ВОЛОИЯТИ КОНУН ВА АРЗИШИ ОЛИ ДОШТАНИ ХУКУК ВА ОЗОДИХОИ ИНСОН ВА ШАХРВАНД ТАЛАБИ КОНСТИТУТСИОНИ

Мурочиати химоятгар Рахматилло Зойиров

Ба Раиси Суди Олии ЧТ,

Мухтарам Шермухаммад Шохиён

Ба Ваколатдор оид ба хукуки инсон дар ЧТ,

Мухтарам Зариф Ализода

Ба Прокурори генералии ЧТ

Мухтарам Юсуф Рахмонов

Ба сардори Кумитаи Давлатии Амнияти Милли

Мухтарам Саймумин Ятимов

Ба вазири Корхои Дохилии Точикистон

Мухтарам Рамазон Рахимзода

ТАЛАБИ КАЗОВАТ

оид ба бегунохии махкумшуда Бурхон Абдуллоев

Мухтарам хомиёни волоияти конун ва арзиши оли доштани хукук ва озодихои инсон ва шахрванд!

Хотиррасон менамоям, ки бо Хукми суди вилояти Хатлон аз 30.04.с.2015 Ризвонов Хошимчон Нозирхучаевич (тибки кисми 2 моддаи 247 бандхои «а», «в», ва кисми 3 моддаи 32, кисми 2 моддаи 255 бандхои «а», «в» КЧ ЧТ) ва Абдуллоев Бурхон Салехчонович (тибки кисми 3 моддаи 32, кисми 2 моддаи 255 бандхои «а», «в» КЧ ЧТ) дар содир кардани чиноят гунахкор дониста шудаанд. 

Азбаски махкумшудахо ду нафар хастаанд, аввал ду калима дар бораи махкумшудаи аввал. Дар кисми 2 моддаи 247 нисбати Ризвонов Х.Н. таъин шудани мухлати чазо бахснок хаст, ва тибки конун ба у таъини чазо дар намуди махрум кардан аз озоди раво набуд, ва бояд ин масъаларо дар мурофиаи суди мархилаи кассастиони тахлил ва татбик бояд кард. 

Аммо, барои банду баст кардани нисбати Ризвонов Хошимчон Нозирхучаевич дар асоси кисми 3 моддаи 32 ва кисми 2 моддаи 255 бандхои «а», «в» КЧ ЧТ ягон асоси хукуки ва вокеи мавчуд нест ва парванда дар ин кисм бояд катъ карда шавад.

Нисбати зерхимояи ман Абдуллоев Бурхон Салехчонович, ки тибки кисми 3 моддаи 32, кисми 2 моддаи 255 бандхои «а», «в» КЧ ЧТ на танхо нодуруст банду баст карда шудааст, зеро на танхо ягон асоси хукуки ё вокеи мавчуд нест, балки барои огоз кардани парвандаи чинояти асос нест ва набуд, яъне зерхимояи ман беасос ва гайриконуни ба чавобгарии чинояти кашида шудааст ва аз 19 декабри с. 2014 гайриконуни дар тавкифгохи тафтишотии шахри Кургон-теппа карор дорад. 

Биёед, ба мушаххасот гузарем ва хамирро аз кил чудо намоем. Танхо хохиш мекунам, ки ба эхсосот дода нашуда, вачхо ва хулосахои маро тахлил намоед. 

Ман дар мурофиаи суди мархилаи аввал хаматарафа тахлил кардам, ки фикри айбдоркуни, ин санади мухими мурофиаи суди аз чониби тафтишоти пешаки ва прокурори назораткунанда ва тасдиккунанда, яктарафа, гайриобъективи, ва дар асоси инкор кардани меёрхои асосии конунгузории чинояти (КЧ) ва мурофиавии чинояти (КМЧ), тартиб дода шуда, он маводхои (нишондоду далелхо ва банду басти) пешниходкардаи тафтишоти пешаки ва тасдики прокурор нисбати Абдуллоев Б.С. х а т т о к и с м а н, н о п у р р а тасдики худро дар мурофиаи суди, н а ё ф т ва ёфта хам наметавонад. Барои чи? 

На танхо барои он, ки ин парванда супориши ва гаразнок буд, ва парвандаи чиноятиро нисбати Бурхон Абдуллоев махсусан ташкил кардаанд, балки аз руи на вокеияти кор, на далелхо, на банду баст, ва гайра, парвандаи хукуки намебошад. 

Хотиррасон мекунам, ки аз чи ва дар кадом асос парвандаи чинояти огоз карда шуд? Рузи 18 ба 19 декабри с. 2014 ду нафар – Хошим Резвонов ва Идибек Шарипов гуё ки вакте ба бозори Ином – и нохияи Шахритуз оташ мезаданд, дастгир карда шудаанд. Холати корч и гуна буд? 

Якум. Ин ду нафар дар назди забори (девори) на бозори Ином, балки ЧДММ «Сафари нек», аз ин забор то забори бозори Ином холо 300 метр масохат чой дорад, дастгир карда шудаанд. 

Дуюм. Кихо дастгир кардаанд? Се корманди милитсия, ки пешаки да ин чо мунтазир будаанд. Гайр аз ин, ин ду нафарро гурухи оперативи аз РВКД ш. Кургон-теппа мунтазир будаанд? Хатто, шахсони «холис» пешаки омода будаанд? Барои чи?

Сеюм. Азбаски, Идибек Шарипов – яке аз дастгиршудахо, чандин сол мешавад, ки агенти КДАМ ва ВКД буд ва хаст. Ва чи хела 1) муфаттиши РВКД ва 2) рохбари гурухи оперативии РВКД дар вакти тафтишот ва суд икрор шудаанд, бо хамин сабаб Идибек Шарипов, на танхо ба чавобгари кашида нашуд, балки нисбати у хатто парвандаи чинояти огоз карда нашуд, гайр аз ин, у аз руйхати шохидон берун карда шудааст ва навобаста аз дархостхои хаттии ман химоятгар Р. Зойиров Идибек Шариповро ягон макомоти давлати барои пурсидан хамчун шохид дар мурофиаи суди, дарёфт карда натавонист.

Чорум. Бояд ба савол чавоб дод, ки Шарипов Идибек кист? Агенти макомоти кудрати (хам КДАМ, хам ВКД ва гайра), чи хели муфаттиши хамин парванда гуфт «гумоштаи» орган, ки солхои дури дароз даххо шахсони сазоворро ба чиноят моил карда, хамчун тахриккунанда ва ташкилкунанда, онхоро дар асоси «подстава» ба макомоти хифзи хукук ва «адолати суди» (дар нохунак), супорид. Барои ин кор у сазовори чи шуд? Танхо як чиз: маблаг ва имконияти бе махдудият амали гардонидани бе сару сомони. 

Мисол, чанд сол кабл Шарипов Идибек Халимов Давлатёр Сангаковичро бо лакаби «Раис» хамин тавр дастгир кунонд, ки у бо хукми суд 20 сол мухлати чазо гирифт. Дигар шахс, капитан Зокир Назаров хизмати сазовор дошт барои ватан, аммо, бо дар асоси амалхои Идибек Шарипов дастгир карда шуд ва тибки Хукми суд 13 сол мухлати чазо гирифт. Ин гуна фактхо зиёд мебошад. 

Барои ман ачоиб буд, ки дар дехахои Точикобод ва гайраи нохияи Шахритуз Шарипов Идибекро хамчун «Полковник» - и амалкунандаи Кумитаи амният мешиносанд, яъне у худро хамин хел муаррифи мекунад. Хамин тавр, дар Кубодиён ва дигар чойхо чанд нафарро подстава кардааст, инаш аз хисоб берун. Дар Кубодиён – чанд парванда нисбати Шарипов Идибек мавчуд мебошад ва гайра. Акнун, савол пайдо мешавад, ки ба ин гуна агенти худ КДАМ ва ВКД чи гуна бахо медода бошанд? 

Панчум. Вакте ин ду нафарро – Х.Резвонов ва И.Шариповро - дастгир мекунанд онхо на танхо ягон харакати суикасд надоштаанд, холо ба бозори Ином наздик нашудаанд, балки, Х.Резвонов барои оташ задан ягон имконият надошт, яъне оташзанак (зажигалка) дар киссаи Идибек Шарипов буд, ва пас аз дастгир кардан аз киссаи у гирифта шуда ва протокол ворид карда шуд. 

Дар ин холат, мухтарам, хомиёни конун ва хукуку озодихои инсон ва шахрванд, дар бораи кадом суикасд, ё чи хели овоза карданд - ин ду нафар дар вакти оташ задан дастгир карда шуда мешаванд?

Таъкид ва таъид мекунам, ки махкумшудахо Хошим Резвонов ва Бурхон Абдуллоев бояд бо чунин асосхои хукуки, бо кабули хукми сафедкунандаи пурра (мавчуд набудани ходиса ва таркиби чиноят) нисбати Б.Абдуллоев, ва на дар асоси кисми 3 моддаи 32, кисми 2 моддаи 255 КЧ ЧТ, балки (кисми 3 – суикасд дар кирдори Резвонов Х. мавчуд нест), балки кисми 1 моддаи 32 – яъне тайёри ба чинояти супориши, яъне барои имитатсияи оташ, инсенировкаи оташ, дар асоси кисми 1 моддаи 32 ва кисми 2 моддаи 255 КЧ ЧТ, бо татбики моддаи 18 КЧ ЧТ (кисми 3) ва кисми 2 моддаи 32 КЧ ЧТ, катъ кардани кори чинояти ва кабули хукми сафедкунанда нисбати Хошим Резвонов, озод карда шаванд. 

Биёед акнун меёрхои КЧ ЧТ тахлил намоем. Чи хеле, ки маълум аст, моддаи 32 КЧ ЧТ «Тайёрӣ ба ҷиноят, сӯикасди ҷиноят» ном дошта, ин модда дар боби 6 КЧ ЧТ, яъне «ЧИНОЯТИ НОТАМОМ ВА ХОТИМАЁФТА» ном дорад, чойгир мебошад ва кисми 3 моддаи 32, яъне суикасд, бе барраси ва тахлили якчояги бо дигар бандхои хамин модда ва дигар моддахои кисми умуми ва махсуси КЧ ЧТ имконнопазир мебошад, аз ин ру, аввал мо бояд ба матни моддаи 32 дар пурраги як назар андозем.

Инак, моддаи 32. Тайёри ба чиноят, сўикасди чиноят чунин омадааст. 

1) Тайёри ба чиноят ин аз тарафи шахс касдан чустучў, тайёр ё мувофик кардани восита ё олоти содир намудани чиноят, ёфтани шарикони чиноят, забоняккуни барои содир кардани чиноят ё касдан фарохам овардани шароити дигар барои содир кардани чиноят мебошад, агар зимнан чиноят бо сабабоои аз ин шахс вобастанабуда то ба охир расонида нашуда бошад (Конуни ЧТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Чавобгарии чиноятњ танхо барои тайёри ба чинояти вазнин ё махсусан вазнин мукаррар карда мешавад (Конуни ЧТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Сўикасди чиноят харакати (бехаракатии) касдонаи шахс мебошад, ки бевосита ба содир кардани чиноят равона гардидааст, агар зимнан чиноят бо сабабхои аз ин шахс вобастанабуда то ба охир расонида нашуда бошад.

4) Чавобгари барои тайёри ба чиноят ё сўикасди чиноят бо ишора ба хамин модда мутобики хамон моддаи кисми махсуси Кодекси чиноятњ фаро мерасад, ки барои чинояти хотимаёфта мукаррар шудааст.

Дар моддаи 33 КЧ ЧТ, ки «Чинояти хотимаёфта» ном дорад, чунин омадааст: «Чиноят хотимаёфта эътироф мешавад, агар кирдори содирнамудаи шахс тамоми аломатхои таркиби чинояти дар хамин Кодекс пешбинигардидаро дошта бошад».

Акнун, ба моддаи 255 назар мекунем. «Касдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки гайр, ки зарари чидди расонидааст» (ин кисми 1), ва «Хамин кирдор, агар: а) бо рохи оташ задан, таркиш ё дигар усули хавфи умумидошта содир шуда бошад;… в) зарар ба микдори калон расонида бошад», бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то нўхсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мўхлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад. 

Аз ин холат ба чор омил ахамият дихем: 

1) кисми 2 банди «в» моддаи 255 дар ин банду баст умуман чой дошта наметавонад, азбаски, «в) зарар ба микдори калон расонида бошад» - мавчуд нест, яъне зарар набошад, бо ин банди моддаи 255 КЧ ЧТ банду баст кардан гайриимкон мебошад;

2) ба санксияи кисми дувуми ин модда назар андозем. Савол пайдо мешавад, ки барои чи прокурор, агар, парванда супориши, суъни ва гаразнок набошад, аз суд танхо махрум кардан аз озодиро талаб мекунад, и на вобаста аз моддаи 32 КЧ ЧТ, яъне чинояти нотамом.

3) Аз руи санксия маълум мешавад, ки мухлати махрум кардан аз озоди то панчсол пешбини карда шудааст, яъне тибки моддаи 18 КЧ ЧТ, хусусан кисми 3, ин категорияи чиноят ба чинояти категорияи дарачаи миёна дохил мешавад.

4) Маълум мешавад, ки тибки кисми 2 моддаи 255, барои тайёри ба чиноят кори чинояти огоз кардан мумкин нест, агар кори чинояти огоз карда шуда бошад, бояд катъ карда шавад. Ин вазифаи чоначони прокурори назораткунанда мебошад. 

Тахлили элементари нишон медихад, ки дар рафтори Хошим Резвонов гайр аз тайёри ба чиноят (ин хам супориши ва худнамоёна) дигар таркиби чиноят мавчуд нест, яъне нисбати хатто Хошим Резвонов кори чинояти огоз кардан гайриконуни мебошад. 

Акнун, бо дарназардошти дар боло гуфтахо, дар ин чо, ба саволи асоси посух дода бинем, ки чи гуна ва дар кадом асос дар ин «чинояти» ТАШКИЛШУДА ВА СУНЪИ, ЯЪНЕ ВУЧУДНАДОШТА, Бурхон Абдуллоев, ки дар наздикии Хошим Резвонов ё Идибек Шарипов карор надошт, охиронро умуман намешиносад, «фармондиханда» дониста шуд. Агар шарики дар чиноят банду баст мекарда бошанд, кани ин шарики ва дар кадом намуд? 

Аз ин ру, биёед ба моддаи 36 КЧ ЧТ, ки «Шарикони чиноят» ном дорад, назар андозем: Дар ин модда омадааст:

1) Ташкилкунанда, тахриккунанда ва ёрдамчи дар баробари ичрокунанда шарикони чиноят эътироф мешаванд.

2) Ичрокунанда шахсе эътироф мешавад, ки бевосита їиноятро содир намудааст ё якїоя бо шахсони дигар (іамиїрокунандагон) бевосита дар содир намудани он иштирок кардааст, инчунин шахсе, ки бо роіи истифодаи шахсони дигаре, ки мувофиѕи ѕонун ба їавобгарии їиноятњ кашида намешаванд, їиноят содир кардааст (Конуни ЧТ аз 18.06.2008 № 386).

3) Ташкилкунанда шахсе эътироф мешавад, ки їиноятро ташкил ё ба иїрои он роібарњ карда бошад, инчунин шахсе, ки гурўіи муташаккил ё иттиіоди їиноятиро (ташкилоти їиноятњ) таъсис дода ё ба он роібарњ кардааст.

4) Таіриккунанда шахсе эътироф мешавад, ки шахси дигарро бо роіи багапдарорњ, порадиіњ (харидан), таідид ё ба тариѕи дигар ба содир кардани їиноят моил кардааст.

5) Ёрдамчњ шахсе эътироф мешавад, ки бо маслиіату дастур, додани маълумот, восита ё олоти содир кардани їиноят ё рафъи монеаіо ба содир намудани їиноят мусоидат ардааст, инчунин шахсе, ки пиніон кардани їинояткор, восита ё олоти содир намудани їиноят, осори їиноят ё ашёи бо роіи їиноят ба даст омадаро пешакњ ваъда додааст, іамчунин шахсе, ки дар хусуси соіиб шудан ё ба соіибияти каси дигар додани чунин ашёро пешакњ ваъда додаст.

Инак, Бурхон Абдуллоев кист дар ин парвандаи «чинояти»: ичрокунанда, ташкилкунанда, тахриккунанда, ёрдамчи? Калимаи «фармондиханда» ба ягон макоми хукукии шарикони чиноят намегунчад ва дар ин кори чинояти «фармондиханда» будани Бурхон Абдуллоев умуман мавчуд нест ва бо гапи одди гуем Хошим Резвонов ва Шарипов Идибек дар бораи «фармони» ё «фармоиши» Бурхон Абдуллоев гайр аз тухмати ду тарафа чи асос ва чи далел доранд? Чавоб: гайр аз тухмат хеч!!! 

Гайр аз ин, савол пайдо мешавад, ки бе татбики моддаи 36 ва мукаррар кардани макоми хукукии Бурхон Абдуллоев тафтишоти пешаки ва прокурор чиро мехостаанд исбот кунанд ва киро ба чавобгарии чинояти кашанд? Бе татбики моддаи 36 ба чавобгарии чинояти кашидани Бурхон Абдуллоев умуман гайриимкон мебошад. Ва на танхо Бурхон Абдуллоевро, балки Хошим Резвоновро хам дар чинояти гурухи ё дар шарики айбдор донистан ин бемантики ва гайриконунист. Яъне, бо моддаи 36 банду баст нашудани ин «чинояти» сохта ва супориши аллакай асос барои катъ кардани кори чинояти нисбати Б.Абдуллоев МЕБОШАД. 

Танхо дар ин чо як фактро ба таваччухи суд ва иштирокчиени мурофиаи суди расонам. ФИКРИ АЙБДОРИИ тафтишоти пешаки омода кардаро ва прокурор тасдиккардаро гиреду, дар кисми айбдор донистани Б. Абдуллоев кироат кунед. Прокурор ё айбдоркунандаи давлати ду бор дар суд кироат кард. Мо даххо бор хондем, тахлил кардем, ва хар сафар ба хайрат меоем, ки дар якуним сахифа айбдоркунии Б. Абдуллоев ягон далел, ягон факти гунахкории худи Абдуллоев мавчуд нест, ягон кирдори Абдуллоев номбар нашудааст. Танхо, дар ин кисми айбдоркуни Хошим Резвонов ин корро кардааст, дигар корро кардааст. Мегуянд, ки Б.Абдуллоев ФАРМОН додаст, аммо, дар ду чилди парвандаи чинояти ва дар давоми мурофиаи суди (гайр аз тухмати бедалел), нисбати Б.Абдуллоев ягон факти, далели исботкунандае, ки ФАРМОНИ Б. Абдуллоевро тасдик мекунад, пешниход карда нашуд. 

Дигар холатхоро мушаххас ва маънидод накарда, оид ба Хукми суди вилояти Хатлон аз 30.04.с. 2015 чунин холатхоро таъкид мекунам. 

А) суд, аз татбик ва амалигардонии банди 14 кисми 1, кисми 2 ва 3 моддаи 35, 261, 264, 268, 287, 288, 292 оид ба салохияти худ беамали карда, аз татбики онхо даст кашид. 

Б) Хукми суд ба мохият ва натичахои тафтишоти суди ва далелхои пешниход шуда, асос наёфтааст, ки пурра меёрхои мукаррарнамудаи КМЧ ЧТ – ро оид ба адолати суди ва баровардани хукми одили судро инкор мекунад, моддахои 333, 335 ва 339 КМЧ- ро дагалона вайрон мекунад. 

В) Фикри айбдоркуни ва Хукми суди вилояти Хатлон аз 30.04. с. 2015 бе риоя ва татбики конунгузории мурофиавии чиноятии ЧТ, ки муфаттиш, прокурор ва судро вазифадор (ухдадор) мекунад, ки мурофиаи суди, ки ба у тафтишоти пешаки хам ворид мешавад, хамачониби, объективи ва бо риояи хама меёрхои конун мукаррар карда ба анчом расонида нашудааст. Аз чумла, кисми 3 моддаи 15 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ– «Айбдоршаванда ӯҳдадор нест, ки бегуноҳии худро исбот намояд», ва кисми 4 – «Ҳама гуна шубҳаҳои гунаҳгории айбдоршаванда, ки бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур бартараф карда намешаванд, ба фоидаи айбдоршаванда маънидод карда мешавад», пурра риоя нагардидааст. 

Г) Хамин тавр, кисми 1 ва 3 моддаи 9 КМҶ ҶТ, кисмхои 1, 2, 3 ва 4 моддаи 21 КМЧ ва гайра, дар мурофиаи суди дида нашуд. Гайр аз ин, мукаррароти моддаи 85 КМЧ ЧТ, ки дар боби 10. ИСБОТ, омадааст, хусусан, А) ҳолатҳое, ки ҷиноят будани кирдорро истисно мекунанд; Б) ҳолатҳое, ки метавонанд боиси аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод кардани шахс гарданд; В) ҳолатҳое, ки хусусият ва андозаи зарари аз ҷинояти содиршуда расидаро муайян мекунанд; Г) ҳолатҳое, ки боиси содиршавии ҷиноят гардидаанд, мукаррар карда нашуд.. 

Д) Махсусан, таъкид мекунам, ки талаботи моддаи 11 ва моддаи 11(1) КЧ ЧТ, на аз нигохи мохияту меёри он, на аз руи маънидоди меёри хукук ва таркиби чиноят, аз чониби суд риояи худро наёфт. 

Е) Аз мурофиаи суди маълум гашт, ки моддахои 42 ва 74 оид ба чабрдида нодуруст кабул гардидааст, дар холати эътирофи моддаи 42 аз чониби тафтишоти пешаки (кабулаш нодуруст) КМЧ ЧТ, моддахои 44 – даъвогари граждани ва 54 – чавобгари граждани КМЧ татбик карда нашудаанд. 

Ж) Шахсони холис ба моддахои 60 ва 181 КМЧ умуман мутобикат намекунанд. 

З) Хамин тавр шохидон (хусусан 8 нафар) ба моддаи 56 ва 73 оид ба шохид мутобикат намекунанд. 

И) Суд аз татбики дурусти моддахои 87 ва 88 (тафтиши далелхо ва баходихии далелхо) даст кашид. 

К) Вакти тафтишоти пешаки моддахои 140,146, 149 аз чониби тафтишоти пешаки, моддахои 150, 168, 247 ва 248 аз чониби прокурор риоя карда нашудааст. 

Л) Байни Идибек Шарипов ва Ризвонов Хошим, ки ин ду нафар якчоя дастгир шуда будаанд, аз руи нишондоду мавкеи онхо моддаи 204, яъне ру ба ру куни умуман баргузор карда нашудааст. 

М) Бо Ризвонов Х. тибки моддаи 207 КМЧ ЧТ санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса гузаронида шуда, дар ин холат Идибек Шарипов умуман иштирок надоштааст. 

Н) Моддахои 11, 27-28, 234-235 оид ба катъ кардани парвандаи чинояти нисбати Б. Абдуллоев аз чониби хам тафтишоти пешаки, хам суд вайрон карда шудааст

Дар асоси дар боло гуфтахо ва бо дастрасии моддахои 371-376, 379 КМЧ ЧТ, аз Шумо, рохбарони макомоти суди ва хифзи хукук,

ХОХИШ МЕКУНЕМ:

1. Кори мазкурро зери назорати худ гиред. Мохияти кор бояд на дар шахсияти Бурхон Абдуллоев, балки дар риояи волоияти конун, хусусан талаботхои Конститутсия бошад.

2. Хукми айбдоркунанда нисбати Б. Абдуллоев бекор карда шуда, парвандаи чинояти нисбати у катъ карда шавад

3. Судшаванда Хошим Резвонов на дар асоси кисми 3 моддаи 32, кисми 2 моддаи 255 КЧ ЧТ, азбаски, кисми 3 – суикасд дар кирдори Резвонов Х. мавчуд нест, балки дар асоси кисми 1 моддаи 32 ва кисми 2 моддаи 255 КЧ ЧТ, бо татбики моддаи 18 КЧ ЧТ (кисми 3) ва кисми 2 моддаи 32 КЧ ЧТ, парвандаи чинояти дар ин кисм катъ карда шуда, бо кабули хукми сафедкунанда дар ин кисм озод карда шавад. 

4. Чораи пешгири (хабси пешаки) нисбати хар ду судшаванда бекор карда шуда, аз толори суд озод карда шаванд. 

5. Карори тафтишоти пешаки оид ба эътироф кардани Х. Достиев хамчун чабрдида бо сабаби беасос ва гайриконуни буданаш, бекор карда шавад.

6. Нисбати рафтори худсарона ва авбошона, изхор кардани бехурмати нисбати суд ва иштирокчиени суди, нисбати Косим Косимов намояндаи ваколатдори Х. Достиев чорахои зарурии хукуки андешида шавад. 

7. Бо максади бартараф кардани камбудихои чидди дар амалиёти тафтишоти пешаки ва РВКД вилояти Хатлон, аз чумла дар кори оператививу чустучуи, нисбати ин макомотхо ва шахсони мансабдори онхо, таъиноти дахлдори суд кабул карда шавад.

Бо эхтиром,

Химоятгар Р. Х. Зойиров

Источник: Facebook


_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты