Дархости ҲНИТ барои муҷозоти мақомоти тоҷик ва қавонини байналмилалӣ


Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар баёнияи ахири худ, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ бавижа ниҳодҳои ҳуқуқи башар ва додгоҳҳои байналмилалӣ дархост кардааст, барои ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои «созмонёфтаи зиддибашарӣ»-и режими ҳоким дар Тоҷикистон нисбат ба миллати тоҷик, ин ҷинояткоронро «новобаста аз мақом ва мансабашон, ба додгоҳҳои байналмилалӣ кашида ва нисбати онҳо чораҳои лозим» бибинанд.

Ин шӯро, ки пас аз боздошт ва зиндонӣ шудани бештари аъзои Раёсати олии ҲНИТ, дар берун аз қаламрави Тоҷикистон ташкил шудааст, дар ҳоле ин дархостро матраҳ мекунад, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 200 нафар аз фаъолони ин ҳизб ба иловаи чанд тан аз сиёсатмадорон ва вукалои мудофеъ, дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд ва ба гуфтаи огоҳон, таҳти сахттарин фишорҳо қарор доранд ва ҳатто ахиран барои вукалои мудофеи туркӣ иҷозаи дидор ва гуфтугӯ бо онҳо дода нашуд.

Дар робита бо ин дархости Шӯрои сиёсии ҲНИТ, коршиносони ҳуқуқи башарӣ ва қонундонҳо бар ин боваранд, ки ҳарчанд ин ҳизб ба лиҳози қавонини ҷорӣ, наметавонад ба Додгоҳи адолати Урупо ва ё Девони кайфарии байналмилалӣ муроҷеа бикунад, вале созу корҳо ва роҳкорҳои дигаре барои он вуҷуд дорад.

Надежда Атаева (акс: BBC)


Надежда Атаева, раҳбари Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, ки мақарраш дар Пориси Фаронса мебошад, дар гуфтугӯ бо Кимиёи саодат гуфт: «Шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонанд ба Додгоҳи адолати Урупо бо шикоят алайҳи мақомоти тоҷик муроҷеа бикунанд; зеро ҳукумати Тоҷикистон Кунвонсиюми ҳуқуқи башари Урупо (Европейская конвенция о защите прав человека и основных свобод)-ро ба тасвиб нарасонда

Атаева афзуд: «Ҳамчунин, ба Девони кайфарии байналмилалӣ низ наметавонанд шикоят кунанд, чун Тоҷикистон асосномаи ин девон (Римский статут Международного уголовного суда)-ро ҳам тасвиб накардааст

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъ ва ҳуқуқдони тоҷик низ мегӯяд: «ҲНИТ ва ҳеч як шаҳрванди Тоҷикистон ва ё ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба Додгоҳи байналмилалӣ муроҷиат карда наметавонанд, зеро Тоҷикистон узви Додгоҳи байналмилалӣ намебошад. Ва илова бар ин, Додгоҳи байналмилалӣ, ки мақарраш дар Лоҳа (Гаага) мебошад, ҷиноятҳои наслкушӣ ва низомиро баррасӣ мекунад агар далеле бошад. Яъне комиссиони байналмилалӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ дар натиҷаи гузаронидани тафтиш, далел пайдо кунанд, ки аз ҷониби режими ҳукмрон наслкушӣ, ҷиноятҳои низомӣ, яъне бо истифода аз қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба нобуд кардани миллат, қатли омм роҳ дода шудааст, ҳуқуқ пайдо мекунанд ба трибунали низомии Додгоҳи Лоҳа (Гаага) муроҷиат намоянд

Файзиниссо Вохидова


Вай меафзояд: «Дар ҳамин ҳолат ҳам, Тоҷикистон чун узви Додгоҳи байналмилалӣ нест, ҳеч имкони муроҷиат вуҷуд надорад

Бо ин вуҷуд, қонуншиносон мӯътақиданд, ки созу корҳо ва роҳкорҳои дигаре пеши рӯи ҲНИТ вуҷуд дорад. Надежда Атаева мегӯяд: «Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз болои мақомоти олирутбае, ки муртакиби ҷиноятҳои зиддибашарӣ шудаанд (мисли шиканҷа, қатл, таҷовуз, муҳокимаҳои ғайри қонунӣ ва ғайра..) шикоят ва онҳоро ба муҷозот бикашонанд, дар асоси Ҳавзаи қазоии байналмилалӣ (Универсальная юрисдикция)

Ҳавзаи қазоии байналмилалӣ (Универсальная юрисдикция) ин иҷозаро медиҳад, то афрод таҳқиқоти ҷиноии худро дар дигар кишварҳо ва дар мавриди шахси муттаҳам бидуни дар назар гирифтани маконе, ки ҷурм дар он иттифоқ уфтодааст, анҷом диҳад.

Атаева меафзояд: «Аммо дар ин фароянд, бояд сиёсатмадорони тоҷики муқим дар берун аз қаламрави Тоҷикистон, ки қурбониёни ин шиканҷаҳо будаанд, нақши фаъоле ифо кунанд. Онҳо бояд номи афроде, ки даст ба шиканҷа задаанд ва инки чӣ замоне ин афрод ба кишваре – ки дар он аз болои онҳо шикоят шудааст – ворид мешаванд бидонанд, то дар замони лозим боздошт шуда ва ба хотири ҷиноятҳое, ки алайҳи башарият дар Тоҷикистон анҷом додаанд, муҷозот шаванд. Дар ин хусус, созмонҳое чун Дидабони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch), Федеросиюни ҷаҳонии ҷомеаҳои ҳуқуқи башар (International Federation for Human Rights) ва Афви байналмилал (Amnesty Internation) салоҳият доранд, то ба ин умур расидагӣ кунанд.»

Надежда Атаева мӯътақид аст, агар тоҷикҳо битавонанд аз ин тариқ лоақал як мавридро боздошт ва ба муҷозот бикашонанд, ин фароянд барои кишварҳои ҳамсояи онҳо низ дарси ибрате хоҳад шуд.

Файзинисо Воҳидова низ дар ин хусус мегӯяд: «ҲНИТ танҳо метавонад ба Кумитаи ҳуқуқи башар дар СММ муроҷиат намояд ва агар СММ лозим шуморад, қарор дар бораи гузаронидани тафтиш қабул намуда, дар ҳолати исбот шудани ҳуқуқвайронкунӣ, ба кишвари мо тавсия диҳад оид ба бартараф кардани қонуншиканиҳо иқдом намояд

Вай меафзояд: «Аммо, аз ҷиҳати иқтисодӣ метавонад таъсир гузорад. Яъне ба институтҳои ҷаҳонии молиявӣ, Сандуки байналмилалии пул тавсия диҳад, ки ба кишвари мо маблағгузорӣ, ҷудо намудани сармоя қатъ ва й кам карда шавад

Воҳидова мегӯяд: «Аслан, агар бо дарназардошти вазъи қонунии ҷаҳонӣ эътибор дода шавад, бештар дар ҳамон кишварҳое, ки узви Додгоҳи байналмилалӣ нестанд, режимҳои диктотурӣ ҳукмрон аст, зеро ҳукумат хуб медонад, ки аз берун ҳеч таъсиррасонии ҷиддӣ имкон надорад, ба ҷуз санксияҳои иқтисодиву молиявӣ

Вай ёдовар мешавад: «Фикр мекунам, барои Тоҷикистон, ки иқтисоди мӯътадил надорад, ҳамон муҷозоти молиявӣ кифоя аст, то ки қонуншиканиҳо бартараф карда шаванд, зеро мо кишваре мебошем, ки бо фақр дучор шуда, дар қатори кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ осебпазир қарор дорем

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading