Мурочиати раиси ХСДТ

Мурочиати раиси ХСДТ

ба раиси КМИР ЧТ Шермухаммад Шохиён

Мухтарам Шермухаммад Шохиён!


 Бо эхтироми хосса ба маълумоти Шумо мерасонам, ки чанд руз кабл ман дар бораи кандани плакатхо ва дигар маводхои хизби аз чониби гуруххои махсус, хусусан, бо супориши раисони чамоатхо ва махаллахои шахру но��ияхо ва оид ба рафтори кормандони алохидаи макомоти хифзи хукук, якчоя бо рохбарони макомоти хифзи хукук ва рохбарони хокимияти махалли мурочиат карда, хохиш карда будам, ки ин холатхо пешгири карда шавад.


Рузхои охирин фишору конуншиканихо нисбати фаъолони хизб, аз чумла, шахсони боэътимод зиёд мегардад. Хатто вазъият ба он холат рафта расид, ки акнун нисбати номзадхо фишоровари ва конуншикани, тахдид ба саломати онхо ва ояндаи онхо авч мегирад. Ман худам шохиди ин холат дар шахри Хучанд, Хисор ва Шахритуз будам. Акнун, ингуна фишор ва конуншикани бевосита вз чониби раисони шахру нохияхо мушохида мешавад.


Масъалан, раиси нохияи Рашт Каноатшо ЛОИКОВ руирост номзад ба вакилии МН МО ЧТ аз руйхати ХСДТ Фарход Худоёровро ба назди худ даъват карда, шаъну шарафи уро паст зада, нописанди карда, аз у талаб мекунад, ки номзадиашро ариза дода кать намояд, аз ХСДТ барояд, набошад, уро пас аз интихобот кори чинояти огоз карда, махкам мекунанд, азбаски, охирин ба руйхати сиёхи хукумат ворид гашта, барои чорабинии катъий махкум гаштааст.  Дар асоси ингуна рафтори раиси нохия кормандони макомотхои давлатии нохия ва дигар нохияхое, ки ба хамзаи интихоботии Рашт ворид мегарданд, аз чумла комиссияхои интихоботи, нисбати номзади ХСДТ ва шахсони боэътимоди у хунукназарона муносибат карда, барои таргиботу ташвикоти у тибки конунгузори, махдудиятхо ба миён меоваранд.


Аз Шумо, эхтиромона хохиш менамоям, ки ин гуна корхои носазо ва гайриконуни пешгири карда шавад, барои номзадхои аз хизбхои сиёси пешниход гашта, хусусан, ба Фарход Худоёров ва шахсони боэътимоди у шароити мусоидаткунанда мухайё карда шавад.  


Бо эхтиром,


Раиси ХСДТ      Рахматилло Зойиров 

Источник: СДПТ 

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты