Иҷоза барои дидор; ба ҷиҳати «одамият», ё аз барои ризои ҷомеаи ҷаҳонӣ?


Ҳамзамон бо ташрифи гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон ва дидор ва гуфтугӯи ӯ бо намояндагони ниҳодҳои интизомии кишвар, як дафъа раги «одамият»-и мақомоти тоҷик баланд шуд ва ба бастагони боздоштшудаҳои ҲНИТ иҷоза доданд, то бо наздикони зиндонии худ дидор бикунанд.


Акс аз хабаргузории Тоҷнюз


Суоли матраҳ ин аст, ки иҷозаи мақомот барои ин амр, оё бархоста аз ин будааст, ки ин мақомот ҳам «инсон» ҳастанд ва аз сифоте чун «тараҳҳум» ва «одамгарӣ» бархӯрдоранд ва лизо иҷоза додаанд, то зиндониҳо бо бастагон ва наздикони худ дидор бикунанд? Ва ё на, балки ба ин ҷиҳат будааст, ки то барои гузоришгари СММ – ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон ҳузур дорад — собит карда бошанд, ки онҳо ҳам масалан барои ҳуқуқи башар эҳтиром қоил ҳастанд?


Агар иқдоми эшон бархоста аз «одамият»-ашон бошад, пас чаро имрӯз «одам» шуданд ва на дирӯз масалан? Тоза, агар инҳо «одамгарӣ» доштанд ва ба ҳуқуқи инсон эҳтиром қоил мебуданд, ки мо ҳаргиз ва аз ҳамон аввал, шоҳиди иттиҳоми анбӯҳе аз афроди бегуноҳ ба корҳое, ки анҷом надодаанд ва боздошт ва озору азияти онҳо ва наздиконашон аз сӯйи ин «одамҳо» намешудем. Ва ба илова, агар «одам» мебуданд, ки лоақал барои вакилони мудофеи ин боздоштшудаҳо иҷоза медоданд, то аз муваккилони худ бидуни ҳеч мумониат ва фишоре дифоъ ба амал оваранд, на ин ки ҳатто худи он вукалои мудофеъро ҳам боздошт ва маҳкум бикунанд. Бинобар ин, бисёр баъид ба назар мерасад, ки иқдоми ахирашонро ношӣ аз «одамгарӣ»-и эшон бидонем.


Пас, мемонад шиққи дуввум, ки ин иқдом ба ҷиҳати қудуми гузоришгари СММ ба Тоҷикистон ва барои ин будааст, ки то барои ин гузоришгар собит бикунанд, онҳо ҳам барои ҳуқуқи инсон арҷ қоиланд.


Асосан, дар як тақсимбандӣ, давлатҳо ва ҳукуматҳои ҷаҳонро метавон ба ду даста тақсим кард: дастаи аввал, ҳукуматҳое, ки ҳамму ғаммашон танҳо ҷалби ризояти мардумони хеш ва хидмат ба онҳост, ва дастаи дигар, ҳукуматҳое, ки ҳоли мардумонашон ва ризояти онон кучактарин аҳаммияте барои онҳо надорад ва онҳо ба мардумони худ ба унвони тӯдае аз «раъият» нигоҳ мекунанд, ки бояд фақат фармондбардор ва мутеъи онон бошанд.


Ва ин навъ ҳукуматҳо мутаассифона ба ҷойи ҷалби ризоят ва хушнудии мардумони худ, ҳамвора дар садади ҷалби ризояти «ҷомеаи ҷаҳонӣ» ва дигарон будаанд, то дар назди он дигарон тасаввуре мусбат аз худ эҷод карда бошанд. Ба ин далел, ки агар қарор аст, касе аз инҳо ва сиёсатҳояшон интиқод ба амал оварад, интиқодкунанда ҳар касе аст ба ҷуз мардумони худашон. Чаро ки интиқоди ин оқоён аз сӯйи мардуми худашон на танҳо мамнӯъ ва қадаған, ки як ҷурм ва ҷиноят талаққӣ мешавад ва ба даҳони мардуми худ «мӯҳр» задаанд, аммо чун қодир нестанд ба даҳони дигарон ва ба хусус ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалие чун СММ ва созмонҳои ҳуқуқи башар «мӯҳр» бизананд ва ё онҳоро ба навъе бихаранд, пас чорае надоранд ҷуз ин ки ҳамеша дар садади ҷалби ризоят ва хушнудии онҳо бароянд ва «хашми» онҳоро барнаангезанд. Ин аст, ки мебинем, имрӯз иҷоза дода шуд, то боздоштшудаҳо бо бастагони худ дидор бикунанд.


Аммо иллати он ки аз мардуми худ заррае парво надоранд ва ҳуқуқи онҳо барояшон кучактарин аҳаммияте надорад, бад-ин ҷиҳат аст, ки мақом ва мансаб ва курсие, ки бар он нишастаанд, онро ба раъйи мардуми худ ба даст наёвардаанд. Инҳо бо раъйи мардумонашон бозӣ мекунанд. Тақаллуб дар интихоботҳо барояшон мисли об хӯрдан осон аст. Аммо бақояшон бар курсӣ, бастагӣ ба ин дорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз ин оқоён розӣ ва сиёсатҳояшон мавриди интиқоди ин созмонҳо набошад. Аз ин ҷост, ки ҳамвора дар садад ҳастанд, то ризояти онҳоро ҷалб кунанд.


Сайидюнуси Истаравшанӣ

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading