Шавки режима начали беспредел против членов ПИВТ

Марҳилаи нави хориҷ кардани аъзои ҲНИТ аз ҳизб


Раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Мастчоҳ Илҳомҷон Беков 13 апрел ба маркази матбуотии ҲНИТ аз он хабар дод, ки се нафар узви раёсати бахши ҳизбии ноҳия Саидбеков Саидшариф, Ҳодиев Саидҷон ва Боймуллоев Исматуллоро дирӯз 11 апрел дар КДАМ-и ноҳияи Мастчоҳ дастҳояшонро баста, мавриди зарбу лат қарор дода, аз онҳо хостанд, то ки иҷборан аз сафи аъзои ҳизби наҳзат хориҷ шаванд. Ду нафар аз ин боздоштшудгон Саидбеков Саидшариф ва Ҳодиев Саидҷон пас аз ин ҳама фишорҳо аризаи рафтани худро аз ҳизб навишта сипас дар назди камераи наворбардорӣ он чӣ барои онҳо дода шудааст, қироат карданд. Пас аз ин онҳоро озод намудаанд, вале сарнавишти Боймуллоев Исматулло, ки ба қавли раиси бахш барои навишатани аризаи хориҷшавӣ аз ҳизб розӣ нашудааст, ҳануз маълум нест. Ҳодиев Саидҷонро ба ҳадде мавриди зарбу лат қарор додаанд, ки ҳатто худи ман асари зарбаҳоро дар сараш мушоҳида кардам. Гузашта аз ин кормандони КДАМ ин боздоштшудагонро гапҳои таҳқиромез ва дашномҳои қабеҳ низ доданд. Чаҳор рӯз қабл ба ҳамин минвол ду нафари аъзои ҳизбро иҷборан аз ҳизб хориҷ намуда буданд.

Источник: Сайт ПИВТ
_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты