сабаби ин иқдомашонро шарҳ диҳанд, аммо мутаассифона бархе кишварҳо то ҳол посух надодаанд».

Ба сухани дигар, ҷаноби Раҳимзода гуфтанист, Кабириро, ки мо «теруририст» медонем, чаро дигарон «терурист» намедонанд, ҳатто пулиси байнамилал (Интерпол)? Қатъан, онҳо дар иштибоҳанд. Бояд ҳамаи онҳо раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мисли мо «терурист» бибинанд!.. Ҳарфи ҷаноби Рамазон Раҳимзода ҳамин аст.

Намедонам, дар он нишаст аз рӯзноманигорон чӣ касоне ҳузур доштанд, вале мебоист лоақал яке аз онҳо ба ҷаноби Раҳимзода ин суолро матраҳ мекард, ки агар кулли дунё, ба ҷуз шумо, Кабириро «терурист» намедонанд ва ба ҳушдорҳои шумо дар ин маврид кучактарин эътиное намекунанд, пас лобуд мушкил дар шумост, на дар онҳо. Ин шумо ҳастед, ки дар арзёбиҳои худ бояд таҷдиди назар кунед, на ин ки дигаронро сарзаниш карда ва таваққӯъ дошта бошед, ки онҳо низ мисли шумо ба ҷаҳон нигоҳ кунанд!

Вақте тамоми мардуми дунё гулеро сурх мебинанд ва дар ин миён танҳо ин шумо бошед, ки онро «сабз» ташхис медиҳад, пас айб дар ташхиси шумост, на дар нигоҳи дигарон, ки ранги сурхро сурх мебинанд, на «сабз».

Шумо, бо вуҷуди он ки ҲНИТ ва Кабирӣ дар каноратон буд ва тақрибан ду даҳа дар дохили кишвар ҳузури фаъол дошт, вале мутаассифона на ин ки ӯро надидед ва нашинохтед, балки аслан нахостед, ки бибинед ва бишносед. Агар мешинохтед, ҳаргиз ӯ ва ҳизбашро якшаба «терурист» эълон намекардед.

Аммо хушбахтона, дунё бар хилофи шумо, ӯ ва ҳизбашро хуб шинохтаанд. Магар на ин аст, ки аз Кабирӣ ҳар аз гоҳе даъват ба амал меомад, то дар донишгоҳҳо ва марокизи пажӯҳишии кишварҳои мухталиф, аз Урупо бигир то баъзе аз кишварҳои осиёӣ, суханронӣ кунад?! Оё инҳоро медонистед? Кабирӣ на танҳо дар конфронсҳо ва ҳамоишҳои мутаъаддиди байналмилалӣ ва марокизи пажӯҳишӣ суханронӣ мекард, балки узви чандин созмонҳо ва анҷуманҳои байналмилалӣ аст. Аз инҳо мутталеъ будед?

Бо ин ҳисоб, оё фикр кардед, вақте Кабирӣ ва ҳизбашро «терурист» эълон кунед, ҷаҳониён низ «теруристаш» хоҳанд донист?! На ин ки «терурист» нахоҳанд донист, балки касонеро, ки ӯро ба ин унвон бихонанд, терурист хоҳанд шумурд.

Бинобар ин, вақте дидед, ҷаҳониён ба ҳарфатон эътино накарданд, пас шоиста он аст, ки шумо дар нигоҳи худ таҷдид назар бикунед, на дигарон.

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading