ДОНИШГОХИ "ВАТАНДОР"

Дарси аввал:

...Зиндаги як бор меояд ба даст. 
Танхо як бор. 
Танхо як бор ту аз вазиши бод, хандаи офтоб, дидори азизонат лаззат мебари. Нигоххои хушбахтонаи тифлонаконат туро шод мекунад. Сарафроз мешаваи чун модарат суи ту барои амали неке лабханд менамояд. 
Ончуноне овардаанд: умр агар хуш бигзарад, умри Хизр кам аст . 
Аммо дар кишвари мо навчавонон хатто даст ба худкуши мезананд. Мардони баоре ниёиш мекунанд: худоё зудтар чонамро бигир ва аз ин зинд��ги халос бинамо. 
Мухточи, навмеди, бекори, умеде ба ояндаи хуб ва як зиндагии арзанда надоштан чомеъаро фаро ширифтааст. Ба як калом зиндаги зиндон шудааст. Зиндони бе посбон. На маконе барои гурехтан, на пайрохае барои начот ёфтан...
Вале мо вонамуд мекунем, ки зиндаги дорем. Зиндаем, аммо зиндахое бадтар аз мурда. Мо дар паси як экранем, ки руяш матоъи сиёхе овезон аст ва зиндаги дар паси он мегузарад. Мо хушбахтиро дар афсонахо мехонем: " онхо ба муроду максад расиданд". 
Ки гунахгор аст? 
Гунахгор кист? 
Хукумат? Бале.
Вазъият? Шояд...
Сарнавишт? Хм... 
Ман мегуям : мо гунахгорем! 
Мо гунахгорем, ки бехтарин хадяи Илохи- зиндагиро кадр накардем. 
Мо хама дари хама мактабхо рафтем, аммо дарси зиндагиро наомухтем. Аз ин муаллим, аз ин устод гурехтем. 
Пеши омузгороне рафтем, ки фалсафаи дунёбезори омухтанд. 
Дар фанни тарс хама аълохон шудем. 
Пасон хамагон рохи донишгохи сабрро пеш гирифтем. Хама Собир. Сабур, Сабрина, Сабруллох, Сабрали, Сабрикул, Муллосабриддин шудем. 
Касе завлонахои моро шикастан хост, панчарахои зиндонро кушудан хост, даъват ба пора - пора кардани девори тарсу сабр намуд девонааш хондем. 
Ва акнун дорем, он чизеро ки дорем: кулбахои вайрона, китобхои бе хонанда, дастурхони холи, либосхои аз докиюнус монда, тани дардманду дили мустаманд. 
Ва акнун дорем: зиёиёни торикдил, шоирони бе шару шур, вакилони беваколат, хукумате бе орият ва бе хамият, 
Ва боз: дилхои холи, кисахои холи, дастурхонхои холи. 
Ва зиндаем гуё. 
Нафас мекашем. 
Нос мекашем. 
Дуо мехохем, дуо мекунем ва боз кути лоямуте мехурему мехобем. 
Аммо зиндаги мегузарад...
Бе мо...
Чора чист? 
Бедор шудан! 
Мардона зистан! 
Ва зиндагиро либоси дигар пушонидан. 
Либосхои кухнаро ба куча афканед. 
Хукуматро нав бисозед! 
... Дарси нахустин: худро дигар кунед. То мо дигар нашавем чизе дигар нахохад шуд. 
Агар мо дигар бишавем, зиндагиро он гох дигар мекунем.

Вазифаи хонаги: 
Милитсионер ришатонро гирифтани мебарад, муи сарашро битарошед. Риши одамро базури гирифтан, баробари тачовуз ба номус аст. 
Агар ба Куръон бовар доред, дар Каломи Шариф омадааст, химоят аз номус вочиб аст. Агар авбоши хуччатдоре бо Калашников дар даст вориди манзили ту гардад, бо асое мехези? 
Агар ба Конститутсия - Конуни асоси эътикод дори, агар туро касе касди куштан мекунад, ту барои дифоъ аз хаётат метавони аз хама воситахо истифода бубари.

Бидруд, зиндаги? 
На! На! На! 
Дуруд, зиндаги!

Додочон Атовуллоев.

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Комментарии закрыты