Куда подевался В.В.Путин? Пустозвонство или тайна за семью печатями?

Мавзӯи рақами 1: Путин куҷо шуд?

Аз нашри охирин видео дар бораи Владимир Путин дар барномаҳои ахбори телевизионҳои Русия дуруст як ҳафта гузашт. Аммо ин суол то ҳол беҷавоб мемонад, ки оё Путин куҷо "ғайб" задааст?

Инак як ҳафта боз аз мазҳари ом ба таври бесобиқа ғайб задани раисиҷумҳури Русия Владимир Путин як мавзӯи рақами яки ҳам сӯҳбатҳои мардум, ҳам овозаҳо ва ҳам гузоришҳои матбуоти чӣ расмиву чӣ мустақил дар ин кишвар боқӣ мемонад.

Сухангӯи Путин – Дмитрий Песков – бори дигар ҳамаро таскини хотир дод, ки раисиҷумҳур ҷое “ғайб” назадааст, балки ҳаминҷост ва барои мисол, қасд дорад шоми 15 март аз шабакаи “Россия 1” филми мустанаде бо номи “Қрим. Роҳи бозгашт ба ватан”-ро тамошо кунад. Ин филм мисли даҳҳо филму ба��номаи дигаре, ки дар ин шабурӯз дар матбуоти Русия намоиш дода мешаванд, ба солгарди аввали тасарруфи вилояти  Қрими Украина аз сӯи Русия ихтисос дода шудааст.

Аммо ин “таскини хотир” аз тарафи сухангӯяш ҳам наметавонад шубҳаву гумонҳо дар бораи куҷо шудани Путинро бартараф кунад. Чунки ягон расона, албатта, дар бораи филмеро тамошо кардани Путин гузориши видеоӣ намекунад ва ба ин далел дақиқ кардани ин ки Путин дар хонаё ҷои кораш асту филм тамошо мекунад, зоҳиран як кори ношуниданист.

Охирин видеои нашркардаи Кремл дар бораи Путин аз мулоқоти ӯ бо як гурӯҳи занон дар арафаи иди 8 март аст. Баъди он чанд хабаре ки дар сомонаи расмии Кремл ва дар телевизионҳои Русия дар бораи мулоқотҳои раисиҷумҳур нашр шудаанд, ҳамагӣ бидуни видеост.

Ин дар ҳолест ки қаблан барномаҳои ахбори қариб ҳамаи телевизионҳои расмии Русия қариб ки ҳатман бо 2-3 гузориш аз Украина ва ба дунболи он 2-3 гузориши дигар дар бораи корҳои дар як рӯзи охир анҷомдодаи Путин оғоз меёфт ва танҳо баъди ин дигар ахбори муҳими Русия ва ҷаҳон гуфта мешуд.

Отамбоев Путинро мебинад?

Сарусадоҳо дар бораи гӯё “ғайб” задани Владимир Путинро акнун метавонад мулоқоти рӯзи 16 март барномарезишудаи ӯ бо ҳамтои қирғизашАлмосбек Отамбоев аз байн бубарад. Кремл рӯзи якшанбе дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки ин дидор рӯзи 16 март дар Санкт-Петербург доир шуда, асосан рӯи масоили равобити дуҷониба,“пеш аз ҳама дар риштаҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва фарҳангиву ҳуманитарӣ, ҳамчунин дар бахши энержӣ” тамаркуз мекунад. Бино ба ин манбаъ, ҳамчунин “табодули муфассали назарҳо дар мавриди мушорикат бо дарназардошти пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё дар назар дошта шудааст.”

Мулоқоти Путин ва Отамбоев бо чунин рӯзнома, албатта, кадом нишасти сарнавиштсозе намешавад, вале метавонад дастикам шоеъаҳо дар бораи Путинро аз миён бардорад. Албатта, агар то рӯзи душанбе ин дидор лағв нашавад ваё агар чун дигар мулоқотҳои ахири раисиҷумҳури Русия боз ҳам бидуни ҳузури хабарнигорон сурат нагирад, ки ин ҳарду ба оташи овозаҳо ҳатман равғани боз ҳам бештар хоҳанд рехт.

Зимнан овозаҳо дар бораи ғайб задани Путин маҳз замоне вусъат гирифт ва аз сатҳи сӯҳбати мардум ба мавзӯи расонаҳо табдил ёфт, ки сафари аз қабл барномарезишудаи ӯ ба Қазоқистон ба манзури мулоқот бо ҳамтоёни қазоқу беларусаш Нурсултон Назарбоев ва Аляксандр Лукашенка дар охирин лаҳзаҳо лағв шуд.

6 фарзияи куҷо шудани Путин

Бо ин ҳол, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дастикам 6 фарзияи асосӣ дар бораи куҷо шудани Владимир Путин доман зада мешавад.

Дмитрий Песков, сухангӯи Путин ҳатто гуфтааст, дар Кремл ҷиддан мехоҳанд “ягон одами пулдореро пайдо карда, барои беҳтарин дурӯғ ё овоза дар бораи Путин озмун эълон кунанд.”

Хабаргузории нимарасмии “Спутник”  ҳатто рейтинг (раддабандӣ)-и овозаҳои боварнокардании пайдошуда дар бораи куҷо “ғайб” задани Путинро сохтааст.

Тибқи ин рейтинг, ки рӯзи 14 март нашр шуд, ҷои аввалро  овозаҳо дар бораи дар сериали амрикоии “Хонаи варақӣ” (“House of cards”, “Карточный домик”) нақш бозӣ кардани Путин мегирад. Дар ҳақиқат як мавзӯи мавсими сеюми ин сериал бад шудани равобити Амрикову Русия аст ва яке аз қаҳрамонҳояш “президенти Русия В.В. Петров” мебошад, ки зоҳиран ба раисиҷумҳури аслии ин кишвар Владимир Путин хеле монанд ҳам ҳаст. 

Дар ҷои дуюм овозаҳо дар бораи гӯё аллакай анҷом шудани табаддулоти давлатӣ дар Русия аст, ки хабарашро то ҳол танҳо ба далели ҳанӯз маълум набудани исми раҳбари нави кишвар нашр накардаанд. Ҳарчанд бархе расонаҳое, ки ба воқеъияти маълумоташон эътимод кардан амри маҳол аст, вазири дифои Русия Сергей Шойгуро дар саргаҳи ин “табаддулот” ном мебаранд.

Дар ҷои сеюм овозаҳо дар бораи соҳиби фарзанд шудани Владимир Путин аз варзишгари маъруфАлина Кабаева, дар ҷои чорум гирифтори маризӣ (грипп, дарди сутунмӯҳра, хунрезии мағзӣ, сактаи қалб ва ҳатто гӯё саратон) шудани Путин истодаанд. Дар зинаи охирини ин панҷгона овозаҳо дар бораи марги Путин аст, ки  ба ақидаи овозапароканҳо, ин хабар ҳам ба далели то ҳанӯз маълум набудани исми вориси Путин ва набардҳои шадиди атрофиёни ӯ барои тахту тоҷи Кремл то ҳол расман нашр нашудааст.

Radio RSI, як шабакаи маҳаллӣ дар шаҳри Тичинои Швейтсария ҳатто хабар додааст, ки Алина Кабаева дар ҳамин шаҳр дар шифохонаи хусусии Аннаи Муқаддас кӯдакашро ба дунё овардааст. Хабарнигорони ин радио гуфтаанд, ки Кабаева дар ин шифохона барои худ ду ҳуҷраи алоҳидаро фармоиш дода буд ва “ҳанӯз то таваллуди фарзандаш ҳам пайваста ба назди табибони шифохонаи Анна Муқаддас меомад.”

Ин шифохона дар байни афроди сарватманд ва сиёсатмадорон маъруф аст ва барои мисол, духтари Силвио Берлускони, сарвазири собиқи Итолиё ва аз дӯстони наздики Владимир Путин, низ маҳз дар ҳаминҷо таваллуд карда буд. Чанд нашрияи “зард”-и чопи Аврупо низ дар бораи дар ин бемористон таваллуд кардану ҳатто гӯё духтар зодани Алина Кабаева хабар додаанд.

Дар баробари Путин аз мазҳари ом “ғайб” задани худи Алина Кабаева, ки аз замони аз ҳамсари якумаш Людмила Путина ҷудо шудани раисиҷумҳури Русия дар тобистони соли 2013 як номзади асосӣ барои тасхири қалби Владимир  Путин ном бурда мешавад, низ оташи ин овозаҳоро гарму пурҳезум нигоҳ медорад.

Аммо мудири шифохона Микаэла Пфюффер фон Алтисхофен дар посухи хаттӣ ба нашрияи “Neue Zuercher Zeitung“ навиштааст, “посух додан ба чунин дархостҳо ҷавобгӯи таҷрибаи қабулшуда дар шифохонаи Аннаи Муқаддас нест.”  Хонум Пфюффер вале боз ҳам фарзанд ба дунё овардани Кабаева дар ин шифохонаро қотеъона рад накардааст.

Владимир Путин, ки 7 октябри соли 2952, ҳамагӣ ду рӯз баъд аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба дунё омадааст, аз соли 2000, инак 15 сол боз (бо 4 сол фосилае, ки ӯ сарвазир ва нафари вафодораш Дмитрий Медведев раисиҷумҳур буд) бар Русия ҳукумат меронад.

Путин кист?

Тарафдоронаш аз ӯ тавсиф мекунанд, ки Путин тавонист Русия дар солҳои 90 дар пеши Ғарб зону задаро дигарбора ба пои худ рост ва нақши абарқудратии кишварашро дар арсаи ҷаҳонӣ эҳё кунад. Рейтинги Путин бахусус баъди тасарруфи Қрим ва ҷанг дар шарқи Украина ба таври бесобиқа боло рафт ва бино ба охирин назарсанҷии ВЦИОМ, ки натиҷаҳояшро рӯзи 13 март эълон шуд, ҳоло 87 дарсади мардуми Русия аз Путин ва сиёсати ҳукумати вай тарафдорӣ мекунанд.

Аммо мухолифон Путинро ба сохтани як фазои тарс ва низоми худкомае дар Русия айбдор мекунанд ва мегӯянд, ӯ бо иштибоҳҳои ҷиддие, чун дахолат дар масоили Украина, кишварро дар ҳоли душмании сахт бо Ғарб қарор додааст. Душмание, ки ба бовари мунтақидони Путин, дар ниҳоят миёни Русияро мешиканад.

Источник: Радио Озоди

_______________________________
ПОДЕ��ИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты