ШАНТАЖ ё чаро душмани хукумат дусташ шуд?

Муллоабдурахим- Рахим Каримов замоне аз онхое буд, ки ман варо ба хотири мухлисияш ба Хочи Акбар Турачонзода эхтиром мекардам. Соли 1992 аз Кулоб фирор карда ба Душанбе омада буд ва аз душманони ашаддии сангакиён хисоб мешуд.

Борхо бо у мусохибахо ороста будам. Охирин бор соли 1994 дар Пешовари Покистон вохурдаем. Дар манзили Мухаммадшариф Химматзода мо хамрохи як дусти журналистам- Алексей Ильин аз у барои телевизион интервью гирифтем. Ришаш то миён мезад, дар гарданаш Калашников овезон буд. Хулласи калом, як мучохиди хакики. Ягона рохи ворастагиро дар вожгун сохтани режими Эмомали Рахмонов медид ва ба у нафрин мехонд.

Ошкоро мегуям: ман ба у эхтироми хосае доштам ва мафтуни часорат ва суханони дилошуби у будам. Баъди имзои Созишномаи сулх у вазири андоз шуд. Бо амри Рахмонов хамон руз ришашро тарошид ва галстук пушид. Накл мекунанд, ки хатто дар гушаи номахо наметавонист фикрашро бинависад- резолютсия бимонад.

Ду сол кабл дусти ман зидди худам маколае навишт. Сахт мехостам, ки як посухи дандоншикан бинависам, аммо Муллоабдурахим паём бифиристод, ки маколаро у нанавиштааст, аз номи у нигоштаанд ва домуллои аз руи мачбури ба он имзо гузоштааст.

Чаро мачбури? Ки уро ба оташ тела медихад ва бо ёрони собикаш мешуронад?

Имруз чун хама ба Муллоабдурахим санг меандозанд, мехохам , ки як сирри магуро ошкор бинамоям: 
Чанд сол пеш КДАМ - амнияти Точикистон амалиёти махсусе рохандози менамояд ва духтареро ба Муллоабдурахим мепайвандонад. Домулло ба он бону ошик мешавад ва баъданиуро зани дуввуми худ мегиранд.

Хонуми нав домуллоро ба нушидани шароб, махсусан коньяк одат мекунонад ва сахнахои нушонушу ишкварзиро пинхони дар видео сабт менамояд. Чанде аз хамсояхои домулло аз сохторхои кудрати низ бо у гох- гохе шароби талх менушанд, то зиндаги ширинтар гардад.

Ва бо хамин Муллоабдурахимро забонкутох месозанд. Имруз домулло гапи онхоро нагирад, бо оммави намудани сахнахои махуфи зиндагии мучохиди собик уро шантаж менамоянд. 

Аз ин ру аз бародарон лутфан хохиш менамоям, ки нисбати домулло сахтгир набошанд ва чуноне кахрамони як мазхакаи руси мегуяд:"понять и простить!"

Додочон Атовуллоев.

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты