Опозисиюни шарқӣ ва опозисиюни ғарбӣ

Тафовути ғарбу шарқ на танҳо дар ҳукуматҳо ва низомҳои ҳоким дар онҳо зоҳир мешавад, балки ҳатто дар опозисиюнҳои онҳо низ ба чашм мехӯрад. Албатта, манзурам аз шарқ ҳамаи шарқ нест, чунонки муродам аз ғарб тамоми ғарб нест.

Он чӣ имрӯза дар ғарб ниҳодина ва ба як фарҳанги фарогир табдил гардидааст ин аст, ки як сиёсатмадор – чӣ дар ҳукумат бошад ва чӣ опозисиюн — дар ҷиҳатгириҳо ва мавзеъгириҳои сиёсии худ ва тасмимҳояш дар арсаи сиёсат, аз дахолат додани ағроз ва масолеҳ ва манофеи шахсии худ ба шиддат парҳез мекунад. Ман намегӯям, онҳо ба унвони инсон, ағроз ва масолеҳи шахсӣ надоранд ва ё аз сифатҳои нописанди инсонӣ мисли ҳасад, кина, адоват ва амсоли инҳо пок ва фаришта гардидаанд. Манзурам ин нест. Чи басо дар ин гуна сифоти зишт ва нописанд, олудатар аз як мусалмон бошанд. Зеро инсон, модоме ки инсон аст, маҳол аст, ки аз ин қабил хислатҳои зишт ҷудо шавад.

Балки ҳарфам ин аст, ки дар ин росто, фарҳанге дар ғарби имрӯз ҳоким шуда, ки ангеза дар тасмимҳо ва мавзеъгириҳои як сиёсатмадор дар арсаи сиёсат, шибҳимаҳол аст, ки ағроз ва масолеҳи шахсӣ ва ё бархоста аз кина ва адоват ва ҳасад ва аз ин қабил хӯйҳо бошад. Он чӣ дар ин росто ба онҳо ҷиҳат медиҳад ва дар мавзеъгириҳояшон таъсиргузор аст, масолеҳ ва манофеи умумӣ аст. Масалан, агар тараф ҳоким аст, ин манофеъ ва масолеҳи кишвари ӯст, ки ба ӯ мегӯяд, чӣ тасмиме бигирад ва ё чӣ мавзеъе иттихоз намояд ё бо кӣ «дӯст» шавад ва чӣ касеро «душман» бидонад. Ҳатто аҳзоби опозисиюн ҳам ҳамин ҳолатро доранд. Чунин нест, ки масалан, як ҳоким ва ё раҳбари як ҳизби опозисиюн, агар аз касе хушаш наояд ва ё ба ҳар далеле аз касе кина дар дил дошта бошад, ӯро дар ҷойгоҳи «душман»-и давлату миллати худ нишонад. Чунин нест. Балки баръакс, агар манофеъ ва масолеҳи кишвараш иқтизо кунад, ки бо ӯ «дӯст» бошад ва бо ӯ ҳамкорӣ кунад, ағроз ва кина ва адоватҳои шахсиро канор мезанад.

Аммо дар шарқ (на ҳамаи шарқ албатта) ва ба хусус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистони худамон, фарҳанги ҳоким дуруст баръакси он чӣ дар ғарб ҳоким аст мебошад. Ангезаҳои тасмимгирӣ ва мавзеъгириҳои ҳукком ва давлатмардони мо дар арсаи сиёсат, ағроз ва манофеъ ва масолеҳи комилан шахсӣ аст, на манофеъ ва масолеҳи кишвар ва миллат. Ва ҳатто дар авсоти аҳзоб ва гурӯҳҳои опозисиюн ҳам мутаассифона ҳамин фарҳанг ҳоким аст.

Яъне, дар мавзеъгириҳои сирф сиёсӣ ва тасмимҳояшон, ҳамвора ағрози шахсӣ ва кина ва ҳасад ва адоватҳои хусусӣ таъсиргузор аст. Агар нисбат ба шахсе кина дар дил дошта ва ё ба ҳар далеле аз ӯ хушашон наояд, ӯ мешавад «душман», «хоин», «ватанфурӯш». Ва ҳатто кор ба ҷоҳое мерасад, ки дигар ба куллӣ фаромӯшашон мешавад, ки ба дунболи кадом ҳадаф будаанд, балки тамоми ҳамму ғаммашон ҳазфи рақиб аз майдон ва сиёҳ кардани ӯ мегардад. Ин фарҳанг мутаассифона дар бештари кишварҳои шарқӣ ҳоким аст.

* * *

Ва аммо суоли асосӣ дар ин миён он аст, ки чаро фарҳанги ғолиб дар ғарб чунон аст, вале дар шарқ чунин? Посухи ин пурсиш албатта ба ҳамин роҳатӣ ҳам нест. Сабабҳои зиёде дар кор аст. Аммо ба назарам, муҳимтарин сабаб ин аст, ки ғарбиҳо ба ин нукта пай бурдаанд, ки инсон барои расидан ба як ҳадафи калон, гурезе аз ин надорад, ки бояд ақл ва хирадашро ҳоким гардонад, на дилашро. Ҳоло як мисол бизанам, то масъала барои хонандаи азиз рӯшантар шавад.

Фарз кунед, шумо ва ҷамъе дигар, дар як ширкат кор мекунед. Қарор аст, аз миёни шумо як нафар мудири ширкат интихоб бишавад. Ақл мегӯяд, бояд касе мудири ширкат бишавад, ки аз истеъдод ва қобилияти бештаре бархӯрдор аст; зеро бо мудирияти саҳеҳ аст, ки аҳдофи ширкат таҳаққуқ меёбад. Аммо дил мегӯяд, ман бояд дар раъси умур қарор бигирам. Манзурам аз дил, алоиқи дарунии инсон аст мисли худхоҳӣ, бартарихоҳӣ, риёсатталабӣ ва ғайра, ки дар ниҳоди ҳар инсоне ин хӯйҳо кам ё зиёд вуҷуд дорад. Дар инҷо агар дил ҳоким бишавад, ҳар як аз шумо ба ҷони ҳам меуфтед ва саъятон ин хоҳад шуд, ки ҳеч касе монеи расидани шумо ба мақоми «риёсат» нашавад ва ҳар касе ҳам, ки монеъ шуд, шумо нохудогоҳ ӯро дар ҷойгоҳи «душмани» худ ниҳода ва барои ин ки ба дигар шариконатон «исбот» кунед, ки ӯ одами «шоистае» нест, мутавассил ба анвоъи дурӯғу тӯҳмат нисбат ба ӯ мешавед. Ва ба тадриҷ кори шумо ба ҷое хоҳад расид, ки аслан фаромӯшатон мешавад, ки аҳдофи ширкат кадом будааст ва ҳатто бароятон дигар муҳим намешавад, ки ширкат пешрафт бикунад, балки он чӣ бароятон аҳаммият пайдо мекунад, «курсии риёсат» мешавад.

Ин мисоле, ки задам, бо ин ки як мисоли бисёр сода аст, вале агар андаке дар он таъаммул бифармоед, бароятон рӯшан хоҳад шуд, ки тамоми моҷаро ҳамин аст. Як инсони ғарбӣ дар имрӯз ба унвони инсон, на ин ки дил надорад ва дарунаш аз алоиқе чун худхоҳӣ ва риёсатталабӣ ва амсоли инҳо пок. На, ҳаргиз. Балки ӯ ба ин дарк ва шуъур расида, ки агар бихоҳад ширкаташ пешрафт бикунад, бояд ақлашро ҳоким кунад ва алоиқи дарунии худро бигузорад канор. Ҳамчунин, ӯ фаҳмида, ки муваффақият, дар тасмимҳои гурӯҳӣ ва ҷамъист, ҳатто агар назари ҷамъ хилофи раъй ва назари ӯ бошад. Ӯ фаҳмидааст, ки бояд таслими раъй ва назари ҷамъ бошад. Ва гӯи ин ки ин ояти қуръонӣ, ки мефармояд: «Ва амруҳум шуро байнаҳум» (Ва кори онҳо машварат бо ҳам аст), барои ғарбиҳо нозил шуда ва тибқи ин дастур амал мекунанд; на ин ки бар мусалмонон фуруд омада бошад. Гӯи ин ки мухотаби ин фармони қуръонӣ, ки мегӯяд: «Ва шовирҳум фил-амр…» (Дар корҳо бо онҳо машварат бикун ва бар асоси раъю назари ҷамъ амал намо) ғарбиҳо ҳастанд, на мусалмонон. Паёмбар (с) ба паёмбариаш ва бо ин ки бо Худо иттисол ва пайванд дошт, аммо дар ҳар коре бо ёрони худ машварат мекард ва тибқи назар ва раъйи ғолиб амал мекард, ҳарчанд назараш хилофи он бошад.

Мо, ба унвони мусалмонон, агар ба ин дастури сареҳи қуръонӣ амал намекунем, лоақал бифаҳмем ва бидонем, ки дигарон агар муваффақ ҳастанд, ба ин хотир аст, ки барои дастёбӣ ба як ҳадаф, алоиқи дарунӣ ва шахсиро канор зада ва тибқи дастури ақлу хирадашон амал кардаанд.

Рост гуфта марҳум Муҳаммад Абдуҳ, рӯшанфикр ва ислоҳгари исломии мисрӣ он ҷо, ки аз сафари ғарб ба миҳанаш баргашт, аз ӯ пурсиданд, фарангро чӣ гуна дидӣ?

Дар посух, сухане гуфт, ки то ба имрӯз ин сухан барои ҳар мусалмоне дарс аст. Ӯ гуфт:

«Рафтам ба ғарб, исломро дидам, вале мусалмон надидам. Баргаштам ба шарқ, мусалмон дидам, аммо ислом надидам


Сайидюнуси Истаравшанӣ

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading