Боздоштшудагони сиёси

16-уми сентябри соли 2015 Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ (КДАМ) амалиёти густурдаеро барои боздошти масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломи исломии Тоҷикистон роҳандозӣ кард, ки дар пайи он 13 тан аз масъулини аршад ва аъзои Раёсати олии ҲНИТ боздошт шуданд. Додситони кулли Тоҷикистон бо интишори баёнияе ҳадаф аз боздошти афроди мазкурро ҳамдастӣ бо гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода эълон кард. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз рӯзи аввали ҳаводиси 4-уми сентябри соли 2015 ҳаргуна рабти ҲНИТ ва аъзо онро бо рӯйдодҳои ахир ба шиддат рад кард. Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбат бо расонаҳо иттиҳомоти Додситонии кулли кишварро дурӯғи маҳз ва беасос дониста, гуфт, ки масъулини боздоштшудаи ҳизб бегуноҳ ҳастанд. Раиси ҲНИТ гуфт, ки ошуби генерал Назарзода ба дасти ҳукумати Тоҷикистон баҳонаи хубе дод, то барои анҷоми нақшаи деринааш, ки бастани ҲНИТ ва берун кардани мухолифони худ аз саҳнаи сиёсии кишвар аст, дастбакор шавад. Муҳиддин Кабирӣ афзуд, боздоштшудагон бо итминони хотир ва бо ҳисси бегуноҳӣ ва даст надоштан дар ин ҳодисаҳо дунболи кору фаъолияти худашон буданд.

Саидумар Ҳусайнӣ


Саидумар Ҳусайнӣ (Ҳусайнов Умаралӣ Фаттоҳович), сиёсатмадор ва фаъоли тоҷик, муовини аввали раиси ҲНИТ, собиқ вакили парлумон ва номзади илмҳои фалсафа аст. Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. Ӯ соли 1961 дар ноҳияи Муъминободи Кӯлоб дар оилаи коргар ва рӯҳонӣ таваллуд шудааст. Вай субҳи 16-уми сентябри соли 2015 аз тарафи КДАМ боздошт шуд.


Таҳсилот

Саидумар Ҳусайнӣ дар баробари таҳсилоти ҳамагонӣ ва олӣ, ба омузиши улуми динӣ дар назди донишмандони мазҳабии кишвар ва фаъолияти сиёсӣ машғул буд. Ҳусайнӣ соли 1988 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДДМТ) – ро дар риштаи иқтисодӣ хатм карда, ҳамзамон дар назди бархе уламои маъруфи кишвар, аз ҷумла Муҳаммадшариф Ҳимматзода бо вуҷуди маҳдудиятҳои динии замони Шуравӣ дониши динии худро такмил додааст.


Фаъолияти сиёсӣ

Саидумар Ҳусайнӣ аз даврони ҷавонӣ дар даҳаи 80-уми асри гузашта фаъолияти сиёсии худро оғоз кард ва яке аз чеҳраҳои боризи ҲНИТ дар арсаи сиёсии кишвар дар ду даҳаи ахир маҳсуб мешавад. Нақши ӯ ба унвони яке аз афроди наздик ба Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Комиссияи оштии миллӣ дар барқарории субот ва оромиши кишвар намоён аст. Пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ, ӯ соли 1999 ба унвони Дабири кулли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон интихоб шуд ва аз соли 2007 то кунун ҳамчун муовини аввали раиси ҲНИТ аст, ки пурнуфузтарин ҳизби мухолиф ба шумор меравад. Ӯ аз соли 2010 то 2015 ба ҳайси вакили Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби наҳзат ифои вазифа карда, чандин суханрониҳои ӯ дар иҷлосияҳои МН дар мавриди маҳдудиятҳои сиёсӣ ва динӣ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда мунташир шуданд. Саидумар Ҳусайнӣ муаллифи китоби “Хотираҳо” ва садҳо мақолаву матолиб дар нашрияҳо ва сомонаҳои кишвар аст.


Боздошт

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад. Саидумар Ҳусайнӣ донандаи забонҳои арабӣ, форсӣ ва русӣ мебошад. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд аст.


Маҳмадалӣ Ҳаит


Маҳмадалӣ Ҳаит (Ҳайитов Маҳмадалӣ Раҳмонович), сиёсатмадор ва фаъоли тоҷик, муовини раиси ҲНИТ, собиқ афсари Гурӯҳи кашфи Шуравӣ, собиқ фаъоли созмони “Растохез” ва соҳиби нишони “Ситораи сурх” (Шуравӣ) аст. Ӯ узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати Олии ҲНИТ мебошад. Ӯ 20-уми октябри соли 1957 дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рудакӣ дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Вай рӯзи 16-уми сентябри 2015 дар хонааш аз тарафи маъмурони КДАМ боздошт шуд.


Таҳсилот

Ҳаит соли 1974 мактаби миёнаи рақами 67-и ноҳияи Рудакиро хатм карда, ҳамон сол ба факултети шарқшиносии ДДТ ба номи Ленини Душанбе дохил мешавад. Сипас, ӯ соли 1976 таҳсили худро дар факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград (Санкт Петербурги кунунӣ) идома дода, соли 1980 онро хатм кард.


Фаъолияти низомӣ ва журналистӣ

Маҳмадалӣ Ҳаит пас аз хатми донишгоҳ ба ҳайси тарҷумони низомӣ дар Русия ва сипас дар Телевизиони давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ соли 1983 дар авҷи ҷанги нерӯҳои Шуравӣ дар Афғонистон ба унвони лейтенанти калон ва афсари Хадамоти кашфи Шуравӣ ба Афғонистон эъзом шуд.

Ӯ масъулияти афсари ҳамоҳангсоз миёни мақомоти артиши Шуравӣ ва муҷоҳидини Афғонистон, ба вижа Аҳмадшоҳ Масъудро ба уҳда дошт ва дар барқарории оташбас миёни ду тарафи мазкур дар соли 1984 саҳми арзанда дорад.

Пас аз фаъолиятҳои низомӣ, дар бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон ва аз соли 1990 то 1992 ба ҳайси муҳаррири нашрияи “Растохез” анҷоми вазифа кард. Вай соли 1992 дар Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ба симати муовинати раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон мансуб шуд.


Фаъолияти сиёсӣ

Маҳмадалӣ Ҳаит яке аз фаъолони сиёсӣ ва зиёиёни саршиноси даҳаи ахири 80-ум ва авоили 90-ум ва узви Растохез буд. То воқеъаҳои феврали соли 1990 дар бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон кор мекард ва ба далели нашри ахбори ҳодисаҳои баҳманмоҳ аз кор ронда шуд.

Вай соли 1992 ба Ҳизби наҳзати исломӣ пайваст ва аз он замон то кунун аз масъулини аршад ва пурталоши ин ҳизб ба шумор рафта, дар миёни ҷомеъа ва зиёиёни тоҷик аз ҷойгоҳи хоссе бархурдор аст.


Нақши ӯ дар барқарории сулҳ

Нақши ӯ дар расидан ба Созишномаи сулҳ ва барқарори суботу оромиши кишвар зиёд аст. Ҳаит узви гурӯҳи кории татбиқи созишномаи Хустдеҳ буд, ки он аввалин қадам ба сӯи сулҳи тоҷикон ба шумор меравад ва сипас дар гурӯҳи кории Комиссияи оштии миллӣ ифои вазифа кард.

Маҳмадалӣ Ҳаит барои интиқодҳояш аз ҳукумат мавриди латукуби афроди ношинос дар моҳи апрели 2013 қарор гирифт ва шадидан захмӣ шуд, ки асарҳои он то кунун дар ӯ боқӣ монданд.


Боздошт

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.

Ҳаит донандаи забонҳои русӣ, форсӣ ва англисӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.

 

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад


Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, раиси Комиссияи тафтишотии ҲНИТ, собиқ узви КОМ, собиқ сархатиби ноҳияи Панҷ, донишманди мазҳабӣ ва яке аз шогирдони Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ аст. Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. Мавлавӣ Муҳаммадалӣ соли 1959 дар ноҳияи Панҷи минтақаи Қурғонтеппа воқеъ дар ҷануби кишвар дар оилаи рӯҳонӣ таваллуд шудааст. Рӯзи 16-уми сентябри 2015 аз сӯи кормандони КДАМ дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.


Таҳсилот

Пас аз таҳсилоти ҳамагонӣ, омузиши улуми диниро дар назди рӯҳониёни машҳури кишвар, аз ҷумла Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ ва домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ касб кардааст. Ҳамчунон, ӯ шогирдони зиёдеро дар улуми динӣ ба воя расондааст. Вай дар авоили даҳаи 90-ум ба ҳайси сархатиби ноҳияи Панҷ ифои вазифа кардааст.


Нақши ӯ дар барқарории сулҳ

Нақш ва хидмати Мавлавӣ Муҳаммадалӣ дар расидан ба Созишномаи сулҳ ва барқарори субот дар Тоҷикистон намоён аст. Ӯ дар Комиссияи оштии миллӣ ба унвони узви зеркомиссия оид ба муҳоҷирин кор кардааст. Хидматҳои Мавлавӣ Муҳаммадалӣ бо он ҷойгоҳе, ки миёни муҷоҳидин тоҷик дошт, дар мутақоид сохтани онҳо барои расидан ба сулҳу ваҳдат камназир аст.


Фаъолияти сиёсӣ

Ӯ солҳои 90-ум ба Ҳизби наҳзати исломӣ пайваст ва аз он замон то кунун яке аз чеҳраҳои рӯҳонии маъруфи ҳизб ба шумор меравад. Мавлавӣ Муҳаммадалӣ аз соли 1999 то кунун раиси Комиссияи тафтишоти ҲНИТ аст, ки аз тариқи анҷумани ҳизб интихоб мешавад.


Боздошт

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ донандаи забонҳои русӣ, форсӣ ва арабӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 7 фарзанд аст.


Бону Зарафо Раҳмонӣ


Сурат: Радиои Озоди
Зарафо Раҳмонӣ (Зарафо Хӯҷаева Раҳмоновна), бонуи сиёсатмадор ва фаъоли тоҷик, рӯзноманигор, ҳуқуқшинос, муассиси ташкилоти “Нишот” ва яке аз фаъолтарин бонувони тоҷик аст. Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии ҲНИТ мебошад. Хонум Зарафо 23-юми феврал соли 1972 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Рӯзи 16-уми сентябр тавассути кормандони КДАМ дар хонааш боздошт шуд.


Таҳсил

Ӯ пас аз хатми таҳсилоти ҳамагонӣ, соли 1999 Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог хатм карда, сипас соли 2008 дипломи факултети ҳуқуқшиносиро аз Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дарёфт намудааст.


Фаъолияти сиёсӣ

Хонум Зарафо аз 2000 то 2003 дар нашрияи “Наҷот” ва аз соли 2003 то 2008 ба ҳайси корманд ва сипас сардабири маҷаллаи бонувони ҲНИТ ба номи “Найсон” ифои вазифа кардааст. Вай аз соли 2008 то 2011 раиси шӯъбаи фарҳанг ва таблиғи ҲНИТ, сипас ба муддати як сол муовини раиси дастгоҳи ҳизб буда, аз соли 2012 то кунун мушовири ҳуқуқи раиси ҳизб аст. Хонум Зарафо ба ҳайси вакили дифоъ дар парвандаҳои пурсарусадои бархе чеҳраҳои мухолифин, аз ҷумла Ҷамолиддини Маҳмуд, маҳбуси сиёсии ҲНИТ будааст. Ӯ ба унвони бонуи фаъол ва ҳуқуқшинос ҳамкории хуб бо созмонҳои байналмилалӣ дорад ва дар чандин конфронсҳои байналмилалӣ дар саросари ҷаҳон ширкат ва суханронӣ кардааст. Хонум Зарафо узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2003), Академияи “Муколамаи дину давлат” (2004), Клуби мукаломаи занон дар шароити иҷтимоию сиёсӣ (2005), “Гузоришгарони зан дар ҷаҳони ислом” (2010) ва мураббии “пешгирӣ аз нашъамандӣ ва ВИЧ/СПИД” дар миёни созмонҳои мазҳабӣ мебошад.


Боздошт

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.

Хонум донандаи забонҳои русӣ ва форсӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд аст.


Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода


Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сиёсатмадор ва фаъоли тоҷик, сардабири нашрияи “Наҷот”, собиқ сухангӯи ҲНИТ, собиқ узви КМИР, журналист ва таҳлилгар аст. Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. Сайфуллоҳзода 1-уми марти соли 1950 дар деҳаи Арғанкули ноҳияи Тавилдара таваллуд шудааст. Ӯ рӯзи 16-уми сентябри 2015 аз тарафи кормандони КДАМ дар хонааш боздошт шуд.


Таҳсилот

Сайфуллоҳзода соли 1975 Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Ӯ аз соли 1975 то 1991 ба ҳайси муаллим ва баъдан директори мактаби мусиқии ш. Панҷ воқеъ дар ҷануби кишвар фаъолият намудааст.


Фаъолияти сиёсӣ

Вай авоили даҳаи 90-ум ба ҲНИТ пайваст ва яке аз фаъолтарин масъулини ҳизб дар маҳофили расонаии кишвар дар даҳсолаи ахир маҳсуб мешавад. Ӯ дар ҷаласаи музокироти сулҳ дар Хустдеҳи Афғонистон, ки он заминаи асосии Созишномаи сулҳи тоҷиконро муҳайё кард, ширкат кардааст. Сайфуллоҳзода аз соли 1997 то 2000 раиси Маркази матбуотии ИНОТ-ро ба уҳда доштааст. Вай аз соли 1999 то 2004 ба унвони узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) фаъолият намудааст. Ӯ ҳамчунин дар авоили солҳои 2000-ум ба унвони раиси дастгоҳи ҲНИТ ва ҳамзамон сухангӯи ҳизб будааст. Сайфуллоҳзода аз соли 2010 то кунун сардабири нашрияи ҳизб “Наҷот” аст.


Боздошт

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.

Сайфуллоҳзода донандаи забонҳои русӣ ва форсӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.


Воҳидхон Қосиддинов


Сурат: Радиои Озоди
Воҳидхон Қосиддинов, сиёсатмадор ва фаъоли тоҷик, раиси шуъбаи интихоботи ҲНИТ, собиқ муовини раиси ҲНИТ, собиқ раиси бахши ҳизб дар н. Исфара ва собиқ раиси дастгоҳи ҳизб аст. Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. Воҳидхон соли 1956 дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара дар оилаи косиб таваллуд ёфтааст. Ӯ шаби 16-уми сентябр аз сӯи кормандони КДАМ дар хонааш дар Исфара боздошт шуд.

 

Таҳсилот

Вай пас аз таҳсилоти ҳамагонӣ, соли 1978 Донишгоҳи педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои шаҳри Душанберо дар риштаи забони англисӣ хатм кардааст. Ӯ аз сол 1974 то 1994 ба унвони муаллими забони англисӣ дар яке аз мактабҳои миёнаи Исфара фаъолият кардааст. Вай дар баробари таҳсилоти олӣ, омузиши улуми диниро аз худ намудааст.

Фаъолияти сиёсӣ

Ӯ соли 1989 ба ҲНИТ пайваст ва аз соли 1999 то 2001 ба ҳайси раиси бахши ҳизб дар ноҳияи Исфара фаъолият кардааст. Воҳидхон солҳои 2001-2003 муовини Дабири кулли ҲНИТ ва аз соли 2003 то 2006 муовини раиси ҳизб буда, аз соли 2008 то 2014 ба унвони раиси дастгоҳи ҳизб ифои вазифа намудааст. Ӯ аз соли 2014 то кунун раиси шуъбаи интихоботии ҲНИТ аст.

Боздошт

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар Исфара боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.

Воҳидхон донандаи забонҳои русӣ, англисӣ ва форсӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд аст.


Абдуқаҳҳор Давлат


Абдуқаҳҳори Давлат (Давлятов Абдуқаҳҳор Абдукаримович), сиёсатмадор ва фаъоли ҷавон, раиси шӯъбаи равобити хориҷии ҲНИТ, журналист, собиқ сардабири нашрияи “Наҷот” ва директори Маркази иттилоотӣ ва таҳлилии “Пресс-панорама” аст. Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. Абдулқаҳҳор 5-уми августи соли 1975 дар ноҳияи Колхозобод (Ҷ. Румии кунунӣ) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ  шаби 16-уми сентябри 2015 тавассути кормандони КДАМ дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.


Таҳсил

Вай пас аз хатми таҳсилоти ҳамагонӣ, Донишкадаи забони арабии ба номи Имом Абуҳанифа ва сипас факултаи журналистика ва тарҷумонии ДДМТ-ро хатм кардааст. Ӯ сипас дипломи риштаи иқтисодиёти ҷаҳонро аз Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дарёфт намудааст.


Фаъолияти сиёсӣ

Абдуқаҳҳори Давлат яке аз фаъолтарин ҷавонони ҲНИТ маҳсуб мешавад, ки дар маҳофили сиёсии кишвар ҷойгоҳи худро дорад. Вай дар 15 соли ахир дар бахшҳои мухталифи Ҳизби наҳзат аз симати котиби дастгоҳ ва муовини раиси шуъбаи кадр ва омӯзиши сиёсӣ то сардабири “Наҷот” ва узви Шӯрои сиёсии ҳизб ифои вазифа кардааст. Дар баробари фаъолиятҳои ҳизбӣ, ӯ ҳамчунин ба унвони ёвари директори хабаргузории “Мизон”, сармутахассиси маркази матбуотии Вазорати саноати ҶТ, директори Маркази таҳлилии “Пресс-панорама” ва ғайра анҷоми вазифа намудааст.


Боздошт

Кормандони КДАМ шаби 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.

Абдуқаҳҳор донандаи забонҳои русӣ, англисӣ, форсӣ ва арабӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 1 фарзанд аст.


Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ


Сурат: Радио Озоди
Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, сиёсатмадор ва фаъоли тоҷик, раиси шуъбаи илм ва кор бо уламои ҲНИТ, донишманди динӣ, собиқ хатиби масҷид дар ноҳияи Ғозималик (Хуросони кунунӣ) ва собиқ сардабири “Наҷот”аст. Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. Домулло Зубайдуллоҳ соли 1946 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ рӯзи 16-уми сентябри 2015 тавассути кормандони КДАМ дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.

 

Таҳсил

Вай пас аз хатми таҳсилоти ҳамагонӣ ва олӣ, омузиши улуми диниро дар назди рӯҳониёни машҳури кишвар, аз ҷумла Сайид Абдуллоҳи Нурӣ касб намудааст.


Фаъолияти сиёсӣ

Домулло Зубайдуллоҳ яке аз собиқадорони ҲНИТ ва донишмандони мазҳабии кишвар ба шумор меравад. Ӯ дар тӯли фаъолиятҳои сиёсиаш дар бахшҳои мухталифи ҲНИТ аз сардабири “Наҷот”, раиси Шӯрои уламои ҳизб то раҳбарии Академияи исломии ҳизб ва раисии шуъбаи илм ва кор бо уламои Наҳзат фаъолият кардааст. Дар баробари масъулиятҳои идории мазкур, ӯ соҳиби қалами хуб буда, ҳамеша дар нашрияи “Наҷот” мақолаҳо менависад. Ҳамчунон, вай ҳамроҳи рӯҳониёни наҳзатии дигар, то замони бастани масҷиди воқеъ дар қароргоҳи марказии ҲНИТ дар ин масҷид хутбаҳои ҷумъаро ба навбат ироа мекарданд.


Боздошт

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.

Домулло Зубайдуллоҳ донандаи забонҳои русӣ, форсӣ ва арабӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд аст.

 

Қиёмиддини Аваз


Қиёмиддини Аваз (Авазов Қиёмиддин Курумҷонович), сиёсатмадор ва фаъоли ҷавон, раиси шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Душанбе, собиқ раиси шуъбаи ҷавонон ва варзиши ҳизб, собиқ корманди Дастгоҳи ҳизб ва мутахассиси забони арабӣ аст. Вай узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад. Қиёмиддин 24 -уми июни соли 1973 дар деҳаи 1 -уми Майи ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ӯ рӯзи 16-уми сентябри 2015 аз сӯи кормандони КДАМ дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.


Таҳсил

Ӯ пас аз хатми таҳсилоти ҳамагонӣ, соли 2002 Донишкадаи исломии Либиро дар риштаи забон ва адабиёти араб хатм кардааст. Қиёмиддин сипас дипломи магистратураи факултаи иқтисод ва идораро аз ДДМТ дарёфт намудааст.


Фаъолияти сиёсӣ

Қиёмиддин аз даврони ҷавонӣ ба ҲНИТ пайваст ва пас аз итмоми таҳсилоти олӣ, аз соли 2003 то 2005 ҳамчун масъули бойгонии Дастгоҳи ҲНИТ фаъолият кардааст. Ӯ аз соли 2006 то 2007 ёвари раиси Дастгоҳи ҳизб ва сипас аз 2008 то 2012 раиси шуъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ будааст. Қиёмиддин соли 2012 ба ҳайси муовини раиси шуъбаи ҳизб дар Душанбе интихоб шуда, сипас аз ибтидои 2014 то кунун раиси бахши мазкур аст.

 

Боздошт

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад. Қиёмиддин донандаи забонҳои форсӣ, англисӣ ва арабӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд аст.


Раҳматуллоҳи Раҷаб


Раҳматуллоҳи Раҷаб (Ҷобир Раҳматуллоҳ Раҷаб), сиёсат-мадор ва фаъоли тоҷик, раиси шуъбаи ҲНИТ дар НТМ ва собиқ раиси шуъбаи интихобот аст. Вай узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад. Раҳматуллоҳ 5-уми июни соли 1958 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Ӯ рӯзи 15-уми сентябри соли 2015 аз тарафи кормандони КДАМ дар хонааш боздошт шуд.


Таҳсил

Вай пас аз таҳсилоти ҳамагонӣ, соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи иқтисод хатм намудааст.

 

Фаъолияти сиёсӣ

Ӯ солҳои 90-ум ба ҲНИТ пайваст ва аз 2005 то 2010 ба унвони муовини раиси шуъбаи интихоботи ҳизб ва аз 2010 то 2013 ба ҳайси раиси шуъбаи мазкур фаъолият намудааст. Раҳматуллоҳи Раҷаб аз соли 2013 то кунун раиси шуъбаи ҲНИТ дар навоҳии тобеъи марказ аст.


Боздошт

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.

Раҳматуллоҳ донандаи забонҳои форсӣ ва русӣ мебошад.

Оиладор соҳиби 3 фарзанд аст.


Муҳаммадшарифи Набӣ


Муҳаммадшарифи Набӣ (Набиев Маҳаммад-шариф Маҳмадалиевич), сиёсатмадор ва фаъоли тоҷик ва раиси шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб аст. Вай узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад. Муҳаммадшариф соли 1962 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Ӯ рӯзи 16-уми сентябри 2015 тавассути кормандони КДАМ дар хонааш дар шаҳри Кӯлоб боздошт шуд.


Таҳсил

Муҳаммадшарифи Набӣ соҳиби маълумоти олӣ аст.


Фаъолияти сиёсӣ

Вай яке аз фаъолони сиёсӣ дар минтақаи Кӯлоб ба шумор меравад ва дар бахшҳои мухталифи ҲНИТ дар ин минтақа фаъолият намудааст.

Муҳаммадшарифи Набӣ дар ҳоли ҳозир раиси шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб аст.


Боздошт

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар шаҳри Кӯлоб боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.

Муҳаммадшариф донандаи забони русӣ ва оиладор мебошад.


Махсуми Саттор Каримов


Махсуми Саттор (Каримов Саттор Самадович), фаъоли сиёсӣ ва узви Раёсати Олии ҲНИТ аст. Вай соли 1959 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Махсуми Саттор рӯзи 16-уми сентябр аз тарафи кормандони КДАМ дар хонааш дар Душанбе боздошт шуд.


Таҳсил

Махсуми Саттор соҳиби маълумоти олӣ аст.


Фаъолияти сиёсӣ

Вай аз собиқадорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар анҷумани соли 2011 ба унвони узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон интихоб шуд.


Боздошт

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.

Махсуми Саттор донандаи забони русӣ ва оиладор мебошад.


Абдусамад Fайратов


Ҳоҷӣ Абдусамад Ғайратов (Fайратов Абдусамад Исмо-илович), сиёсатмадор ва фаъоли сиёсӣ, собиқ раиси шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ва соҳибкор аст. Вай узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад. Абдусамад соли 1962 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи коргар таваллуд ёфтааст. Ӯ рӯзи 16-уми сентябр тавассути кормандони КДАМ дар хонааш дар шаҳри Кӯлоб боздошт шуд.


Таҳсил

Абдусамад пас аз хатми таҳсилоти ҳамагонӣ, Донишгоҳи давлатии Кӯлобро хатм кардааст.


Фаъолияти сиёсӣ

Вай аз ҷавонони собиқадори ҲНИТ ба шумор меравад ва собиқ раиси шуъбаи Кӯлоб аст.


Боздошт

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар шаҳри Кӯлоб боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.

Абдусамад донандаи забони русӣ ва форсӣ буда, оиладор аст.