ФЕЙСБУК - МИНБАРИ ОШНОИ


... На аз Рахмонов, на аз Кабири, на аз Атовуллоев бут натарошед. 
Ман аз Рахмонов намегуям. муносибати ману у ба чахор подшох маълум аст. 
Ман аз дустонам Кабириву Зоиров ва азизони дигар мегуям, на ба хотири он ки хусумат дорам, баръакс . Баръакс чун фарде, чун инсоне онхо бароям гиромиянд. 
Ман танхо мехохам, чун сиёстмадор мо бо хам бахс биороем, хамдигарро танкид намоем, паси парда чизе набошад, хама розу ниёзхои моро мардуми мо, пайравони мо, шахрвандони мо бидонанд. 
Касе - на ман, на дигаре чун ба сиёсат мепайвандад, дигар марзи хусуси , дунёи нихон ва симхоркашидае аз дигарон набояд дошта бошад. 
Пас тафовути мо аз як диктатор чист? Ё мо шох дорем? Мо хама яке аз шумоёнем. 
Агар мо самимона мехохем, кишварамонро дигар бикунем, боясти пеш аз хама худамон дигар бишавем, пиндору гуфтору рафторамон дар минбархо ва дар майдонхо ошкор гарданд. 
Ва довару хакам шахрвандони мухтарами кишвар бошанд.

Ман орзуе дорам: мехохам насли сиёсатмадороне пайдо бишавад, ки бо хам хархаша кунанд, тунд гуянд, аз барномаи хеш дифоъ намоянд, бо шуру шар бахс биороянд, аммо чун аз минбар рафтанд, бо хам нишинанд, маърака ороянд, дар дил кинаву дар багал санг надошта бошанд. Бидуни мубохасаву мунозара, бидуни ёрии аклхо мо ба манзили мурод намерасем ва рохи ростинро намеёбем.

Бархе аз ёрон мегуянд: хамаро танкид мекуни ва сафи бадгуёну душманонатро меафзои . 
Посухи ман хануз хамон аст, ки рузи нахустини ба рузноманигори ва сиёсат пайвастанам буд: Афлотун дусти ман аст, вале ХАКИКАТ аз хама болост. 
Ман шоколад нестам, ки ба хама писанд бошам. Хатто шоколадро на хама хуш доранд)))

... Имруз ягона минбар Фейсбук аст. Афсус на телевизион, на порлумон. Сиёсатмадоре, ки аз ин майдон мегурезад, аллакай маълум аст, ки аз мардумаш мегурезад! Мардумашро эхтиром намесозад, худашро аз дигарон боло мегирад.

Барои хамин ман дар хамин кошонаам. Шуморо мехонам ( хатто дашномхои паёпайи бархеро) ва ба шумо менависам. Посух ба пурсишхоятон ва андешахои худро.

Хама чизе дорам пеши шумост: хандахоям, гиряхоям, розхоям, хатохоям, гунаххоям...

Ман хамонам, ки шумо мехонеду мешунавед. 
Дигар казоват аз шумост. 
Худо ба хамрох!

Додочон Атовуллоев.

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты