Мнение:

Дар охир чанд чизро бояд кайд намоям: Якум- ба моддахои буча, ки ба тандурустй, маориф ва ичтимоият таалук дорад, набояд даст расонанд ва онро кохиш бидиханд. Дуюм- давлат аз фурсат истифода бурда набояд ба сохибкорй фишор оварад, ки вактхои охир дида мешавад (чун пешакй ситонидани андоз аз сохибкорон ва гайра). Ин хама дар оянда окибати хеле бад дорад. Яъне амалхои хукумат набояд шароити бе ин хам вазнини ахолии Точикистонро вазнинтар кунад.

Наҷоти буҷаи Тоҷикистон

Чи хеле, ки дар матлаби Радио Озодй омадаст: 
Дар 9 моҳ ба буҷаи Точикистон 391 миллион сомонӣ камтар пул ворид шудааст.“Талко”, “Барқи тоҷик”, “Роҳи оҳан” уҳдадориҳояшонро дар назди буҷа иҷро накардаанд Маблағе, ки дар 9 моҳи соли равон ба буҷаи кишвар ворид шудааст, аз н��қшаи пешбинишуда 319,9 миллион сомонӣ камтар мебошад. 26-уми октябр дар муҳокимаи парламентии буҷаи Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон гуфта шуд, ки ҳаҷми маблағи ба буҷа воридшуда 10,8 миллиард сомониро ташкил кардааст. Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон сабаби иҷро нашудани буҷа дар 9 моҳи соли равонро дар коҳиш ёфтани ҳаҷми савдои хориҷӣ медонад. Ба гуфтаи ӯ, соли равон ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 17,9 дарсад ва рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ- 0,5 дарсад кам шудааст. Инчунин паст шудани қобилияти харидории мардум ва ноустуворӣ дар иқтисоди кишварҳои шарик низ ба қавли Абдусалом Қурбониён боис ба кам шудани воридоти маблағ ба буҷети Тоҷикистон шудааст. Инчунин, ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи молия ва иқтисоди Маҷлиси намояндагон дар ин давра ба буҷаи кишвар аз корхонаҳои бузург низ маблағ кам ворид шудааст. Азҷумла аз ширкати "Талко" 23 миллион, аз ШСХК "Барқи Тоҷик" 46,9 миллион ва аз корхонаи "Роҳи оҳан" 12 миллион сомонӣ андоз камтар ба буҷа ворид шудааст. Ноҳияҳои Исфара, Ғончӣ, Файзобод, Ҳисор, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Фархор натавонистанд нақшаи буҷетро иҷро кунанд. Се моҳ пеш дар нимсолаи аввали соли равон низ ҳаҷми буҷети Тоҷикистон пурра иҷро нашуда буд. Қаблан Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфта буд, ҳаҷми умумии будҷа дар 6 моҳи аввали соли равон ба маблағи 6, 9 миллиард сомонӣ ё ба андозаи 96,7 дар сад иҷро гардид. Ин нишондод нисбат ба нақшаи пешбинишуда 235, 2 миллион сомонӣ кам ва нисбат ба 6 моҳи соли гузашта 847,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон илова карда буд, ки иҷрои нақшаи даромади буҷа дар ин давра 93, 5 дар сад таъмин гардида, ба он 3,2 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 223,1 миллион сомонӣ кам ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 124 миллион сомонӣ зиёд аст

Умуман гирем вобаста будани бучаи давлат аз якчанд корхонаи азими мамлакат барои иктисодиёт хуб нест. Нодуруст будани ин модел дар мисоли иктисодиёти Руссия бараъло маълум аст, ки бучаи он асосан аз воридоти фуруши нафту газ ташкил меёбад. Холо бо поён рафтани нархи ин махсулот дар бозори чахонй бучаи Руссия ба мушкилот дучор шудааст.  Аз илми иктисод маълум аст, ки дар модели дурусти иктисодй кисми зиёди воридоти буча аз хисоби сохибкории хурду миёна ба даст меояд. Лекин барои ин хама бояд шароити мувофик барои сохибкорон, андозгузории содда ва фахмо рохгузорй шавад. Мисол дар вакти хокимияти президенти собики Гурчистон Михаил Саакашвиши андозгузорй дар Гурчистон содда гардонида шуд, аз 20 намуди андоз танхо 7 намуд бокй монд, шароит барои сохибкорй, дастгирии он ба рох монда шуд. Ин хама боис шуд, ки дар тули 6 сол бучаи Гурчистон 12 маротиба зиёд шуд. Иксодшиносон дар он фикр хастанд, ки ягона рохи ганигардонии буча ва устовории он, ин андозбандии содда ва рушди сохибкорй аст. Вале ин хама вакт талаб мекунад, зеро махсули ин ислохот баъди чанд сол ба даст меояд. Дар холи хозир, ки китисодиёти Точикистон ба бухрони чиддй дучор шудааст, бояд амалхои фаврй ба рох монда шавад. Мисол: кохиш додани харочоти аппарати хукумат, ба муддати муайян катъ кардани харидории мошину тачхизот барои хамаи шохахои хукумат, парлумон, инчунин макомоти кудратй. Катъ кардани харочот барои маъракахои давлатй, ки барои мардум ягон фоидае надорад. Катъ кардани сафархои тулонии Эмомали Рахмон ба минтакахои гуногуни Точикистон. Зеро ин сафархо боиси дар холати ногувор мондани ахолй мегардад. Ба ин сафархо миллионхо сомонй аз бучаи кишвар масраф мешавад. Гайр аз ин аз муаллиму духтур сар карда то сохибкорон мачбуран як кисми ин масрафхоро бар душ мегиранд. Дар замони муосир, ки илму техника хеле пеш рафтааст, президент бо истифодаи видео-гузоришхо ва дигар намуди амалиётхои техникй метавонад рафти кори ину он иншоот ё сохаро назорат кунад. Ягона камбудие дар ин кор ба вучуд меояд ин аст, ки Рахмон наметавонад бо вебкамера «лентабурй» кунад. Вале фикр мекунам, ки ин боиси изтироби президент намегардад.

Дар охир чанд чизро бояд кайд намоям: Якум-  ба моддахои буча, ки ба тандурустй, маориф ва ичтимоият таалук дорад, набояд даст расонанд ва онро кохиш бидиханд. Дуюм- давлат аз фурсат истифода бурда набояд ба сохибкорй фишор оварад, ки вактхои охир дида мешавад (чун пешакй ситонидани андоз аз сохибкорон ва гайра). Ин хама дар оянда окибати хеле бад дорад. Яъне амалхои хукумат набояд шароити бе ин хам вазнини ахолии Точикистонро вазнинтар кунад. 

Аюб Эгамов- иктисодшинос


_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты