Дурнамои «Гурӯҳи 24» дар сояи дудастагиҳо

Чизе аз моҷарои эҷоди ихтилоф ва дудастагӣ дар «Гурӯҳи 24» ва эъломи ҷудоии чанд тан аз фаъолони ин гурӯҳ аз баданаи Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон нагузашта буд, ки дирӯз дар бархе расонаҳо хабаре дарз гардид мабнӣ бар ин ки гӯӣ шуморе дигар аз фаъолони ин гурӯҳ дар Маскав эъломи мавҷудият карда ва гуфтаанд, ки «Гурӯҳи 24» дар воқеъ мо ҳастем ва касоне, ки дар Онкоро ва Урупо сокинанд, даргири масоили дигаре ҳастанд.

Расонае, ки ин хабарро мунташир кардааст, барои ин гурӯҳи ҷадид аз ду нафар ба унвони раис ва муовини вай ном бурда: яке Фахриддини Қурбон ва дигаре Шокирҷон Файзуллоев. Ин ду ном, барои корбарони шабакаи иҷтимоӣ ношинохта нестанд. Фахриддин Қурбон замоне дар Фейсбук ҳузур дошт ва ба унвони як мунтақиди ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мекард, вале ҳаргиз узви фаъоли «Гурӯҳи 24» набуд. Ва муддате ҳам аслан дар Фейсбук ҳузур надорад. Ва аммо Шокирҷон Файзуллоев, ки маъруф аст, ҳаргиз фаъоли «Гурӯҳи 24» набуд ва то ҷое ки медонам, ҳанӯз ҳам нест, магар ин ки ба сурати пинҳонӣ узви он бошад, ки банда мутталеъ нестам.

Бар ҳамин асос, интишори ин хабар худаш шакбаранез аст. Ва нишон медиҳад, ки дастҳои пинҳон ва касифе дар ҳоли хабарсозӣ ҳастанд. Ва баъид ҳам нест, ки дар пушти ин хабари ахир дастгоҳи амниятии Тоҷикистон пинҳон бошад. Ва ҳамчунин, аз интишори ин хабар бармеояд, ки дудастагие, ки ҳамон аввал дар «Гурӯҳи 24» эҷод шуд, кори дасти ҳаминоне бошад, ки дар пушти интишори хабари ахир истодаанд.

* * *

Ба ҳар ҳол, «Гурӯҳи 24», ки ба дасти марҳум Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов таъсис шуда буд, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҷавонони зиёдеро пиромуни худ гирд овардааст, барои ҳукумати Тоҷикистон хатарнок буд ва аз он эҳсоси хатар мекард. Бад-ин сабаб аст, ки аз ибтидои таъсиси ин гурӯҳ, ҳатто замоне ки марҳуми Ҳоҷӣ дар қайди ҳаёт буд, дастгоҳи амниятии кишвар ба фикри рахна ва эҷоди дудастагӣ ва дар натиҷа аз миён бурдани ин гурӯҳ буд.

Аз ҳамон рӯзҳои аввали фаъолияти ин гурӯҳ, комилан возеҳ ва рӯшан буд, ки рахна дар миёни онҳо бисёр саҳлу осон аст. Иртибот ва тамоси аъзо миёни ҳам ғолибан аз тариқи васоили иртиботӣ буд мисли Зелло, Скайп ва аз тариқи емайл ва ғайра… Ҳатто касоне дар ин гурӯҳ узв ва аз фаъолонаш буданд, ки касе онҳоро намешинохт.

* * *

Он чӣ шоистаи тазаккур аст ин аст, ки кори дастгоҳи амниятии ҳар ҳукумате ҷуз ин нест, ки дар байни мухолифони худ ихтилоф ва дудастагӣ эҷод кунад. Вазифааш ҳамин аст. Дар дохили Тоҷикистон замоне як ҳизби демукрот фаъол буд, сипас ин ҳизб ба ду тақсим шуд. Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон ҳам ҳамин сарнавиштро дошт. Ҳатто ахбори мувассақ дорам, ки ҳукумат дар садади эҷоди дустагӣ дар ҲНИТ ҳам буд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, аз аъзо ва фаъолони «Гурӯҳи 24» ҳаддиақалли интизор ин буд, ки гӯли тафриқаандозиҳо ва ихтилофафканиҳоро нахӯранд. Ҳавоссашон ҷамъ бошад. Зиракӣ ва ҳушёрӣ ва басират, шарти аслӣ барои ҳар касе аст, ки мехоҳад дар арсаи сиёсат фаъолият бикунад. Дар канори зиракӣ ва ҳушёрӣ, инчунин матлуб аз ҳар яки онҳо ин буд, ки алоиқ ва хостаҳои дарунии худро канор зананд ва бар асоси як барномаи мушаххас амал кунанд. Мутаассифона, ин азизон андаке ношиёна амал карданд. На таваҷҷӯҳе ба ин доштанд, ки ҷиҳате, ки бо он ба мухолифат пардохтаанд, як ҳукумат аст; ҳукумате бо таҷрибаи 23-сола ва имконоти фаровони моддӣ, ва на таваҷҷӯҳе ба авоқиб ва паёмадҳои мавзеъгириҳо ва тасмимҳои аҷулона ва ношӣ аз алоиқи шахсии худ доштанд.

* * *

Бо вуҷуди ҳамаи инҳо аммо оё метавон гуфт, дигар ин гурӯҳ тамом шудааст?! Чи басо дар нигоҳи аввал, бо таваҷҷӯҳ ба ин дудастагӣ ва седастагиҳо, гуфта шавад, кори ин гурӯҳ дигар тамом аст. Аммо ба назари роқими сутур, ҳанӯз зуд аст барои қазоват ва доварӣ. Ин гурӯҳ идома хоҳад дошт. Зеро ҳаддиақал як зербинои маънавӣ барояш вуҷуд дорад, ки наметавон ба ин осонӣ аз зеҳнҳо пок шавад.

Албатта, як саре корҳое аз фаъолони кунунии ин гурӯҳ матлуб аст, то ба вуҷуди худ ва ба фаъолиятҳои худ идома бидиҳанд, чӣ он касоне ки ҷудо шудаанд ва чӣ афроде, ки ҳанӯз худро раҳбарони ин гурӯҳ мешуморанд. Ва он ин ки: дар сареътарин замон ва қабл аз ин ки гурӯҳи чаҳорум ва панҷуме ба ин ном ибрози вуҷуд бикунад, бояд гирди ҳам оянд ва ба ҳолати пешини худ ва зери чатри Анҷумани нерӯҳои созанда баргарданд ва чунон рафтор кунанд, ки гӯӣ ҳеч иттифоқе науфтода. Билохира, дар раъси ин анҷуман касе қарор дорад, ки аз ин навъ бозиҳо ва шайтанатҳои ин ҳукумат барои эҷоди дудастагӣ ва тафриқаҳо ба хубӣ огоҳ аст ва таҷрибае дар ин замина дорад ба умри ҷавононе, ки ҳаминак узви ин гурӯҳ ҳастанд.

Вагарна, агар вазъ ба ҳамин минвол идома ёбад, фардо шоҳиди бурузи гурӯҳи ҷаҳорум ва панҷум ва шишум ба ин ном бишавем ва баъид ҳам нест, «Гурӯҳи 24» ба 24 гурӯҳ тақсим бишавад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading