«Имтиҳон» ё поксозӣ?



Акс: rus.ozodi.org

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, «аз миёни 200 вакили мудофеъ дар вилояти Суғд танҳо 30 вакил имтиҳони Комиссияи тахассусии Вазорати адлияи Тоҷикистонро супурда ва иҷозаи идомаи фаъолиятро ба даст овардаанд.»

Мо пештар ҳам шоҳиди инчунин «имтиҳонҳое» дар кишварамон будем, назири «имтиҳони муллоҳо ва руҳоният», ки дар он низ шумори зиёде аз руҳоният аз «имтиҳон» нагузашта буданд. Аммо суол ин аст, ки ин «имтиҳонҳо» барои чист? Оё воқеан барои ин аст, ки сатҳи дониш ва тахассуси онон санҷида бишавад ё ин ки на, ин «имтиҳонҳо» навъ�� поксозии суфуфи вукалои мудофеъ аз афроде аст, ки мавриди писанди мақомот нестанд?

Агар ҳадаф санҷиши дониш ва тахассус мебуд, пас оё беҳтар набуд ин корро аз вузаро, руасои кумитаҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо шурӯъ мекарданд? Ин вузаро ва руасо, ки мешиносем, ки ҳатто қодир ба сухан гуфтан ба забони модарии худ нестанд, агар озмун ва имтиҳоне барои санҷиши сатҳи дониши онҳо баргузор шавад, бо итминони комил метавон иддаъо кард, ки аҳаде аз онон аз имтиҳон нахоҳанд гузашт.

Асосан, яке аз «беҳтарин» равиш барои поксозӣ, баргузории «имтиҳон» аст. Зеро бо имтиҳон метавон ҳатто касе мисли Эйнштейнро ҳам «шикаст». Инсон ҳатто агар нобиғаи даҳр ҳам, ки бошад, билохира компютер нест, то ҳама чиз дар ҳофизааш нигаҳдорӣ шавад. Масалан, имтиҳонкунанда як суолеро барои ӯ матраҳ мекунад; суоле, ки чи басо имтиҳоншаванда посухи онро дар ёд надорад ва бо ҳамин дигар ӯ аз имтиҳон намегузарад.

Дар бораи Фронсис Бекон (Francis Bacon), файласуф ва нобиғаи замони худаш, ки бо рисолаи кучаке ба номи «Равиши ҷадид барои улум» ё ҳамон «Урғунони ҷадид» (Novum Organum), ки ҳамаро зеру рӯ кардааст ва аслан ҷиҳати илмро бо ин китоби кучак тағйир додааст, мегӯянд, вақте вориди донишгоҳ мешавад, бештари устодҳои донишгоҳ бо дидгоҳҳои илмии ин ҷавон мухолиф буданд ва ба ӯ ҳасодат меварзиданд. Бекон ҳанӯз ду сол аз таҳсилаш дар донишгоҳ сипарӣ нашуда буд, ки аз донишгоҳ хориҷ шуд. Ва иллати хуруҷаш ҳам, нокомии ӯ дар имтиҳон буда. Яъне ӯ натавонист аз имтиҳон бигузарад.

Ҳол, дар кишвари мо имрӯзҳо шуморе аз вукалои мудофеъ мавриди писанди мақомот нестанд ва лизо бояд онҳоро аз вакил будан маҳрумашон кунанд. Хуб, чӣ гуна? Бо имтиҳон… Озмун ва имтиҳоне баргузор мекунанд ва масалан, барои яке аз имтиҳоншавандагон, ки «бояд ҳазф шавад» ин суолро матраҳ мекунанд, ки: назари фалон ҳуқуқдон дар бораи фалон қазия чист? Хуб, ин бандаи Худо ҳам — ки компютер нест, то дар ҳофизааш тамоми оро ва дидгоҳҳои назарияпардозони риштаи ҳуқуқро ба ёд дошта бошад — мегӯяд, ёдам нест! Бо ҳамин аз имтиҳон ба истилоҳ меафтад ва ҳаққи ваколат дигар аз ӯ салб мешавад, ба ин далел, ки тараф натавонист аз имтиҳон рад бишавад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading