Deutsche Welle: «Раҳмон диктотурманиш аст»

Бунгоҳи байналмилалии Deutsche Welle (Олмон) дар гузорише гуфтааст: «Дар солҳои ахир Раҳмон бо мансуб кардани афроди хонавода ва бастагони худ дар раъси ургонҳои давлатӣ, рӯйкарде диктотурманишона дошта ва бо лақаби «Пешвои миллат» қудрате фароқонунӣ пайдо кард.»

Ин бунгоҳ дар гузорише таҳти унвони «Тағйироти калон дар раҳбарии Тоҷикистон ва густариши нуфуз�� хонаводаи Раҳмон» дар торихи 29.01.2016, менависад: «Кодри раҳбарии Тоҷикистон тағйироти умдае кард. Руасои донишгоҳҳо ва суфаро барканор шуданд ва муовини нахуствазир бознишаста шуд. Барканории мудирони калони давлатӣ бо фаъол шудани хонаводаи Раҳмон дар сиёсат тавъам буд. Духтари раисиҷумҳур ба «муовинати падар» расид.»

Ин гузориш меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чаҳоршанбе (27.01.2016) бо судури фармоне Озода Раҳмон духтари худро ба мақоми раёсати дастгоҳи иҷроии раёсати ҷумҳурӣ мансуб кард. Бар асоси баёнияе, ки дар сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон интишор ёфта, Эркинхон Раҳматулло, мушовири раисиҷумҳур дар умури байналмилал ба унвони сафири Тоҷикистон дар Белжик ва намояндаи доими ин кишвар дар Иттиҳодияи Урупо ва НАТО таъйин шуд. Тибқи дастури Раҳмон, хонум Марҳабо Ҷабборӣ аз мақоми муовинати нахуствазирии Тоҷикистон барканор ва бознишаста шудааст.

Deutsche Welle дар идома менависад: «Як манбаи муқуми шаҳри Душанбе, ки дар хусуси хонавода ва бастагони раисиҷумҳури Тоҷикистон таҳқиқ мекунад, ба Deutsche Welle мегӯяд, муҳимтарин тағйир дар кодри раҳбарии Тоҷикистон, мансуб кардан Озода Раҳмон ба раёсати дастгоҳи иҷроии раёсати ҷумҳурӣ будааст. Ин манбаи мутталеъ, дар бораи фаъолияти бархе дигар аз аъзои хонаводаи Раҳмон мегӯяд, Фирӯза духтари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон соҳиби мағозаҳои занҷираӣ дар маркази шаҳри Душанбе аст. Таҳмина духтари дигари раисиҷумҳур соҳиби суперморкети бузурге дар шаҳри Лушанбе аст. Ӯ таъкид мекунад, ки муҳимтарин нақш акнун бар ӯҳдаи Озода Раҳмон гузошта шудааст, ки амалан «муовинатаи падараш»-ро бар ӯҳда дорад

Бар асоси ин гузориш, Озода Раҳмон 37 сол дорад ва аз моҳи майи соли 2014 дар мақоми муовинати Вазорати хориҷаи ин кишвар фаъолият мекард. Ӯ дар Донишгоҳи миллии шаҳри Душанбе таҳсилоти олии худро ба поён расонд ва дар соли 2002 озими Омрико шуд, то таҳсилоти худро ба муддати 2 сол дар ин кишвар идома диҳад.

Қудрат дар Тоҷикистон дар инҳисори хонавода ва наздикони раисиҷумҳури ин кишвар қарор дорад. Ҷамолуддин Нурализода шавҳари Озода Раҳмон ба унвони муовини раиси Бонки марказии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ҳасан бародарзани Раҳмон раёсати «Ориёнбонк», бузургтарин бонки тиҷории ин кишварро бар ӯҳда дорад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон 7 духтар ва 2 писар дорад ва дар Осиёи Миёна пуравлодтарин раисиҷумҳур ба ҳисоб меояд.

Deutsche Welle идома медиҳад, писари раисиҷумҳур, Рустами Раҳмони 27-сола дар соли 2013 раиси Идораи гумруки Тоҷикистон шуд. Ӯ дар соли 2015 раёсати «Идораи мубориза бо фасод ва контроли молии Тоҷикистон»-ро низ бар ӯҳда гирифт. Рустами Раҳмон, қабл аз вуруд ба дунёи сиёсат, дар тими «Истиқлол»-и Тоҷикистон бозӣ мекард.

Бар пояи ин гузориш, худи Эмомалӣ Раҳмон дар замони Шӯравии собиқ раиси як колхоз буд, ки дар соли 1992 зимоми кишвари ҷангзадаи Тоҷикистонро ба даст гирифт. Дар солҳои ахир Раҳмон бо мансуб кардани афроди хонавода ва бастагони худ дар раъси ургонҳои давлатӣ, рӯйкарде диктотурманишона дошта ва бо лақаби «Пешвои миллат» қудрате фароқонунӣ пайдо кард.

Авомили тағйир дар кодри раҳбарии Тоҷикистон

Тибқи гузориши Deutsche Welle, бархе аз нозирон ва манобеи огоҳи тоҷик бар ин боваранд, ки тағйирот дар кодри раҳбарии Тоҷикистон қобили интизор буд, зеро дар остонаи ин тағйирот тарҳи ислоҳияи Қонуни Асосии ин кишвар низ аз тарафи порлумон (22.01.2016) тасвиб шуда буд. Бар асоси ин тарҳ, синни номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз 35 сол ба 30 сол коҳиш ёфт, то Рустами Эмомалӣ, писари 27-солаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар интихоботи баъдии раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2020, шонси номзадӣ дар интихоботро дошта бошад.

Тағйироти кунунӣ дар кодри раҳбарии Тоҷикистон заминаро барои нуфузи бештари хонавода ва наздикони Эмомалӣ Раҳмон бавижа дар арсаи сиёсии кишвар фароҳам кардааст.

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading