Дирӯз кумунист, имрӯз «ҳанафӣ»


Дар ҷомеае, ки ақл ва хирад дар он ҳоким аст, меъёри қазоват ва доварии мардум дар бораи моҳият ва чистии як шайъ, мафоҳим аст, на афрод. Ҳол, иҷоза диҳед, бо як мисол инро тавзеҳ бидиҳам. Масалан, дар чунин ҷомеае вақте мардум бихоҳанд дар бораи кумунизм доварӣ ва қазоват кунанд, ба суроғи китобҳо ва адабиёти ин мактаби фикрӣ-сиёсӣ мераванд ва мутолеа мекунанд ва сипас вақте як тасаввур дар бораи ин мактаб дар зеҳнашон (аз хилоли мутолеаи он китобҳо) эҷод шуд, онгоҳ ба василаи ҳамин меъёр ва милок, ба доварӣ дар бораи ин мактаб мепардозанд ва низ да�� бораи афроде, ки иддаъои пайравӣ аз ин мактабро доранд қазоват мекунанд, ки оё ин афрод воқеан кумунист ҳастанд ё ин ки на, танҳо иддаъо менамоянд.

Аммо дар ҷомеае, ки ақл ва хирад ҷойгоҳе дар он надорад ва эҳсосот ва авотиф ва ҷаҳлу нодонӣ ҷойгузини он шудааст, қазия баръакс аст, яъне милок ва меъёрӣ доварӣ ва қазоват дар бораи ашё, афрод ҳастанд, на мафоҳим. Масалан, агар бихоҳанд дар бораи кумунизм доварӣ бикунанд, ба суроғи «кумунистҳо» ва афроде, ки иддаъои пайравӣ аз ин мактабро мекунанд мераванд ва сипас моҳият ва чистии кумунизмро аз зовияи ҳамин афрод арзёбӣ ва дар борааш доварӣ ва қазоват менамоянд. Ва ин комилан хато ва иштибоҳ аст.

Бар ҳамин асос, касе ки иллати ғалат ва нодуруст будани мактаби кумунизмро, андеша ва рафторҳои диктотурҳое чун Истолин, Брежнев, Андропов ва куллан «кумунистҳо» бидонад, ӯ ба хато рафтааст. Агар мактаби кумунизм ғалат аст (ки ғалат аст), ба ин далел аст, ки чун усул ва пояҳои фикрии ин мактаб нодуруст ва носавоб аст ва рабте ба андеша ва рафтори амсоли Истолину Брежнев ва «кумунистҳо» надорад.

Ба иборати дигар, он гуфтори маъруф дар бораи Ислом, ки «Ислом ба зоти худ надорад айбе // Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост«, дар мавриди ҳар мактаб ва ойине сидқ мекунад, на танҳо Ислом.

Он чӣ дар боло овардам, дар воқеъ муқаддимае аст барои баёни матлабе, ки ҳаминак мехоҳам ба он бипардозам.

* * *

Вақтҳои ахир дар кишвари мо мӯд шуда, ҳама – аз раисиҷумҳур бигир то вазиру раису намояндаи порлумону кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ ва то муллоҳои дарбориву бисёре аз шоирону нависандаҳову рӯзномагирон ва куллан ҳама – дар бораи мазҳаби ҳанафӣ ва поягузораш Имоми Аъзам (р) сухан бигӯянд ва ба навъе худро пайрав ва пойбанди омӯзаҳои ин мазҳаб нишон дода ва ҳар ки бо онҳо ва сиёсатҳояшон мухолиф аст-ро берун аз ин мазҳаб қаламдод бикунанд. Масалан, дирӯз «Зикруллоҳ Саидзода, намояндаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар намози ҷумъа аз қавли руҳониёни тоҷик гуфтааст, ҳар нафаре, ки ба ҷангҳои Сурияю Ироқ меравад, дигар пайрави мазҳаби Ҳанафия нест.» Вай, аз қавли руҳониён афзудааст: «Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои ҷангҷӯ дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ва дигар кишварҳо мепайванданд, минбаъд пайрави мазҳаби Ҳанафӣ нестанд, онҳоро пайрави Имоми Аъзам хондан дуруст нест”. (Хабаргузории Озодагон)

Ва ин вонамуд ва тазоҳур ба пайрави мазҳаби ҳанафӣ будан ва дам аз Имоми Аъзам (р) задан ва инки мазҳаби ҳанафӣ як мазҳаби таҳаммулгаро ва ботасомуҳ аст ва ин қабил ҳарфҳо, ба дараҷае тавассути мақомоти тоҷик ин рӯзҳо гуфта мешавад, ки ин пиндор дар назди бисёре аз мардумон эҷод шуда, ки гӯё мазҳаби ҳанафӣ мазҳаби одамоне будааст, ки ҳарчи дилашон мехоҳад анҷом медиҳанд; аз фасодкориҳову ришвахориҳову ҳаромхӯриҳову ғайра… Ва мафоҳиме чун гузашт ва тасомуҳ ва тасоҳул ва таҳаммул ҳам, ки мазҳаби ҳанафиро ба ин вижагиҳо тавсиф мекунанд (ки бе тардид чунин аст, вале ин вижагиҳо дуруст фаҳм нашудаанд), дар назди мардум ба маънои залил будан, хор будан, дар баробари зулм ва ситам сукут кардан, мутеъ ва фармонбардори маҳз будан тафсир ва бардошт шуда (ва мешавад). Яъне ҳар ки ҳанафист, ӯ мутеъ ва фармонбардори маҳзи як ситамкор будааст, ӯ ҳаргиз лаб ба эътироз намегушудааст, ӯ ҳамеша розӣ ва бо ҳар сиёсате ҳарчанд ғалат мувофиқ будааст. Ва дар муқобил, ҳар ки алайҳи ҳоким ҳарфе мезанад ва ӯро интиқод мекунад ва бо сиёсатҳои ӯ мувофиқ нест, ӯ дигар хориҷ аз мазҳаби ҳанафӣ будааст!

Ва ҷолиб он ки ин ҳарфҳо имрӯз дар забони касоне ҷорӣ аст, ки то 20-у анде соли пеш дам аз кумунизм ва Морксу Энгелсу Ленину амсолуҳум мезаданд ва ҳар киро мухолифи онҳост, маҳкум ба берун будан аз «мактбаи инсонсози кумунизм» ва «роҳи рӯшангари Морксу Ленин» мекарданд. Яъне имрӯза мафҳуми «хориҷ будан аз мазҳаби ҳанафӣ», дақиқан нусхаи мафҳуми «берун будан аз мактаби кумунизм» гардида.

Ба Худо, агар чеҳраи мактаби кумунизм имрӯза сиёҳ ва манфур аст, ба хотири кирдор ва рафтори ҳаминҳое будааст, ки имрӯза «ҳанафӣ» шудаанд ва дам аз «ҳанафият» мезананд. Дар ҳоле ки ин афрод на дирӯз кумунист буданд ва на имрӯз «ҳанафӣ». Барои инон агар мазҳабе қоил бошем, бе тардид он мазҳаб мазҳаби «курсӣ» ва «мансаб» аст, ки метавонад бо ҳар либосе арзи андом кунад. Рӯзе бо ном ва мактаби кумунизм ҷилва мекард, аммо имрӯз бо номи «ҳанафият».

Ва ин ҳам, ки гуфтем, имрӯза тасаввуре ғалат ва нодуруст аз мазҳаби ҳанафӣ ва омӯзаҳои он ва мафоҳиме чун гузашт ва тасомуҳ ва тасоҳул ва таҳаммул дар зеҳнҳо пайдо шуда, далелаш ҳамон аст, ки дар муқаддимаи ин ёддошт арз кардам. Ва он ин ки: мардум дар ҷомеае, ки ақл ва хирад дар он ҳоким нест, дар бораи як шайъ аз хилоли афрод доварӣ ва қазоват мекунанд, на аз тариқи худи он чиз. Мебинанд, имрӯз афроде дам аз пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ мезананд, ки ҳамму ғаммашон ҷуз даъват ба хорӣ, зиллат ва итоат аз ситамкор нест, онгоҳ ин фикр дар зеҳнҳо падид меояд, ки мазҳаби ҳанафӣ гӯӣ ҳамин!

* * *

Ва ин ҳама дар ҳоле аст, ки ин афрод – аз раисиҷумҳур бигир то дигарон – оё медонанд мазҳаби ҳанафӣ чист? Поягузораш кист? Оё бо китобҳо ва адабиёти ин мазҳаб ошно ҳастанд? Оё аз торихи асосгузори ин мазҳаб, ки Имом Абӯҳанифа (р) аст, огоҳанд?

Бе шак, тасаввур ва иттилои инон аз ин мазҳаб ва поягузораш, дар ҳадди тасаввур ва огоҳиҳояшон аз мактаби кумунизм ва Морксу Ленин аст ва балки пойинтар.

Дар поён, ба унвони намуна, бо истинод ба манобеи торихӣ тиккае аз торихи Имом Абӯҳанифа (р)-ро меоварам ва ин ёддоштро ба поён мерсонам:

«Абӯҳанифа (р) пас аз даргузашти устодаш Ҳаммод ибни Абӯсулаймон (120 ҳ.қ) ба унвони барҷастатарин шогирди ӯ, марҷаъи судури фатво ва тадриси фиқҳ дар Куфа гардид ва аз ҷойгоҳи иҷтимоии вежае бархӯрдор гашт. Дар фосилаи солҳои 121-132 ҳ.қ, ки ҳукумати Умавӣ вопасин солҳои худро мегузаронд, Абӯҳанифа (р) ба унвони фақеҳе мухолиф бо фасоди дастгоҳи ҳукумат, бо дидгоҳҳои эътиқодии хосси худ бисёр мавриди таваҷҷӯҳи ҷаноҳҳои мухолифи ҳукумат, ғайр аз Хавориҷ, қарор гирифт. Дар солҳои 129 ҳ.қ Умавиён аз вай хостанд, ки маснади қазоватро бипазирад (яъне қозии ҳукумат шавад), аммо ӯ дархости Ҳубайраро бо вуҷуди фишоре, ки бар вай ворид оварданд рад кард ва ба Макка паноҳ овард. Дар солҳои поёни ҳокимияти Умавиён, Абӯҳанифа (р) дар Макка зист ва ба густариши орои фиқҳии худ пардохт. Бо пирӯзии Аббосиён, ба Куфа бозгашт ва аз байъат бо халифаи ҷадид ҳам худдорӣ кард.

Мухолифати Абӯҳанифа (р) бо дастгоҳи хилофат замоне ошкор шуд, ки дар соли 145 ҳ.қ. Иброҳим ибни Абдуллоҳи Ҳасанӣ — аз имомони шиъаёни Зайдия — дар Басра бар зидди хилофати Мансур (халифаи аббосӣ) қиём кард ва Абӯҳанифа (р) нуфузи худро дар таъйиди ин қиём ба кор гирифт. Бо саркӯби он қиём тавассути Мансур, риҷоли бонуфузе чун Абӯҳанифа (р) аз таъарруз масун монданд. Дар солҳои поёни умри Абӯҳанифа (р), Мансур пазируфтани мансаби қозигиро бар вай таҳмил кард, аммо Абӯҳанифа (р) аз пазириши ин мансаб ибо варзид.

Ба дунболи қиёми Ҳассон ибни Муҷолиди хориҷӣ дар наздикии Мусил, Мансур, ки аз мусилиён ба хашм омада буд, Абӯҳанифа (р) ва ду фақеҳи дигар аз куфиёнро эҳзор кард, то бар нақзи аҳдномаи собиқи халифа бо мусилиён мӯҳри таъйид ниҳода, ӯро дар саркӯби эшон бар савоб шуморанд, вале Абӯҳанифа (р) раъйе бар хилофи майли халифа иброз дошт ва халифа ночор шуд, ки аҳдномаи мазбурро пойбарҷо шуморад.

Дар охирин рӯзҳои зиндагонии Абӯҳанифа (р), Мансур ӯро ба Бағдод фаро хонд ва ба далеле, ки дақиқан равшан нест, ба ҳабс афканд ва Абӯҳанифа (р) пас аз рӯзе чанд дар ҳабс даргузашт. Абӯзуҳра мӯътақид аст, ки Абӯҳанифа (р) бар асари то��иёнаҳои Мансур ҷон супурд».

Сайидюнуси Истаравшанӣ

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading