Ба ҷойи ашк рехтан барои мурдаҳо, аввал барои зиндаҳо ашк бирезед!

Аз торихи то даврони исломии кишварамон ва шахсиятҳои торихии он дар он замонҳо чандон иттилоъ надорам, вале торихи ин сарзамин ва шахсиятҳо ва қаҳрамонҳояш пас аз даврони исломӣ, ки мактуб ҳам ҳастанд, ҳокӣ аз он аст, ки дар бораи ин шахсиятҳо ва қаҳрамонҳо фақат пас аз мурдан ва ба хок супурда шудан, ёд шуда ва барояшон ашк рехта шуда ва аз ин ки чӣ одамони бузурге будаанд, шеърҳо суруда шуда ва китобҳо навишта шуда. Ва ин расм ва одат то ба ҳамин рӯз идома дорад ва чи басо то қиёмат идома хоҳад дошт.


Албатта, ин расм дар миёни бештари миллатҳо ва қавмҳо роиҷ аст, вале на ба ин ҳадд, ки дар мо ҳаст. Яъне ин расм дар миёни мо ба ҳадде муфрит ривоҷ доштааст.

Ва аммо сабаби инчунин расм ва одат ва ин ки аз як қаҳрамон ва шахсияти «мурда» сутуда шавад — ва он ҳам ба ҳадде иғроқомез — ин аст, ки вақте як нафар пеши мо нест ва ба олами арвоҳ пайвастааст, ӯ дигар дар маърази ҳаводис нест, ӯ дигар наметавонад аз зӯргӯе интиқод бикунад ва дар баробараш биистад ва қаҳрамонӣ намояд, то тавассути зӯргӯён ва тангназарон таҳти фишор қарор гирад ва озору азият ва ба зиндон афканда шавад. Ӯ ҳарчи карда, дар замоне ки зинда буд кардааст. Аз ин рӯст, ки дар бораи вай ҳар андоза, ки гуфта шавад ва ҳар миқдор ҳам, ки сутуда шуда ва дар борааш ҳамосасаройиҳо шавад, барои як зӯргӯ ва қулдур аҳаммияте надорад ва чи басо худи зӯргӯй ҳам аз он қаҳрамон биситояд.

Дар замони зинда будани ин қаҳрамонҳо ва шахсиятҳо ва замоне ки таҳти сахттарини фишорҳо қарор мегирифтанд ва ба танҳоӣ дар баробари ситампеша меистоданд ва озору шиканҷа ва ба зиндонҳо афканда мешуданд аммо ҳамин афроде, ки пас аз мурдани эшон барои онҳо ашк мерезанд ва ҳамосаҳои баланду болое месароянд, кулӯх ба лаб ниҳода ва сокиту хомӯш тамошобини он саҳнаҳо буданд (ва ҳастанд) агар нагӯям дар канори ситампеша ҳам меистоданд.

Эй кош ин ашкҳо ва ин тавсифу тамҷидҳо ва ин ҷонибдориҳо дар замони зинда будани онҳо мебуд ва замоне ки дар баробари золим меистод, аз ӯ ҷонибдорӣ мешуд! Аммо намешуд. Чаро? Ба ин далел, ки ҷонибдорӣ ва ҳимоят аз ӯ ва дар бораи ӯ гуфтан, ҷурм ва ҷиноят маҳсуб мешуд ва муҷозоташ ҳам, зиндон ва маҳрум шудан аз озодӣ буд.

Ба азизоне, ки имрӯзҳо аз Хуросону қаҳрамонҳояш; аз Рӯдакиву Фирдавсӣ, аз Хайёму Сино, аз Абӯмуслиму Аҳмадшоҳ ва ғайра бисёр мегӯянд ва аз бадбахтиҳои рӯзгор, ки ба сари онҳо фуруд омада менависанд ва дар бораи онҳо ашъори баланду боло менависанд ва лаъну нафринҳо бар ситампешаҳо ва золимони он даврон мефиристанд, мегӯям:

Биёед, нигоҳе ба замони худамон биандозем; ба зиндаҳо ва касоне ки ҳамин имрӯз дар баробари ситампеша истодаанд ва ба хотири ҳарфи ҳақ озору азият мешаванд ва анвои тӯҳматҳо нисори онҳо мешавад ва дар сиёчолҳо ба сар мебаранд! Оё дар канорашон ҳастем?! Ё мунтазир мемонем, то бимиранд ва онгоҳ шурӯъ кунем ба таърифу тамҷидҳои иғорқомез аз онҳо?!

Эй он касе ки дар бораи Фархунда менависӣ ва барои вазъияти бонувон дар Афғонистон ашк мерезӣ, имрӯз як хоҳари худат ба номи Зарафо Раҳмонӣ дар сиёчол бо вазъияте бадтар аз он ки Фархунда бо он рӯ ба рӯ буд, мувоҷеҳ аст! Оё барои ӯ низ чизе навиштӣ?! Ё мунтазир менишинӣ то ин бону – Худой накунад – ҷон ба ҷонофарин бисупорад ва онгоҳ ба сурудани шеър дар васфи як модар ва як зан бипардозӣ?!

Эй он касе ки бо ашъори ҳамосиат дар бораи шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд гӯшҳоро пур карда ва мекунӣ, имрӯз як қаҳрамон ва як шермард аз сарзамини худат ба номи Зайд Саидов – ки солҳо барои ин марзу бум хидмат карда – танҳо бад-ин хотир, ки хоста ҳизбе роҳандозӣ кунад, ба зиндон афканда шуд ва дар вазъияти бисёр баде ба сар мебарад, оё дар канори ӯ ҳастӣ?! Оё дар бораи мазлумияти ин қаҳрамони зинда чизе навиштӣ?! Ё сокит менишинӣ то он ки ин мард – Худой накунад — чашм аз олами фонӣ бибандад ва сипас қалами ту ҳам фаъол шавад?!

Эй он касе ки ҳар аз гоҳе дар бораи «нақзи ҳуқуқи башар» дар инҷо ё онҷои дунё менависӣ ва аз нақзкунандагон интиқод мекунӣ, имрӯз як бародар ва ҳаммиҳани худат ва як вакили мудофеъ ба номи Бузургмеҳр Ёров фақат ба ин далел, ки ба дифоъ аз касоне ки мавриди писанди ҳоким нест бархост, ба сиёҳчол афканда шуд, оё дар бораи ин қаҳрамон – қаҳрамон ба тамоми маънои калима – чизе навиштӣ ва барояш садо баланд кардӣ?! Ё мунтазир мемонӣ, ки ин бандаи Худо Худой нокарда аз миён биравад ва онгоҳ ту қалам ба даст гирифта ва дар борааш бинависӣ?!

Аслан, он вақт дигар на қаламат суде хоҳад дошт ва на ҳамосасаройиҳои бемаъниат!

Эй он касоне ки барои дигарон ашк мерезед, имрӯза наздик ба 200 нафар инсони бегуноҳ ба далели сиёсӣ дар зиндонҳои режими Тоҷикистон ба сар мебаранд, оё барои инон чизе навиштед?! Ё инон одам нестанд ва аз ҳуқуқи одамият бархӯрдор намебошанд?!

Ё ин ки дифоъ аз онҳо ва садо баланд кардан барои онҳо, масъулияти амсоли Дэвид Кейҳост ва масъулияти шумо аммо, мунтазир мондан то он ки ҳамаи инҳо Худой нокарда дар сиёҳчолҳо бимиранд ва бипӯсанд ва онгоҳ шумо ҳам қалам ба даст бигиред ва дар бораи онҳо шеър бисароед?!

Ба баҳонаи Рӯзи матбуот

Сайидюнуси Истаравшанӣ

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading