Муҳиддин Кабирӣ: Умедворем ҳамкории Ирон ва Русия шомили Тоҷикистон ҳам бишавад

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо “Диплумосии Ирон”, сайти интернетӣ дар заминаи равобити байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ аст, гуфтугӯи ихтисосие анҷом додааст, ки машруҳи ин мусоҳиба чунин аст.

“Умедворем, ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба хусус Ҷумҳурии исломии Ирон бо ишроф ва иттилооте, ки аз вазъияти минтақа ба вижа Тоҷикистон доранд, ҷилави иқдомоти ҳукуматро бигиранд”


Суол: Руйкарди ҳукумат ба ҷараёнҳои исломӣ чист?

Аз се сол соли гузашта то кунун, ҳукумат барномаҳое барои хунсо кардан, ба ҳошия фиристодан ва мамнуъ кардани ҲНИТ дошт. Шароити минтақаӣ ва байналмилалӣ ин фурсатро ба дасти бархе масъулини ҶТ дод, то бо Ҳизби наҳзат бархурд кунанд. Нокомии бедории мардуми мусалмон дар кишварҳои арабӣ, аз ҷумла дар Сурия, Либия, Яман ва Миср аз як тараф ва аз тарафи дигар бетаваҷҷуҳии кишварҳои исломӣ ба вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ боис шуд, ки бархе масъулин ин фурсатро ғанимат шумурда, тарҳеро барои саркуби Ҳизби наҳзати исломӣ ба иҷро бигузоранд, ҳарчанд Наҳзати исломӣ худро як нирӯи мӯътадили исломӣ ва миллӣ муаррифӣ карда буд. ҲНИТ тайи 15 соли фаъолияти парлумонии худ ва бо вуҷуди тахриби садҳо масҷид як бор ба хиёбон набаромад. Аммо дар муқобил, ҳиҷоб мамнуъ шуд, гузоштани риш барои мардони зери 50-солро мамнуъ карданд ва таълими Қуръон дар манозил ва хондани намоз ва баргузории онро маҳдуд карданд, вале ҲНИТ ба хотири пешгирӣ аз фитна ва руёрӯӣ, як бор ҳам мардумро ба тазоҳурот ва амалҳои хилофи урфи фарҳанги сиёсӣ даъват накард. Ҳама медонанд, ки асли моҷаро ҷои дигар аст ва мо низ умедворем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус Ҷумҳурии исломии Ирон бо ишроф ва иттилооте, ки аз вазъияти минтақа ба вижа Тоҷикистон доранд, ҷилави иқдомоти ҳукуматро бигиранд. Мо кушишҳои Ҷумҳурии исломии Ирон дар раванди мусолиҳаи тоҷикҳо дар 15 соли гузаштаро ба ёд дорем, ки чигуна аз раванди сулҳ ҳимоят кард. Яке аз дастовардҳои дипломатияи ҶИИ ин буд, ки ду тарафи даргири тоҷикро сари мизи музокира кашонд. Ҳоло вақти он аст, ки бо иқдомоти бештар масоили пешомадаро аз роҳи гуфтушунуд ва роҳҳалли сиёсӣ ҳаллу фасл кунанд вагарна эҳтимол меравад, ки ҷавонони тоҷик бо он рӯҳияи ҳамосӣ, эҳсосот ва зулмситезӣ ба самти гурӯҳҳои ифротӣ ва онҳое, ки амалҳои хушунатомез доранд, бираванд, ки аз нигоҳи банда ин як шуруъи мушкилсоз ва фарогир дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.


Суол: Ҳукумати Тоҷикистон пешгирӣ аз ифротгароӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо таваҷҷуҳ ба таҳдидоти ДОИШ-ро омили бархурд бо ҷараёнҳои исломӣ унвон кардааст?

Ин як дуруғи бидуни тавҷеҳ аст. Зуҳури ДОИШ ба ду сол қабл дар минтақаи Шом бармегардад ва ҳузури он дар Осиёи Марказӣ тақрибан 6 моҳ ё камтар аз он аст. Аммо иқдомоти ҳукумати Тоҷикистон алайҳи дин ва диндорӣ аз беш аз 3 соли ахир бозмегардад. Аз се соли гузашта то кунун, ҳукумат барномаҳои зиддиисломии худро шуруъ кард. Ин мавзуъ рабте ба фаъолиятҳои ДОИШ дар Ховари Миёна ва ҳатто дар Осиёи Марказӣ надорад. Аммо иқдомоти ифротгароӣ ба ҳукуматҳои золими диктотурӣ баҳонаҳое додааст, ки аз он истифода мекунанд. Бар асоси нигоҳи бетарафона ва коршиносона, аъмоли диктотурҳо боиси қавӣ шудани ифротгароӣ бахусус дар минтақа шудааст ва гароиши ҳазорон ҷавони тоҷик ба ин гурӯҳҳо, реша дар амалкарди ҳукуматҳои диктотурӣ дорад. Мутаассифона, ҷаҳони ислом ҳеч тафовуте байни гурӯҳҳои муътадили мазлум ва гурӯҳҳои ифротӣ қоил нест. Замоне, ки ДОИШ тоблуи ифротгароиро зад, ҳама чашм гушуданд. Мардуми Осиёи Марказӣ мардуми бофарҳанг ва муътадили исломӣ ҳастанд. Медоне, ки мардуми аҳноф ё ҳанафиҳо чигуна фарҳанги исломӣ доранд ва фақат дар ҳолатҳои истисноӣ ба самти хушунат мераванд, аммо боз ин ҳукуматҳо ҳастанд, ки бо аъмоли ғайриқонунии худ, мардумро ба самти ифротгароӣ савқ медиҳанд.


Суол: Бо вуҷуди пазириш ва расмият доштани ҲНИТ ба унвони як ҷараёни сиёсӣ-мазҳабӣ дар низоми Тоҷикистон, чаро ҳукумат нигоҳи қаҳромезе ба он дорад?

Давлат дар ду-се интихоботи сиёсӣ мубориза бо Наҳзатро бохт. Гарчи эълон кард, ки мизони маҳбубияти ҲНИТ 10 фоиз будааст, аммо ҳама медонистанд, ки мизони орои ҲНИТ 40 дарсад аст. Онҳо дар гуфтугӯҳои маҳрамонаи худ ин мавзуъро ба мо мегуфтанд, вале чун натавонистанд аз роҳи интихоботи, демократия ва муборизаи ошкор Наҳзатро мағлуб кунанд, ба суроғи равишҳои ғайриқонунӣ ва фурсатталабона рафтанд. Аз ин рӯ, решаи бархурдҳои ноҷавонмардонаи ҶТ бо ҲНИТ-ро дар ҳамин амр мебинем. Ҳукумат тайи 3-4 муборизаи қонунӣ ва сиёсӣ барои касби маҳбубияти худро бохтааст.


Суол: Гуфта мешавад, ки Русия аз иқдомоти ҳукумат дар бархурд бо ҷараёнҳои исломӣ ҳимоят кардааст?

Русия дағ-дағаҳои худро дорад. Русия бо мушкилоти ифротгароӣ дар дохил ва минтақа мувоҷеҳ аст. Дар айни ҳол, бархе сиёсатмадорони русӣ суроғи ҷузъиёт намераванд, аммо ончи моро умедвор мекунад, ин аст ки ба тозагӣ бархе уқало ва коршиносони русӣ аз иқдомоти ҳукумати Тоҷикистон ҳимоят накарданд. Ҳарчанд дар расонаҳо суҳбат аз ҳимоят мекунанд, вале бо он шинохте ки аз маҳофили диплумосӣ ва коршиносии Русия дорем, онҳо ҳатто ҳушдорҳое ба ҳукумати Тоҷикистон додаанд ва ба онҳо гушзад кардаанд, ки аз хатҳои қирмиз убур накунанд. Онҳо ҳатто ба ҳукумати Тоҷикистон гуфтаанд, ки бахше аз мушкилоти минтақа ба рафторҳои номуносиби шумо бармегардад. Хушбахтона, ин фикр ва шинохт дар Русия вуҷуд дорад. Бар ин боварам, ки агар ҶИИ ва Русия ҳамкории самимонае бо якдигар ба манзури пешигирӣ аз рушди ифротгароӣ дар минтақа, ки ҳам Русия ва ҳам Иронро таҳдид мекунад, дошта бошанд, ҷилави бисёре аз мушкилот гирифта хоҳад шуд. Ҳукуматҳои диктотурӣ аз ҷумла Тоҷикистон дарк хоҳанд кард, ки бо дуруғ ва фиребкорӣ дар минтақа наметавонанд ҳамаро мутақоид кард, зеро Русия, Ирон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз равандҳои минтақа шинохт доранд.


Суол: Оё Шумо ба ҳукумат паёме барои нишастан пушти сари мазокира барои ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ додаед?

Мо солҳо дар бораи музокира ва диалог суҳбат кардаем ва тақрибан моҳе набуда, ки дар ин бора ҳарфе дар суханрониҳо зада нашавад. Номаҳои зиёде ҳам ба шахси раисҷумҳур навишта шуд, мабнӣ бар инки агар мушкиле дар байни мо вуҷуд дорад, онро дар утоқҳои фикр ҳал кунем, на бо нигоҳи амниятӣ ва пулисӣ, зеро рафторҳои амниятӣ ва пулисӣ фазоро ба бунбаст мекашонанд. Аммо токунун ҳеч ниҳоди давлатӣ посухе ба мо надодааст. Натиҷаи ҳар дархосте барои гуфтугӯ, зиндонӣ кардан ва ё ба шаҳодат расондани яке аз ҷавонон ё тахриби яке аз дафтарҳои мо буд. Паёми ниҳоии ҳукумат ин аст, ки мо довталабона ҲНИТ-ро таътил кунем ва сипас онҳо дар бораи масири роҳи ояндаи мо вориди гуфтугӯ шаванд. Бинобар ин, онҳо шарти аввалро таътилии Наҳзат эълон кардаанд ва гуфтаанд, ки қабл аз он ҳеч гуфтугӯе н��хоҳад буд. Ҳоло вақте бо чунин адабиёте бо Наҳзати дорои решаи таърихӣ, дастовардҳо ва маҳбубияти мардумӣ суҳбат мешавад, баёнгари он аст, ки онҳо дунболи гуфтугӯ ва роҳҳалли мусолиматомез нестанд. Онҳо дунболи эҷоди як низоми худкома ва такҳизбӣ дар кишвар ҳастанд ва мехоҳанд, ки ҳама аҳзоб, гурӯҳҳо ва ҷараёнҳо низ аз як нафар ва гурӯҳ ҳарфшунавӣ дошта бошанд. Ин барои миллати Тоҷикистон муносиб нест ва дар ниҳоят ин сиёсат авзоъи дохилиро ба ин марҳилаи хатарнок расондааст.

Манбаъ: Payom

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты