Равоншиносии Эмомалӣ Раҳмон

То кунун дида нашуда, ки ҳеч равоншиносе, чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷӣ, дар бораи вижагиҳои равоншинохтии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, таҳқиқ ва пажӯҳиш анҷом дода бошад. Умед меравад, мутахассисони ин ришта, дар оянда ин корро анҷом бидиҳанд.

Банда ҳам равоншинос ба маънои томму тамоми ин калима нестам, фақат ба мабодӣ ва усули куллии он огоҳам ва бинобар ин, бисёр душвор аст, ки дар ин росто бо қотеияти тамом изҳори назар бикун��м. Аз ин рӯ, дар ин навиштори кӯтоҳ, бо таваҷҷӯҳ ба зиндагонии Раҳмон, ки дар дастраси ҳамагон ҳам ҳаст ва низ бо таваҷҷӯҳ ба дониши андаке, ки дар ин ришта дорам, ба 4 вижагии равоншинохтии раисиҷумҳури Тоҷикистон ишора мекунам; ба ин умед, ки то ин ҷустор даромаде бошад барои мутахассисони ин ришта ҷиҳати ташхиси дақиқи вижагиҳои равоншинохтии ин мард:

1. Асоситарин вижагии равоншинохтии Раҳмон, ин «нигаронӣ» ва «дилвопасӣ»-и ӯст. Ӯ, бо ин ки ҳудуди 23 сол аст, ки дар раъси ҳирами қудрат дар Тоҷикистон қарор дорад ва барои мустаҳкам кардани пояҳои қудрати худ дар тӯли ин солҳо хеле кор анҷом додааст, аммо гӯӣ ҳанӯз нигарон аст, ки ҳар лаҳза мумкин аст аз қудрат барканор ва касе дигар ҷойи ӯро бигирад. Инки дида мешавад, дар постҳои калидӣ дар Тоҷикистон, афроди наздик ба худаш ва ё лоақал вафодор ба худро мегузорад, ва ҳаргиз ҳозир нест, «бегонае»-ро дар як мақоми калидӣ бигузорад, далелаш, ҳамин «нигаронӣ»-и ӯст.

Албатта, иллати умдаи ин нигаронӣ, наҳваи омадани ӯ, ва ба таъбире дурусттар, наҳваи овардани ӯ ба сари қудрат аст. Зеро Раҳмон бо такя бар тавоноӣ ва истеъдод ва иродаи худаш наёмада, балки ӯро овардаанд. Яъне дигарон ӯро овардаанд. Ӯ ҳанӯз бовар надорад, ки Тоҷикистон кишваре мустақил аст. Мӯътақид аст, Русия ва ё кишварҳои қудратманд, ба хусус кишварҳои ҳамсоя, ки ӯро овардаанд, агар ирода бикунанд, метавонанд ӯро канор зада ва ба ҷояш касе дигарро биёваранд.

Бар ҳамин асос аст, ки вақте яке аз афроди бонуфузи кишвар – ки Раҳмон ӯро ба навъе рақиби худ медонад — ба Русия даъват бишавад ва ё яке аз чунин афрод мавриди истиқболи раҳбарони яке аз кишварҳои абарқудрат қарор бигирад, Раҳмон билофосила бо он кишвар тамос гирифта ва ҳозир мешавад, ба онҳо имтиёз бидиҳад; зеро нигарон аст, ки ӯро канор бизананд. Дар тафоҳумнома миёни Тоҷикистон ва Русия, ки бар мабнои он, Русия то 40 соли дигар метавонад дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дошта бошад, ҳамин масъала матраҳ буд. Зеро пеш аз имзои ин тафоҳумнома, яке аз афроди бонуфузи тоҷик чанд сабоҳе «меҳмони» Кремлин шуд ва ин меҳмонӣ Раҳмонро сахт нигарон кард ва бинобар ин, ҳозир шуд, ин зиллат ва хориро бипазирад, фақат ба ин хотир, ки ӯро канор назананд.

Аз сари роҳ бардоштани афроде чун Ёқуб Салимов ва ё Ғаффор Мирзоев ва дигарон, ҳама ва ҳама ба далели «нигаронӣ» ва «дилвопасӣ»-и ҷаноби Раҳмон будааст. Ӯ нигарон буд, ки ин афрод рӯзе ӯро сарангун хоҳанд кард.

2. Вижагии равоншинохтии дигари Раҳмон он аст, ки ӯ мақом ва мансабро «имтиёз» медонад, на «масъулият». Албатта, ин вижагӣ хосси ӯ нест. Бештари кодрҳои замони Шӯравӣ мутаассифона ҳамин вижагиро доранд. Барои Раҳмон, раисиҷумҳур будан, як имтиёз аст, на масъулият. Ба ин маъно, ки раисиҷумҳур будан аз назари ӯ, мақоме аст, ки соҳибаш агар коре ҳам мекунад, ин кор аз «лутф» ва «марҳамат»-и ӯст, ки бояд раъият дар баробари ин «марҳамат» ва «лутф» шукргузори ӯ бошанд. Ва агар коре ҳам анҷом надод, касе ҳаққи мутолиба ва эътироз надорад.

Раисиҷумҳур будан аз назари Раҳмон ба ин маъност, ки ӯ «ҳақ» дорад ҳарчи дилаш бихоҳад анҷом диҳад. Раҳмон мӯътақид аст, ки ӯ болотар аз Қонун аст. Ба ҳамин далел, ҳар аз гоҳе Қонун дар кишвари мо тағйир ва ислоҳ мешавад.

Дар инҷо баҳси ман, баҳси «бозии сиёсӣ» нест, ки масалан Раҳмон медонад, ки ӯ масъул аст, вале аз масъулият фирор мекунад, ин нест баҳсам, балки як баҳси комилан равоншинохтӣ аст. Яъне Раҳмон воқеан мепиндорад, ки раисиҷумҳур будан имтиёз аст ва ӯ дар ҷойгоҳе қарор дорад, ки ҳама бояд фармонбардори бе чуну чарои ӯ бошанд.

Ва чун Раҳмон мақом ва мансабро имтиёз медонад (на масъулият), мураттаб ба духтарон ва домодҳо ва писар ва бастагонаш маносиби давлатиро «мебахшад». Ӯ аслан фикр намекунад, ки ин мақом як масъулият аст ва оё писар ва ё духтарам метавонанд аз ӯҳдаи он барояд? Аслан дар ин фикр нест. Зеро касе ки мансаб ва мақомро «имтиёз» бидонад, пиндораш ин аст, ки одам бо расидан ба мақом, «комилтар» мешавад. Мақом ва мансаб дар назари вай, як ҷойгоҳи ҳақиқӣ аст, на эътиборӣ.

Мақому мансаб аз назари Раҳмон, ҷойгоҳе аст, ки соҳиби он кораш фақат сарватандӯзӣ ва пул гирд овардан аст, ба ҳар роҳ ва ба ҳар василае, чӣ ҳаром ва чӣ ҳалол, фарқе надорад. Далели эътои мақоми ахир ба Озода Раҳмон ин буд, ки ин мақом дар Тоҷикистон, як мақоми даромадзост. Зеро тавзъеи маносиб ва мақомҳои давлатӣ дар Тоҷикистон, бо камоли таассуф «хариду фурӯш» мешавад ва ин ҳақиқати талхро ҳама медонанд. Ва ин муҳим аз ин ба баъд аз тариқи бону Озода Раҳмон анҷом хоҳад шуд.

3. Вижагии равоншинохтии дигари ҷаноби Раҳмон, худшефтагӣ (narcissistic) ва ошиқи худ будани ӯст. Ӯ худро зоҳиран тофтаи ҷудобофта медонад. Пушти сари ҳам ановине чун «Ҷаноби Олӣ», «Пешвои миллат» ва ғайраро барои худ доданаш, реша дар ҳамин хислати ӯ дорад. Ӯ ғайри худаш касеро қабул надорад. Ва аз ҳамин бобат аст, ки сахт ба интиқод ҳассос аст ва кучактарин интиқодеро бо зиндон ва шиканҷа ҷавоб медиҳад.

4. Вижагии равоншинохтии дигари Раҳмон ин аст, ки ӯ бо камоли таассуф, дигарозор (sadistic) аст ва аз озори дигарон лаззат мебарад. Ӯ, ки бо ислом ва исломгароён миёнаи хубе надорад, аз озор ва шиканҷаи онҳо лаззат мебарад. Ӯ ҳаргиз таҳаммули ҲНИТ-ро дар ҷомеа надошт, ва агар пас аз имзои сулҳ ононро таҳаммул кард, бад-ин хотир буд, ки чорае ҷуз таҳаммул надошт, вале ҳамеша мутарассиди фурсате буд, то ҳамаи онҳоро аз сари роҳ бардорад ва зиндониашон кунад.

Зеро падидаҳои мазҳабӣ ва исломӣ Раҳмонро озор медиҳанд. Касе ки ба суханрониҳои Раҳмон дар бораи сатру ҳиҷоб ва риш ва ин қабил масоил нигоҳ кунад ва ба лаҳни суханони вай дар ин замина хуб диққат кунад, он чиро арз кардам, хуб дармеёбад. Барои Раҳмон, як бонуе, ки сатр дорад, «ақибмонда», «асримиёнагӣ» ва «бефарҳанг» аст. Бо риш, ки аз реша мушкил дорад.

Ва билохира, Раҳмон ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ зиндагӣ мекунад, ӯ натавониста худро бо замона ҳамоҳанг кунад.

Ба ҳамин андоза иктифо мекунам. Аз азизони равоншинос ва касоне, ки дар ин ришта тахассус доранд, хоҳиш мешавад, бештар дар ин мавзӯъ таҳқиқ ва пажӯҳиш анҷом бидиҳанд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading